Бо наздикшавии Соли нави мелодӣ хиёбонҳои Душанбе бо рамзҳои идона ороста гардида, гаштугузори сокинон бештар ба назар мерасад.
Дар ин рӯзҳо бозори фурӯши тӯҳфаҳои идона гарм ва дар хиёбони марказии пойтахт дуконҳои махсус пайдо шудаанд. Ҳаво ҳоло дар Душанбе то 23 дараҷа гарм ва шабеҳи баҳор аст, вале мардум барои ҷашн дар дили зимистон омода мешаванд.
Соли гузшта бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 баргузории ҳамагуна чорабинӣ ба муносибати Соли нав манъ гардида буд. Имсол бо фарқ аз як соли пеш омодагиҳо бо гузоштани арча ва ороишу тӯҳфаҳои пурҷилои солинавӣ шурӯъ шуд. Мақомот низ аз сабт нагардидани ҳолатҳои нави бемории ҳамагир пайваста хабар медиҳад.
Шаҳзод Қосимов, фурӯшандаи тӯҳфаҳои солинавӣ мегӯяд, баръакси як соли пеш, ҳоло муштариёнаш зиёд аст: "Имсол бисёртар аст, соли гузашта Соли нав набуд, аллакай дида истодаанд, ки ҳама хушрӯ шуда истодааст, одам бисёр аст. Бозичаҳои солинавӣ, кулоҳҳои бобои барфӣ дорем".
Арчаҳои солинавӣ вобаста ба ҳаҷм ва ороишот аз 65 то 1200 сомонӣ нархгузорӣ шудаанд. Нархе, ки ба гуфтаи Зоиршоҳ Муҳаббатов, сокини шаҳри Душанбе, на барои ҳама дастрас аст.
"Дар Русия будем, хуб ҷашн мегирифтем, ҳоло ин ҷо каме сусттар, кору бор ҳам зиёд, аз нигоҳи молӣ ҳам душвор аст, лекин кӯшиш мекунем кӯдаконро хурсанд кунем, ягон ҷо тамошо мебарем. Нархи тӯҳфаҳо барои бисёриҳо дастрас нест",--афзуд, Зоиршоҳ Муҳаббатов. Бо ин вуҷуд, ба назар мерасид, сокинон барои таҷлили Соли нав арча харидорӣ мекарданд.
Тоҷирон бо истифода аз наздикшавии ҷашни Соли нави мелодӣ ба молу маҳсулоташон тахфиф эълон кардаанд. Дар робита ба он, ки чунин тахфифҳо фиреби назар аст ё воқеият, назарҳо мухталифанд. Баъзе ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, ба воқеияти тахфифҳо бовар доранд, вале на ба он тавре, ки дар эълонҳо навишта шудааст. Яке аз мусоҳибони мо таъкид намуд, ки "дар даромадгоҳи баъзе мағозаҳо то 70 фоиз тахфиф низ аст, вале дар асл ба 30 ё 40 фоиз тахфиф бовар ҳаст".
Дадомуддин Мамадҷонов, донишҷӯи тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба назари ман нархҳоро боло мекунанду боз 50 фоиз поин меоранд, бо ҳамон нархи худаш мефурӯшанд ё каме поёнтар, 20 ё 10 фоиз".
Ҳарчанд дар гӯшаву хиёбон ва майдонҳо арчаҳои бузурги солинавӣ гузошта ва атрофи он бо рамзҳои идона тарроҳӣ шудааст, вале бархе хонаводаҳо нияти таҷлили Соли навро надоранд.
"Ростӣ дар хона ҷашн намегирем, дар корхонаву дар дигар ҷойҳо ҷашн мегирем, лекин дар хона Наврӯзро ҷашн мегирем, Соли нав аз шӯравӣ ба мо ҳамин хел мондааст",--гуфт, Матин Мирзоев, сокини Душанбе.
Барои Азизҷон Носирзода, ки донишҷӯ аст, Соли нав як ҷашнест, ки ҳамасола бо аҳли хонаводаашон онро мунтазир мешаванд ва ҷашн низ мегиранд. Ӯ таъкид намуд, ки имсол на бо хонавода, балки ният дорад бо рафиқонаш Соли навро ҷашн гирад: " Пештар дар хона ҷамъ меомадем, ҷашн мегирифтем, ҳоло вақти донишҷӯиям бо дӯстон дар Душанбе ҷашн мегирем".
Маъмулан бо наздик шудани ҷашни Соли нав нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозору фурӯшгоҳҳо гарон мешавад. Рӯзи 20-уми декабр бархе сокинон гуфтанд, нисбати ду ҳафтаи пеш нархи баъзе маҳсулот каме боло рафтааст. Як ҳамсӯҳбати мо, ки худро Шаҳло муаррифӣ кард, мегӯяд, аз ҳоло барои оростани дастархони солинавӣ гушту биринҷу шакар харидааст, зеро аз таҷрибаашон медонад, ки то се чаҳор рӯз монда, нархҳо якбора гарон хоҳанд шуд.
Дар чанд соли пеш таҷлил кардан ё накардани ҷашни Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон баҳсҳои тундеро ба бор оварда буд. Бархе аз афроди мазҳабӣ таҷлили онро нораво медонистанд. Ҳоло чунин баҳсҳо камтар ба назар мерасанд.