Бонки Ҷаҳонӣ барои марҳилаи дуввуми тарҳи бозсозии нерӯгоҳи Норак 65 миллион доллар гранти иловагӣ медиҳад. Ин созмони молӣ дар вебсайти худ рӯзи 21 декабр навишт, тарҳи мазкур ба беҳбуди таъмини нерӯи барқ ва тавсеаи содироти нерӯи сабз аз Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Марҳилаи аввали азнавсозии нерӯгоҳ моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд. Нерӯгоҳи "Норак" ҳудуди 50 дарсади ниёзи солонаи кишварро ба нерӯи барқ бароварда мекунад. Пас аз анҷом ёфтани корҳои барқарорсозӣ, интизор меравад, ки истеҳсоли нерӯи барқ тақрибан ба 300 миллион кВт/соат афзоиш дода шавад.