Соҳибназарони тоҷик пажӯҳишҳои ӯро дар заминаи таҳқиқи паҳлӯҳои то ҳол норӯшани эҷодиёт ва даврони зиндагии адибони маъруфи қарни 20-и Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва Сотим Улуғзодаро осори мондагор медонанд.
Бештаре аз хабарнигорон ва фарҳангиёни тоҷик зимни таҳсил дар донишгоҳ аз дарсҳои Худойназар Асозода баҳравар шудаанд ё ҳадди аққал бо осори пажӯҳишии ин донишманд ошноӣ доранд. Соҳибназарон асарҳои ӯ, ба мисли “Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ”, “Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода”, "Саргузашти устод Лоҳутӣ ", “Иловаҳо ба шарҳи ҳоли устод Айнӣ”, “Воқеият, сиёсат ва Садриддин Айнӣ” ва ғайраро мондагор медонанд. Академик Носирҷон Салимӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар тавсифи ин пажӯҳишгари тоҷик мегӯяд, ки Худойназар Асозода баробар бо пажӯҳиши адабиёти навини тоҷик ҳамзамон аз нахустин донишмандоне буд, ки решаҳои муштараки адабиёти тоҷику афғон ва Эронро таҳқиқ мекарданд. Академик Салимӣ муътақид аст, ки маҳз устод Асозода ба рӯшан кардани паҳлуҳои то ҳол норӯшани осору зиндагии адибоне ба мисли Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва Сотим Улуғзода иқдом кардааст. Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт:
“Роҷеъ ба чеҳраҳои алоҳидаи адабиёти мо, аз ҷумла, шахсоне, ки қаблан дар зиндагии шахсӣ ба мушкилоте мувоҷеҳ шуда буданд ва ин амр ба эҷодиёташон низ таъсире гузошта буд, камари ҳиммат бастанд. Эшон тавонистанд дар ин замина хеле маводҳои ҷадидро ба доираи муомилоти илми адабиётшиносӣ ворид кунанд”.
Носирҷон Салимӣ афзуд, ки устод Асозода санадҳову далелҳои нав, диди навро дар бораи ин адибон ба ҷомеаи тоҷик пешниҳод карданд. “Ин ҳама имкон дод, ки муҳаққиқон ва хонандагон ин адибонро бо диди нав бубинанд”, гуфт академик Салимӣ ва афзуд, ки устод “ҳамзамон инсони ҳақгӯй, ҳақшинос ва ҳақгузор буданд”.
Аламхон Кучарзода, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, сафарҳои хидматии Худойназар Асозода ба Афғонистон ва Эрон боис шуда, ки эшон дар бораи вижагиҳои рушди адабиёти ин ду кишвари ҳамзабон низ пажӯҳишҳое анҷом додаанд. Устод Кучарзода дар робита ба пажӯҳишҳои адабиёти тоҷик ба нуктасанҷии Худойназар Асозода таъкид кард:
“Вижагии осори пажӯҳишии устод Асозода дар он аст, ки он кас бисёр дақиқ ва бо далелҳо таҳлил мекарданд. Бахусус, дар бораи Абулқосим Лоҳутӣ пажуҳише анҷом додаанд, ки беназир мебошад. Дар бораи Лоҳутӣ то Асозода китобҳои зиёде навишта шуданд, аммо дар асари вай далелу факту рақамҳое оварда шудааст, ки дар пажуҳишҳои донишмандони дигар мо онҳоро намебинем. Аз ҷумла, сабабҳои ба Тоҷикистон омадани Лоҳутӣ ва сипас ба Москва рафтану дигар ба Тоҷикистон барнагаштани шоир хеле дақиқ инъикос ёфтааст”.
Солҳои дар донишгоҳҳои миллӣ ва омӯзгорӣ фаъолият доштанаш Худойназар Асозода шогирдони зиёдеро тарбия кардааст. Доктор Умар Сафар, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии илмии Асозода рисолаи номзадӣ ва доктории худро таҳия ва дифоъ кардааст. Умар Сафар мегӯяд, азбаски тақрибан ҳамарӯза бо роҳбараш иртибот дошт, аз ӯ сабақҳои зиндагие бардоштааст, ки то ҳол аз онҳо истифода мекунад. Вай мегӯяд, “ман вижагиҳои устоди донишгоҳ буданро аз Асозода омӯхтам”.
Ин адабиётшиноси тоҷик ба як вижагии фаъолияти Худойназар Асозода таъкид кард, ки дар миёни донишмандони дигар аҳёнан мушоҳида мешавад: “Маъмулан, бештаре аз устодон барои мутолиа ва таҳлили навиштаҳои шогирдонашон моҳҳо ё ҳатто солҳо сарф мекунанд. Аммо, агар ба устод Асозода мақола ё матни навиштаамро пешниҳод мекардам, дар зудтарин фурсат онро хонда, назари худро хаттӣ бароям медоданд”.
Ба гуфтаи Умар Сафар, ин пажӯҳишгари тоҷик дар канори анҷоми рисолати илмӣ ҳамзамон ба навиштани хотираҳо машғул буд. Аз ҷумла, хотироти худро вай дар 12 ҷилд навиштааст, ки ҳамагӣ нашр шудаанд.
Бархе шогирдони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллӣ, ки замони раҳбари ин факулта будани Асозода таҳсил кардаанд, мегӯянд, дарсҳои ӯро фаромӯш кардан душвор аст. Яке аз шогирдонаш, ки ҳоло мақоми баланд дорад, бидуни зикри номаш чунин ёдовар шуд: “Ӯ бисёр омӯзгори сахтгиру донишманд буд, донишҳои фарогир дошт ва дар дарсҳо танҳо бо лексияҳои омодашуда иктифо намекард. Шеваи таълимаш демократӣ буд, чун дар бораи ҳассостарин мавзӯъҳо, аз ҷумла, вижагиҳои зиндагиву шароити кориву маишии адибони маъруф озодона сӯҳбат мекард, қолабшикан буд, тақрибан мавзӯи табу надошт ва дар зеҳни шогирдон андешаву афкори интиқодиро тарбия мекард”. Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, аз ҷумла, бо шарофати озодбаёниву соддагӯии профессор Асозода ихтисоси нақди адабӣ барояш аз назари омӯзиши ин илм хеле ҷолибу мақбул гардид. Як шогирди дигари Асозода гуфт, "ӯ як омӯзгори модерн ҳам буд, хушлибосу босалиқа буд ва барои донишҷӯён аз назари намуди зоҳириву тарзи рафтор намунаи ибрат буд".
Худойназар Асозода рӯзи 25 декабри соли 1941 дар деҳаи Момайи ноҳияи Балҷувон таваллуд шуда, 18-уми феврали соли 2014 дар Душанбе дар пайи бемории қалб даргузашт. Вай солҳои тӯлонӣ мудири кафедраи адабиёти муосир ва сипас декани факултети Донишгоҳи миллӣ ва чанд сол ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон низ буд.