Хабаргузориҳои русии Интерфакс ва “Спутник”, ки ин хабарро нашр кардаанд, мегӯянд, ин суханҳои Ҷабборов рӯзи 25 декабр дар ҷаласаи кабинаи вазирон садо дод. Ҷабборов, аз ҷумла, гуфтааст:
“То охир мувофиқа нашудани марзи давлатӣ бо кишварҳои ҳамсоя, мушкили музокира дар сари бархе нуқтаҳо, аз кишварҳои ҳамсоя гузаштани зербинои нақлиётии стартегии Қирғизистон – як таҳдиди мустақим ба тамомияти қаламравҳои ҷумҳурӣ мебошад”.
Бо ин ки дар суханрониаш зоҳиран Ҷабборов аз Тоҷикистон ваё мақомоти тоҷик ном набурдааст, ба навиштаи хабаргузориҳо, ӯ дар идома ба вазъи вилояти Ботканд таваҷҷӯҳ кардааст, ки поёни моҳи апрели имсол макони муноқишаи низомӣ бо Тоҷикистон гардид. Вилояти Ботканди Қирғизистон ҳамсарҳади вилояти Суғди Тоҷикистон аст, ки дар таърихи 28-30 апрели соли ҷорӣ шоҳиди низоъҳои хунини пурқурбонӣ аз ҳарду тарафи марз шуд.
Ҳанӯз ҷониби Тоҷикистон ба ин гуфтаҳо вокуниш накардааст ва ҳам маълум нест, ки манзури Ҷабборов аз “таҳдид ба тамомияти арзии Қирғизистон” чист. Мақомоти тоҷик дар сӯҳбат оид ба равобит бо Қирғизистон бештар аз хомӯшӣ кор мегиранд, вале дар як изҳороти дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон оид ба се ҳодисаи марзии рӯзи 22 декабр, ки дар вебсайти сомонаи расмии “Ховар” нашр шуд, ҷониби Қирғизистон дар “амалҳои иғвоангезона” муттаҳам шудааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон чандин бор, аз ҷумла, дар паёми рӯзи 21 декабраш ба парлумон гуфтааст, ки “Тоҷикистон ҳаргиз ба масъалаҳои дохилии кишварҳои ҳамсояи худ мудохила намекунад”. Дар изҳороти қаблиаш ӯ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон роҳи музокираву дипломатияро танҳо василаи ҳалли баҳсҳо арзёбӣ мекунад.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, Ҷабборов дар ҷаласаи кабинаи вазирон рӯзи шанбе гуфтааст: “Соли ҷорӣ мо дар давоми се моҳ вилояти Боткандро, ки дар натиҷаи ҳаводиси марзи Қирғизистону Тоҷикистон осеб дид, барқарор кардем. Бори аввал буд, ки Ботканд ба ҳайси сарҳади стратегӣ дар сатҳи давлат мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Ба ин вилоят мақоми вижа дода шудааст, барномаи рушд қабул шуд. Мо қарор кардем, ки ҳар сол дар ҳаҷми 500 миллион сом (муодили 6 миллион доллар) маблағ ҷудо кунем”.
Ҷабборов дар зимн гуфтааст, ки шаҳри Исфанаи ҳаммарз бо Тоҷикистон ба ифтихори котиби аввали ҳизби коммунисти Қирғизистон Исҳоқ Раззоқов ба шаҳри Раззоқов табдили ном мешавад. Ин сӯҳбатҳо дар ҳолест, ки моҳи октябр дар мулоқот бо журналистон президенти Қирғизистон гуфт, дар таъину нишонагузории марз бо Тоҷикистон се нуқтаи баҳсӣ аст, ки, ба гуфтааш, "аз замони истиқлоли кишварҳо ҳал намешавад".
Содир Ҷабборов он замон гуфт, омодааст, "ҳатто имрӯз" созишномаро имзо кунад, аммо афзуд, ин аз Бишкек вобаста нест. Баъзе аз мансабдорони тоҷик гуфтаанд, ду давлат мехоҳанд, хатти сарҳадро бар пояи харитаҳои солҳои гуногун ва ба манфиати худ кашанд ва ҳамин чиз боиси ҳалношуда мондани баҳсҳои марзии миёни ду кишвар мешавад.
Рӯзҳои 28-30-юми апрели имсол дар марзи ду кишвар низои мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 19 нафар аз ҷониби Тоҷикистон, 36 нафар аз ҷониби Қирғизистон кушта шуда, 87 кас аз ҷониби Тоҷикистон ва 154 кас аз тарафи Қирғизистон захмӣ гардиданд. Даҳҳо манзил қисман ё пурра хароб шуд.
Дар ҳоле ки коршиносон дар Тоҷикистон популизм ва набудани дурандешии сиёсии раҳбарони Қирғизистонро танқид мекунанд, дар Бишкек сокинони наздимарзии Тоҷикистонро дар шурӯи низоъ гунаҳкор медонанд. Ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон бе таваҷҷуҳ ба таърихчаи буҳрон даргирии ахирро "таҷовуз" ё "агрессия"-и Тоҷикистон меномад.
Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони дигари ҷомеаи байналмилалӣ аз низои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар изҳори нигаронӣ карда, музокираву дипломатияи сиёсиро танҳо роҳи ҳалли баҳсҳои марзӣ номиданд. Як моҳ баъд аз ин ҳодисаҳо, Қирғизистон ба таври якҷониба марзашро ба рӯйи Тоҷикистон ва шаҳрвандонаш баст.
Рӯзи 28 декабр қарор аст дар шаҳри Санкт-Петербург дар як ҷаласаи ғайрирасмӣ бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин раиси ҷумҳуриҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҷамъ мешаванд. Дар миёни онҳо президентони Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳам хоҳанд буд, вале маълум нест, ки оё дар ин мулоқоти навбатии ҳузурӣ Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон бо ҳам сӯҳбат мекунанд ё на ва то куҷо Путин, ба ҳайси тасмимгирандаи муҳими сиёсӣ дар қаламрави шӯравии пешин мавзӯи моҷарои ду ҳамсояро ба баррасӣ мегирад ё на.