Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мувофиқи ҷайби мардум нест." Эътирозҳо ба зидди болоравии нархи газ дар Қазоқистон


Жанаозен, Мангистау, 3-юми январи 2022
Жанаозен, Мангистау, 3-юми январи 2022

Садҳо сокини Жанаозен, як шаҳраки нафтӣ дар Қазоқистон, рӯзи 2-юми январ ба нишони эътироз алайҳи афзоиши нархи газ эътироз карда, муддате роҳҳоро бастанд. Гурӯҳе дар шаҳри Нурсултон низ ба нишони ҳамдилӣ бо эътирозгарони Жанаозен ба кӯчаҳо баромаданд, аммо мақомот эътирозгаронро ба автобусҳо шинонда, ба самти номаълум бурданд. Ҳамин гуна ҷамъомади эътирозӣ дар шаҳри Алмаато ҳам ҷой доштааст.

Ҳукумати Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки нархи гази табииро ба назм дарорад. Оҷонси ҳифз ва рушди рақобати он кишвар эҳтимоли ҷой доштани мувофиқати ширкатҳои фурӯшандаи газро барои боло бурдани нархи маводи сӯхт таҳқиқ мекунад. Тоҷирони гази табиӣ мегӯянд, сабаби болоравии нарх афзоиши талабот аст.

Даъвои норозиён

Серик Бактибайулӣ, як фаъоли шаҳрвандӣ аз Жанаозен, гуфт, сокинон талаб доранд, ки нархи гази моеъ то 50 танга (1 сомониву 30 дирам) барои як литр поин оварда шавад. Ба қавли ӯ, "рӯзи 31-уми декабр арзиши газ дар шаҳр 100 танга (2 сомониву 60 дирам) буд ва аз 1-уми январи имсол то ба 120 танга (беш аз 3 сомонӣ боло рафтааст."

"Соли гузашта газ то 38 танга буд, аммо сипас то 50 ва 79-90 танга боло бурда шуд. Ронандагон барои гирифтани сӯзишворӣ шабҳо дар навбат меистоданд, аммо газ набуд. Ҳоло нархро то 120 танга бардоштаанд, дар ҳама нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ газ пайдо шудааст ва навбат ҳам нест. Аммо нархи газ ба ҷайби мардум мувофиқ нест," – афзуд ӯ.

Ба қавли Бактибайулӣ, дар миёни онҳое, ки ба гирдиҳамоӣ омаданд, ронандагон ва сокиноне ҳастанд, ки мошин надоранд. Ин гуруҳи мардум бовар доранд, ки болоравии қимати газ фардо боиси болоравии нархи хӯрокворӣ ҳам мешавад.

Онҳое, ки дар Жанаозен ҷамъ омада буданд, аз раиси вилояти Мангистау даъват карданд, ки барои ба эътидол овардани нарх ва пешгирӣ аз камбуди маводи сӯхт чора андешанд. Яке аз эътирозгарон гуфт, "мо газ истеҳсол мекунем, вале чаро ба мо намерасад? Ин тасаввурнопазир аст. Бигзор газро ба хориҷа, ба Русия, нафурӯшанд, аввал моро таъмин кунанд. Бигзор нархи газ бо музди кори аҳолӣ мувофиқ бошад."

Вокуниши ҳукумат

Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон, мегӯяд, ҳукумат барои ҳалли вазъи Жанаозен чора меандешад. Дафтари матбуотии сарвазири Қазоқистон навиштааст, як комиссияи давлатӣ барои арзёбии вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилояти Мангистау ташкил шудааст.

Жанаозен, 2-юми январи 2022
Жанаозен, 2-юми январи 2022

Дар изҳороти ҳукумати Қазоқистон гуфта мешавад, ки гурӯҳе аз тоҷирони маводи сӯхти вилояти Мангистау бо ташаббуси худашон нархи як литр гази табииро аз 120 танга то 85-90 танга, яъне то тахминан 20 сенти Амрико поин бурдаанд. Ҳамчунон ҳукумат ваъда додааст, ки ба амалкарди поймолкунандагони назму субот ҳам баҳои ҳуқуқӣ медиҳад.

Қосимҷомарт Тоқаев-президенти Қазоқистон дар Твиттер навиштааст, ки бо дастури ӯ ҳукумат бояд фавран вазъи Жанаозенро бо назардошти ниёзҳои иқтисодӣ ва дар чорчӯби қонун ҳаллу фасл кунад. Тоқаев аз эътирозгарон хостааст, ки назму суботро халалдор накунанд.

Ин тазоҳуроти аввалин ба зидди болоравии қимати газ дар Жанаозен нест. Сокинони ин минтақаи Қазоқистон моҳи январи соли 2020 барои ба эътидол овардани нархи сӯзишворӣ эътироз карданд. Аз он пеш, дар як тазоҳурот дар соли 2011, 17 кушта шуда буданд.

XS
SM
MD
LG