Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарсу изтироб аз Омикрон зиёд шудааст, вале...


Сирояти босуръати Омикрон, навъи нави коронавирус мардуми Амрико ва Аврупоро, ки барои иду таътил омодагӣ мегиранд, дар ташвишу изтироб андохтааст.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 16-уми декабр гуфт, ки сирояти босуръати Омикрон дар кишвар дар замонест, ки навъи Делта ба афзоиши беморон ва маргумир мусоидат кардааст. Ҷо Байден гуфт, зимистгни мазкур барои онҳое, ки ваксина нагирифтаанд, “як зимистони бемориҳои сахт ва маргумир аст”.

Ӯ аз онҳое, ки ваксина нагирифтаанд, хост, ваксина бигиранд ва онҳое, ки гирифтаанд, барои тақвияти масунияти бадан вояи саввумро ҳам бизананд. Айни замон донишмандон саъй доранд, хосиятҳои Омикронро дақиқ омӯзанд, ҳарчанд мақомот гуфтаанд, ки дар муқоиса ба навъи Делта, Омикрон вогиртар аст.

Вазирони тандурустии Гуруҳи 7, ҳафт кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон Омикронро “таҳдиди бузургтарини феълӣ ба сиҳати омма дар ҷаҳон” номида ва гуфтаанд, ки дар ин шароит ҳамкории наздиктари кишварҳо “муҳимтар аз ҳар вақти дигар” шудааст.

Тарсу изтироб аз Омикрон ба сабаби он аст, ки дар кишварҳои Ғарб, сафару саёҳат дар рӯзҳои Иди Милоди Масеҳ ва Соли нави милодӣ зиёд мешавад ва мумкин аст, беморӣ зиёдтар паҳн шавад.

XS
SM
MD
LG