Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ба Русия гуфт, ба Украина "нарасад"


Сарбози украинӣ дар ҷабҳа дар вилояти Луганск, зери назорати ҷудоиталабон аст.
Сарбози украинӣ дар ҷабҳа дар вилояти Луганск, зери назорати ҷудоиталабон аст.

Раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таҳдид кардаанд, Русия дар сурати таҷовузи низомӣ ба Украина “қимати гароне” пардохта ва “оқибатҳои сахт”-и онро хоҳад дид.

Онҳо дар нишасти якрӯза дар шаҳри Брюссел дар рӯзи 16-уми декабр аз Русия хостанд, ба роҳи дипломатия баргардад ва танишҳо бо Украинаро фӯру нишонад.

Дар баёнияи муштараки раҳбарони Иттиҳоди Аврупо омадааст, “Ҳаргуна таҷовузи низомӣ ба зидди Украина, оқибатҳои сахт ва қимати гароне” барои Русия хоҳад дошт ва Иттиҳоди Аврупо ин корро бо шариконаш дар Бритониё ва Амрико хоҳад кард. Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо аз сафарбар шудани неруҳои зиёди Русия ба марзи Украина изҳори нигаронӣ кардаанд ва онро омодагӣ ба таҷовузи низомӣ медонанд.

Русия гуфтааст, ки қасди таҷовуз ба Украинаро надорад ва аз Амрико хостааст, замонат бидиҳад, ки Украина рӯзе узви НАТО намешавад. Украина солҳост, ки як масъалаи доғе байни Русия ва Ғарб, мемонад.

XS
SM
MD
LG