Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳоти навбунёд дар Тоҷикистон. Аз обилаи дасти муҳоҷир. ВИДЕО


Деҳаи Нонҷемас
Деҳаи Нонҷемас

Дар як гӯшаи бузурги деҳаи Нонҷемас дар Восеъ хонаҳои зиёдеро мебинед, ки бо пули муҳоҷирон сохта шудаанд. Ҳоло аз ҳар хонадони ин деҳа, як ё ду нафар муҳоҷири корӣ ҳастанд.

Самандари Дустмурод, ҷавони 24-сола аз ин деҳа, яке аз онҳост, ки баробари хатми Коллеҷи санъат рӯ ба муҳоҷират овардааст. Бо пули кор дар Русия дар ин деҳаи навбунёд барои худ хона сохтааст: “Бо пули муҳоҷират, хона кардем, хона таъмир кардем, мақсад бо пули инҷо беҳбудӣ карда намешавад. Зиндагӣ пеш меравад, фақат тамом.”

Мегӯяд, соли аввал барояш дар Русия сахт гузашт. Як сол пеш ба хона баргашт ва роҳаш ба Русия ба далели кадом қонуншикание баста шуд. Як сол дар Тоҷикистон кор наёфт, вале ҳоло ба сабаби афви муҳоҷирон дар Русия роҳаш боз шудааст. Қасд дорад, моҳи январи соли оянда рафта пул кор карда зан гирад: “Дар инҷо кор ҳаст, вале маошаш кам аст. Барои зиндагии мани танҳо мешавад, вале барои таъмири хона, ё гирифтани зан намешавад. Меравем, кор карда меоем, зан мегирем.”

"Аз даромади муҳоҷирати корӣ хона сохта, оиладор шудам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Ҳамдеҳаи Самандар Некрӯз Раҳматуллоеви 31-сола дар донишгоҳ иқтисод хондааст, артиш ҳам рафтааст, вале то соли 2014 дар ҳеч ҷой ба кораш нагирифтанд. Ноилоҷ барои кор ба Русия рафтааст. Бо пули ёфтааш, хона бунёд карда, зан гирифтааст.

Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ зиндагиашро чунин таъриф кард: “Дар инҷо таҳсил кардем, хатм кардем, маош кам буд, хонаву дар надоштем, рафтем кор кардем. Шукри Худо хонаву дар кардем, зиндагӣ пеш рафт, бисёр хуб аст.”

Тақдири Некрӯз мисли тақдири Самандар будааст. Як сол ба ин тараф роҳаш ба Русия баста буд. Ҳоло огоҳ шудааст, ки роҳаш ба Русия боз шудааст. Мехоҳад, то соли нави 2022 худро ба Русия бирасонад: “Бо маоши инҷо зиндагӣ пеш мебарӣ, аз онҷо беҳбудӣ мекунӣ, як мушкилро ҳал мекунӣ. Шукри Худо ҳамаро дуруст кардем, ҳоло боз роҳии Русия ҳастам.”

Некрӯз ба фарқ аз Самандар бекор набуд, корҳое мекард, вале пуле меёфт, ки фақат барои рӯзгузаронӣ кофӣ будааст. Ба гуфтаи Некрӯз, ба шарофати муҳоҷирати корӣ соҳиби хона шуд ва зан гирифт. Деҳае, ки ҳоло Самандару Некрӯз обод кардаанд, ягона дар Тоҷикистон ба ҳисоб намеравад. Дар дигар ноҳияҳои Тоҷикистон бештари сокинон хонаҳои худро мисли ин деҳа бо пули муҳоҷират обод кардаанд. Тамоюле, ки сол ба сол дар Тоҷикистон ривоҷ меёбад.

Дар умум бештар аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунанд ва пули муҳоҷирон, яке аз омилҳои муҳими ҳифзи вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар аст. Бонки Марказии Русия гуфт, ки зодагони Тоҷикистон дар семоҳаи ахири имсол ба кишвар 534 миллион доллар фиристодаанд.

Айни замон ҳазорон нафари онҳо ғайриқонунӣ кор мекунанд ва пайваста истисмор мешаванд. Аз миёни ҳазорон нафаре, ки ҳар сол барои кор ба Русия мераванд, садҳо нафар ҳалок мешаванд. Ба гуфтаи муассисаҳои байналмилалии молӣ, ҳарчанд муҳоҷирати корӣ дар кӯтоҳмуддат ба нафъи иқтисоди Тоҷикистон аст, аммо оқибатҳои он барои ҷомеа ва ҳам иқтисод дар дарозмуддат бад хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG