Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозиён дар Қазоқистон ба бинои ҳукумат ҳамла карданд, "шаҳрдорӣ оташ гирифтааст". ВИДЕО


Эътирозгарон дар Алмаато
Эътирозгарон дар Алмаато

Ҳазорҳо эътирозгар баъд аз зуҳри 5-уми январ садди пулисро дар майдони Алмаато рахна карда, ба бинои ҳукумат юриш бурдаанд. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ навишт, ки норозиён ба бинои шаҳрдорӣ даромаданд, аммо маълум нест, ки дар дохили он кормандони давлатӣ буданд ё не.

"Дару тирезаҳо шикастаанд. Бино оташ гирифтааст ва дуди ғализ ба фазо мепечад," – навишт бахши қазоқии Радиои Озодӣ.

Алмаато, 5-уми январи 2022
Алмаато, 5-уми январи 2022

Пеш аз ин, эътирозгарон аз мақомот ҷасади сокинеро талаб карданд, ки гуё 4-уми январ зери чархи мошини пулис ҷон додааст. "Мо даст ба тазоҳуроти осоишта задем. Мо зидди касе аз нерӯ кор нагирифтем. Баръакс, онҳо ба зидди мо нерӯ истифода карданд ва маҳз барои ҳамин вазъ чунин шудааст," -- изҳор дошт яке аз эътирозгарон дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи норозиён, мақомот намехоҳанд, бо тазоҳургарон гуфтугӯро ба роҳ монанд. "Аз шаҳрдорӣ ягон кас ба назди мо набаромад. Онҳо танҳо аз нерӯ истифода мекунанд. Ба назди эътирозгарони Мангистау ва Жанаозен мақомот мебароянд, вале ба назди мо касе наомад. Бигузор, зуд ба назди мо ҳозир шаванд," -- гуфт эътирозгари дигаре.

Гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзи 2-юми январи имсол ба далели ба таври бесобиқа боло рафтани нархи гази моеъ дар Жанаозен оғоз шуда, сипас ба минтақаҳои дигари Қазоқистон паҳн шуд.

Ҳоло норозиён ба решакан кардани фасоду ришвахорӣ, хешутаборбозӣ ва сохтмони корхонаҳову кам кардани сатҳи бекорӣ низ даъват доранд. Дар гирдиҳамоиҳо шиори "Пирамард, бирав!" низ садо медиҳад, ки бештар нисбати Нурсултон Назарбоев, президенти собиқи Қазоқистон ва шахси ҳанӯз пурнуфузи он кишвар, баён мешавад.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, дар Алмаато ва Мангистау вазъи фавқулода ҷорӣ карда, ҳукуматро ба истеъфо фиристод, аммо тазоҳурот ҳамоно идома дорад.

XS
SM
MD
LG