Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон вояи саввуми ваксина барои афроди осебпазирро баррасӣ мекунад


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, масъалаи задани ваксинаи саввум ба гуруҳҳои осебпазир дар баробари бемории COVID-19-ро баррасӣ мекунанд, вале қабл аз он бояд, бояд на камтар аз 60 дарсади мардум ду ваксинаи заруриро бигиранд.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти беҳдоштии вазорати тандурустӣ рӯзи 17-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дар вазорат гуруҳи мустақил оид ба масъалаи иммунизатсия (ваксинзанӣ) амал мекунад ва он танҳо сари ваксинатсияи COVID, балки дигар ваксинаҳо сару кор дорад. Дар масъалаи бо вояи саввум фаро гирифтани гуруҳҳои осебпазир баррасиҳоро оғоз кардаанд.”

Ба гуфтаи намояндаи вазорат, ҳоло ҳадаф то ба бештар аз 60 дар сад расонидани теъдоди мардумест, ки барои эмин мондан аз хатари СOVID-19 ваксина гирифтаанд ва баъди гузаштан аз ин марҳила мумкин аст, ваксинзании гуруҳҳои осебпазир ба мисли пиронсолон оғоз шавад.

Наврӯз Ҷаъфаров гуфт, тибқи тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар он кишварҳое, ки бештар аз 60 дар сади аҳолии осебпазир дар назди беморӣ ваксина гирифта бошанд, метавонанд, ба мардум ваксинаи саввумро, ки масунияти баданро тақвият мебахшад, пешниҳод кунанд.

Бино ба омори вазорати тандурустӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 57 дарсади аҳолӣ як воя ва зиёд аз 47 дарсад ду вояи ваксина ба зидди бемории СОVID-19 гирифтаанд. Табиби тоҷик афзуд: “Бинобар ин мо мехоҳем, дар иҷрои тавсияи аввал комёб шавем, яъне то ба ҳадди имкон то 60 дар сад бирасем ва баъдан нисбат ба ворид кардани вояи саввум, ё бустер, он ҳам барои гуруҳҳои осебпазир тасмим мегирем. Барои онҳое, ки осебпазиранд ва хатари баланди сироят ёфтанашон вуҷуд дорад.”

Наврӯз Ҷаъфаров ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон барои ваксинзании аҳолӣ ба 12 миллион воя ваксина эҳтиёҷ дорад ва то ҳол барои ваксинзанӣ 9 миллион ваксина ворид карда ва мавриди истифода қарор додааст. Бино ба омори расмӣ, баъди оғози пандемияи коронавируси нав дар Тоҷикистон, бештар аз 17 ҳазор нафар ба бемории СОVID-19 гирифтор шуда ва 124 нафар фавтидаанд. Аммо на ҳама ба омори мазкур бовар доранд ва мегӯянд, ки теъдоди гирифторону маргу мир аз беморӣ ба маротиб зиёдтар аст.

Рӯзҳои ахир ҳам вазорати тандурустӣ пайваста гузориш медиҳад, ки дар кишвар ҳеч кас ба СOVID-19 гирифтор нашудааст, ҳарчанд дар кишварҳои аврупоӣ аз сирояти босуръати навъи Омикрон нигарон ҳастанд.

Наврӯз Ҷаъфаров дар посух ба ин суол ки оё эҳтимоли сирояти Омикрон ба Тоҷикистон вуҷуд дорад, гуфт: “Албатта набояд фаромӯш кунем, ки раванди муҳоҷират идома дорад ва рӯз аз рӯз бо беҳтар шудани вазъ (эпидемиологӣ) дар қитъаҳои гуногуни дунё, ин раванд ривоҷ меёбад. Махсусан муҳоҷирони кории мо, ки ба Русия мераванд ва бо сард шудани ҳаво бармегарданд. Дигар ин ки мо ҷаҳонгардӣ дорем ва аз ин сабаб эҳтимоли вуруди ангезандаҳои беморӣ вуҷуд дорад.”

Тоҷикистон то ин дам панҷ навъи ваксина AstraZeneca, CoronaVac, Moderna, Sputnik V ва Pfizer гирифтааст ва баръакси кишварҳои дигар дар Тоҷикистон ҳар нафари аз 18-сола боло бояд ҳатман ваксина бигирад.

XS
SM
MD
LG