Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маош хест, нарх боло меравад." Вокуниши сокинон ба паёми президент. ВИДЕО


Вокуниши як идда сокинони Душанбе ба паёми солонаи Президенти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Вокуниши як идда сокинони Душанбе ба паёми солонаи Президенти Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр дар паёми солонаи худ ба порлумон аз дастовардҳои 30 соли ахир тавсиф кард ва гуфт, маоши кормандони буҷавӣ боло бурда мешавад.

Ҳамзамон ӯ, аз бахшҳое ба монанди маориф, бонкдорӣ, тандурустӣ ва саноат интиқод кард. Дар пайи танқидҳои ӯ, ба назари коршиносон, камбудҳо на ҳамеша ҳалли худро меёбанд ва мегӯянд, ҳарфҳое, ки зарур буд, бигӯяд, нагуфт.

Сокинон дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, пас аз ваъдаи президент дар бораи боло рафтани маош тарс доранд, ки нархҳо низ боло хоҳад рафт.

Як сокини Душанбе гуфт, "савдогарон диданд, ки маош хест, доллар хест, нархро баланд мекунанд."

Донишҷӯе гуфт, "беҳбудиаш дар он аст, ки стипендияи мо боло мешавад ва вазъамон хуб мегардад".

гурӯҳе низ буданд, ки боло рафтани маошро ночиз дониста гуфтанд, он "барои камбағал чизе намешавад."

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 дар сари қудрат аст, 18 соли охир паёмҳои солонаашро ба порлумон ва мардум ироа мекунад. Ба гуфтаи коршиносон, маъмулан баъди паём дар сохторҳои давлатӣ баъзе тағйироти кадрӣ сурат мегирад, вале дар умум авзоъ ба таври чашмрас тағйир намекунад.​

XS
SM
MD
LG