Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Попи Рум ба муколама ва пешгирӣ аз низои нав дар Украина


25 декабр, Ватикан
25 декабр, Ватикан

Рӯзи 25-уми декабр попи Рум Франсиск дар суханрониаш ба муносибати иди Милоди Масеҳ  дар пасманзари пандемияи коронавирус ҷаҳониёнро ба муколама даъват кард.

Дар ду соли пандемия шумори қурбониёни COVID-19 ба 5 миллиону 300 ҳазор нафар расидааст ва ба қавли мутахассисон, бо сабаби паҳншавии навъи Омикрон ҳоло дар як марҳилаи бисёр сангине қарор дорад. Ӯ гуфт, дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳам як хатари “фирор аз муколама” мушоҳида мешавад, вале, ба қавли попи Рум, ба хотири ҳалли низоъҳову шукуфоии дарозмуддат барои ҳама гуфтугӯву муколама бояд идома ёбад. Попи Рум бо чунин суханҳо нисфирӯзии 25-уми декабр аз балкони Петри Муқаддас дар Ватикан ба пайравонаш муроҷиат кард. Ӯ инчунин аз Украина ҳам ёд кард ва ба гирифтани пеши роҳи низоъҳои нав ҳушдор дод. Ӯ гуфт:

“Ба онҳое, ки ба мулоқоту муколама бовар мекунанду дар ин самт гoм мебардоранд, бояд рӯшаниву пуштибонӣ дода шавад, ҳатто агар онҳо ба муқобили маҷро ҳаракат мекунанд. Набояд ба реша давондани низои кӯҳнашудаи Украина роҳ диҳем”.

Мардум суханронии Попро гӯш мекунанд. Ватика, 25 декабр
Мардум суханронии Попро гӯш мекунанд. Ватика, 25 декабр

Нигарониҳо аз эҳтимоли вуқӯи муноқишаҳои нави низомӣ дар шарқи Украина аз он ҷо маншаъ мегирад, ки Русия 100 ҳазор сарбозашро дар хати марз бо Украина мустақар карда, як ҳолати эҳтимолии ҳамла ба ин кишварро ба вуҷуд овардааст.

Поп Франсиск инчунин ба “фоҷеаҳои азим” дар Сурияву Яман ва Ироқи оғуштаи низоъҳо ишора кард, ки ба гуфтаи ӯ, “гӯё бетаваҷҷӯҳ мемонанд”.

Намози идонаи бахшида ба Милоди Масеҳ ин навбат ҳам мисли соли гузашта соати 19:30 хонда мешавад, чун аз соати 22:00 соати коммендантӣ ҷорӣ шуда буд.

Масъулон гуфтанд, ки рӯзи 25 декабр ҳарорати бадани ҳар як намозгузоре, ки барои намози ид ҷамъ мешаванд, санҷида хоҳад шуд ва аз ҳозирин тақозо мешавад, ки фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд. Дар суханронии порсолааш Попи Рум хост, ки дастрасӣ ба воксинаи зидди коронавирус барои ҳама эҳтиёҷмандон таъмин шавад. Ӯ соли гузашта бӯҳрони пандемияро “як давраи зулмот ва номуайянӣ” номида буд.

Маликаи Бритониё Елизавета. Акс аз соли 2020
Маликаи Бритониё Елизавета. Акс аз соли 2020

Дар Лондон ҳам малика Елизавета ба қироати табрикоташ омода мешавад. Ин як расми ҳамасола буда, ҳамчун паём ба мардум ҳам арзёбӣ мешавад. Дар аксе, ки қасри Виндзор нашр кардааст, малика Елизавета ва ҳамсари марҳумаш Филипп даст ба дасти ҳамдигар истодаанд ва дар пасманзари онҳо арчаи солинавӣ дурахшон мебошад. Дар суханронии порсолааш Елизавета талошҳои донишмандонро дар амри эҷоди воксинаи зидди коронавирус ситоиш карда буд.

Дар ИМА нахустин ҷашни Милоди Масеҳи президент Ҷо Байден дар Кохи Сафед дар дохили утоқи кории ӯ барпо мешавад. Дар дохили ин бино баъди пандемия маъракаву таҷаммӯъҳои ҷамъиятӣ фавқулодда кам шуд. Як сухангӯи ҳамсари президенти Амрико гуфт, “мутаассифона, мо меҳмони зиёдро даъват карда наметавонем ва бояд қоидаҳои марбут ба пандемияро ҷиддан риоя кунем”.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG