Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо Қазоқистонро ба риояи ҳуқуқи инсон даъват кард


Тазоҳурот дар Қазоқистон.
Тазоҳурот дар Қазоқистон.

Жозеп Боррел, роҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҳаводиси Қазоқистон изҳори назар кард. Вай гуфт, Иттиҳод омода аст, дар танзими вазъият ба Қазоқистон кӯмак расонад. "Мо омодаем, барои танзими сулҳомези вазъият кӯмак расонем", - гуфт Боррел.

Роҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз талафоти ҷонӣ изҳори таассуф ва хушунатҳоро танқид кард.

Боррел аз кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ва Русия даъват кард, ба истиқлоли Қазоқистон эҳтиром бигзоранд. "Кӯмаки низомӣ аз хориҷ бояд, бо риояи истиқлол ва тамомияти арзии Қазоқистон, ҳуқуқи инсон ҷалб шавад. Мо аз ҳукумати Қазоқистон даъват мекунем, ки дар ин замони душвор ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқ ба гирдиҳамоиҳои осоишта ва дастрасӣ ба иттилоъро ҳифз кунад", - гуфт Жозеп Боррел.

Пештар аз ин ИМА низ хушунат дар Қазоқистонро маҳкум карда, аз мақомоти ин кишвар ва эътирозгарон даъват кард, хештандор бошанду низоъро ба таври осоишта ҳал кунанд.

XS
SM
MD
LG