Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мутахассисони Узбекистон фурудгоҳи Мазори Шарифро таъмир мекунанд


Фурудгоҳи Мазори Шариф, сентябри соли 2021
Фурудгоҳи Мазори Шариф, сентябри соли 2021

Узбекистон гурӯҳи мутахассисонашро ба шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон фиристод, то дар барқарор кардани фурудгоҳи ин шаҳри ҳаммарзи Узбекистон ва ҳам азсаргирии парвозҳо мусоидат кунанд. Исматулло Эргашев, фиристодаи вижаи президенти Узбекистон дар Афғонистон рӯзи 17-уми декабр гуфт, ки кори таъмири фурудгоҳ дар аввалҳои соли оянда ба итмом мерасанд. Ёрии Тошканд баёнгари омодагии Узбекистон ба ҳамкорӣ бо маъмурияти Толибон аст, ки августи соли ҷорӣ баъди тарки Афғонистон кардани нирӯҳои ғарбии таҳти раҳбарии Амрико ва суқути ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул дар тақрибан тамоми қаламравҳои Афғонистон назорати худро ҷорӣ кардаанд. Узбекистон инчунин ба Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон ёрӣ дода дар шаҳри марзии Тирмиз як пойгоҳи ёриҳои башардӯстона ташкил кардааст. Ба ин қароргоҳи ёриҳо ба иттилои СММ то ҳол 100 тонна кӯмакҳо ворид шудааст. Оғози ҳафтаи ҷорӣ ду мошин 40 тонна ёриҳои башариро ба қаламрави Мазори Шариф интиқол доданд. Афғонистон дар ҳолати бӯҳрони башарӣ қарор дорад ва бисёр сокинонаш дар ин мавсими зимистони сард бо гуруснагиву камбуди ғизо рӯбарӯ шудаанд.

XS
SM
MD
LG