Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтаре, ки дар асорати ДОИШ буд, ба хона баргашт. ВИДЕО


Бозгашт аз асорати ДОИШ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Бозгашт аз асорати ДОИШ

Тобистони соли 2014 гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" ба зодгоҳи эзидиён дар шимоли Ироқ ҳамла бурда, ҳазорон мардро қатли ом карданд ва 6 ҳазор зану кӯдакро рабуданд.

Бо гузашти 7 сол аз он фоҷиа, нисфе аз он рабудашудагон бедараканд. Тақрибан ҳамаи аҳолии язидӣ бехонаву даранд ва гӯрҳои зиёде бидуни ҷасад низ доранд.

Сипон Халил се моҳ пештар ба хона баргашт ва ҳеч бовар намекард, ки аҳли оила барояш мотам гирифтаанду гӯр ҳам кандаанд. Ба онҳо гуфтаанд, ки Сипон баъди рабудан ва ба ғуломӣ фурӯхтан дар Сурия худкушӣ кардааст.

"Бадтарин чиз, дидани гӯри худам буд, ки дар бари қабрҳои падару бародарам канда буданд. Барои мо се гӯр канда буданд.",--гуфт ӯ.

Ҷангҷӯёни ДОИШ соли 2014 бо ҳамла ба зодгоҳи эзидиён, ҳазорон марди эзидиро қатли ом карданд, 6 ҳазор зану кӯдак аз ҷумла Cипон Халилро ба мошинҳои боркаш савор карда бурданд ва ба ғуломӣ фурӯхтанд. Он замон ӯ 13-сола буд. Ӯ гуфт, ки мавриди таҷовузи ҷангҷӯёни ин гурӯҳ қарор гирифтааст.

Соли 2019 ДОИШ охирин порчаи қаламраваш дар Сурияро аз даст дод, вале Сипон Халил дар дасти қочоқбарон буд ва аз ин бехабар монд. Вақте огаҳ шуд, як сол гузашт, то роҳи бозгашт ба хонаро ёбад. Вақте баргашт, шаҳрҳои эзидиёнро холиву раҳошуда ёфт. Бо вуҷуди гузашти чаҳор сол аз шикасти ДОИШ дар Ироқ, эзидиҳои зиёде ҳануз ба хонаҳояшон барнагаштаанд. Оилаҳои эзидиҳо, фақиру бехонаанд ва дар натиҷаи, ба гуфтаи Созмони Милал, наслкушӣ ҳоли зоре доранд.

Мурод, як эзидӣ мегӯяд, “Мо ҳеч чизе бо худ нагирифтем, ба ғайр аз ҷону либосҳоямон. Ҳамачиро мондем, гӯсфанду буз, мошин ва хонаҳоро гузошта рафтем."

Хонаводаҳо ҳанӯз ҳам 3 ҳазор азизи бенишоншудаашонро меҷӯянд. Мегӯянд, бисёриҳояшон шояд зинда ва дар асорат бошанд. Дигар пуле ҳам барои ҷустуҷӯ надоранд. Маъмурони имдодӣ дар шаҳраки эзидинишини Кучу дар Ироқ гурҳои дастаҷамъиро таҳқиқ мекунанд, то ҳуввияти ҷасадҳоро маълум намоянд.

Сипон Халил, ки ду дафъа бо зӯр шавҳар кардааст, дигар ҳаргиз қасди издивоҷ надорад. Бузургтарин тарсаш аз он аст, ки мабодо рӯзе ДОИШ-иён баргарданд, чун даҳҳо ҳазор нафарашон бе муҳокима дар зиндонанд, бақия озоданд ва таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилал ҳам ба онҳо кам мешавад.

XS
SM
MD
LG