Ҷанҷоли нармафзори ҷосусии "Пегасус" ки ба телефонҳои мобилӣ роҳ ёфтааст, аз тобистони имсол идома дорад.
Бар асоси ин барнома телефони афроди мавриди интихобро пурра назорат мекунанд. Ба ҳар василае, ки тариқи телефон суҳбат мешавад, гуш мекунанд, мебинанд ва мехонанд. Навору акси дохили телефонро низ тариқи ин барнома дастрас мекунанд. Ин ба он маъност, ки нусхаи телефони шумо бо тамоми барномаву аксу видео дар дасти дигар нафар меафтад ва ҳар амал дар телефон дида мешавад.
Ҳар дафъа мутахассисон номи одамонеро, ошкор мекунанд, ки хадамоти махсус аз паси онҳо ҷосусӣ кардаанд. Агар дар оғоз номи мансабдорони баландпоя, ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигорон эълон шуд, ҳоло номи фаъолони маданӣ ҳам рӯ задааст. Аз ҷумла, номи чаҳор узви ҷунбиши ҷавонони "Оян Қазоқистон". Айзат Абилсейт яке аз онҳост. Донишҷӯи соли дуюми донишгоҳи тиббӣ аз шунидани ин хабар тааҷҷуб накард. Мегӯяд, бори аввал нест, ки барои фаъолияташ зери назорат қарор мегирад.
Ӯ гуфт: “Ин одилона нест, аммо шумо ҳеч кор карда наметавонед ва бояд тоқат кунед, зеро система чунин аст. Ҳоло ин баръакс, ангеза медиҳад, ки нерӯ бигирам, зеро амали мо қонунист, мо ҳеҷ чизро помол намекунем. Ҳукуматдорон дӯст намедоранд ва ман аз ақидаи худ даст кашиданӣ нестам. Барои ҳуқуқи худ ва ҳуқуқи мардуми Қазоқистон муборизаро идома медиҳам.”
Номи дигар дар руйхат Димаш Алҷонов аст. Сиёсатшинос ва намояндаи ҷунбиши “Оян Қазоқистон” мегӯяд, ки дер боз пай мебурд, ки аз пасаш ҷосусӣ мекунанд. Телефонаш мунтазам хомӯш мешуд ва талошҳои пайваста барои рахна кардани саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дошт. Шубҳаҳояш баъди як эълони ширкати Apple тасдиқ шуд. Ширкат гуфтааст, телефони ӯ шояд тавассути Pegasus назорат шуда бошад. “Дар ин ҳолат, на танҳо фаъолони сиёсӣ ва ё мухолифин осебпазиранд. Дар ин рӯйхат, дар аввал раиси ҷумҳури феълӣ ва ҳам шуморе аз афроде шомил буданд, ки ба мақомҳои баландпояи Қазоқистон иртибот доранд. Ман фикр мекунам, ки ин барои тамоми ҷомеа хатар эҷод мекунад. Одамон маълумоти шахсии худро муҳофизат карда наметавонанд.”,--гуфт ӯ.
Ба гуфтаи мутахассисони хориҷӣ, дар маҷмӯъ, дар "рӯйхати Қазоқистон"-ии Пегасус, беш аз 2 ҳазор ном аз ҷумла, президент Қосимҷомарт Тоқаев, сарвазир Аскар Мамин ва шаҳрдори Алмаато Бақидҷон Сагинтоев ҷой дорад. Бисёре аз номҳо то ҳол маълум нест. Айни замон Авфи Байналмилал талош дорад, тафсилоти бештарро ба даст орад. Ин созмони ҳомии ҳуқуқ, мақомоти Қазоқистонро ба ҷосусӣ муттаҳам карда, хостааст, ки ҳуқуқи шаҳрвандони худро поймол накунанд.
Мари Стразерс, мудири Amnesty International барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ гуфт, “ин қазия бори дигар собит мекунад, ки ҳукуматҳо дар саросари ҷаҳон нармафзори ҷосусиро интихоб мекунанд. Ҳадафи онҳо хомӯш кардани фаъолони ҷомеа ва пахш намудани мухолифон аст. Кишварҳои саросари ҷаҳон бояд фавран ба содирот, фурӯш ва истифодаи таҷҳизоти назорати электронӣ мораторий ҷорӣ кунанд, то он даме, ки чаҳорчӯбаи меъёрии умумии мутобиқ ба ҳуқуқи инсон амалӣ шавад."
Мақомоти Қазоқистон ҷанҷоли ҷосусӣ бо нармафзори Пегасусро тавзеҳ намедиҳанд. Тобистони имсол хадамоти матбуоти ҳукумат гуфт, масъаларо баррасӣ мекунанд, вале то ҳол чизе гуфта нашудааст. Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ хомӯшанд. Ҷолиб он аст, ки таҳиягарони Pegasus мегӯянд, дар Қазоқистон мақомот фармоишгари бурдани назорат буданд. Дар ҳоле ки дар кишварҳои дигар эҳтимолан хадамоти махфии кишварҳои рақиб аз паси сиёсатмадорони ҳамдигар ҷосусӣ мекарданд.