Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Диссидент буд, президент шуд. 10 сол пеш Васлав Ҳавел даргузашт

Даҳ сол пеш, рӯзи 18-уми декабри соли 2011 драмнависи чех, ширкатдори ҳаракати дигарандешон ё диссидентҳо, нахустин президенти Чехословакия баъди инқилобимахмалии соли 1989Васлав Ҳавел даргузашт.

Ҳавел солиёни охири умраш сахт бемор буд.

Ӯ солҳои 1993 то 2003 ҳам дар мақоми президенти Ҷумҳурии Чех кор кардааст.
Ҳавел барои бунёди ҷомеаи демократӣ дар кишвараш талоши зиёде ба харҷ дода барои кишварҳои дигаре ҳам мисли намунаи ибрат хидмат мекард. Айни замон, ӯ хеле хуб дарк мекард, ки низоми демократӣ ҳам бо чолишу зарбаҳои зиёде рӯбарӯ аст.

Ӯ мегуфт: "Фақат як камбудии демократия ҳамин аст, ки онҳое, ки ба он бовар доранд, дасташон сахт баста аст, вале онҳоеро, ки ба демократия назари ҷиддӣ надоранд, ба ҳар кор мераванд".

Ду дӯсти наздики Ҳавел аксбардорон Боҳдан Ҳоломичек ва Томки Неметс аксҳое аз лаҳлаҳои гуногуни ҳаёти ӯро сабт кардаанд.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG