Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви "Гурӯҳи-7" рузи якшанбеи 12-уми декабр ба Русия ҳушдор доданд, ки ҳамлаи низомӣ ба Украина "паёмадҳои сахт" дар пай хоҳад дошт.
Ин баёнияи ҳушдоромез дар ҷараёни нишасти аъзои "Гурӯҳи-7" дар шаҳри Ливерпули Бритониё садо дод ва вазирони корҳои хориҷии ин гурӯҳ таъкид доштанд, ки ба таври дастаҷамъӣ ҷобаҷошавии нерӯҳои низомии Русия дар наздикии марзи Украинро маҳкум мекунанд.
Вазирони корҳои хориҷии Бритониё, Олмон, Фаронса, Амрико, Итолиё, Канада ва Ҷопон дар баёнияи худ гуфтанд, "Русия набояд дар ин амр камтарин шаке дошта бошад, ки ҳамлаи аз ин бештари низомӣ алайҳи Украина паёмадҳои сахт барои он хоҳад дошт".
Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, "мо ба тамомияти арзии Украина таъкид мекунем ва инро ҳаққи ҳар кишваре медонем, ки ояндаи худро таъйин кунад.".
Тибқи баровардаҳои ниҳодҳои кашфии Амрико, Русия эҳтимолан дар ҳоли барномарезӣ барои ҳамла ба Украина аз ҷабҳаҳои гуногун дар моҳҳои оянда аст ва дар ҳамла аз 175 ҳазор нерӯи низомӣ истифода хоҳад бурд.
Ҳукумати Русия аммо иттиҳомот дар мавриди ҳамла ба Украинаро радд карда ва мегӯяд, ки Ғарб бо ин гуфтаҳои худ ба "русияҳаросӣ" доман мезанад. Маскав ҳамчунин мегӯяд, ки густариши НАТО таҳдиде алайҳи Русия аст ва нақзи замонатҳое аст, ки ҳангоми фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 дода шудааст.
Як рӯз қабл аз ин баёнияи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои "Гурӯҳи-7", Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико низ ба ҳамтои руси худ ҳушдор дод, ки Русия дар сурати ҳамла ба Украина, баҳои сангине хоҳад пардохт. Ҳушдори Байден ба вижа ба иқтисоди Русия нигаронида шуда буд ва ба гуфтаи ӯ, ҳамлаи эҳтимолӣ ба Украина паёмадҳои вайронкунандаи иқтисодӣ барои Маскав хоҳад дошт.
Русия соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро тасарруф кард. Аз соли 2014 то кунун бар асари ҷангҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷудоиталабони зери ҳимояти Русия дар шарқи Украина, беш аз 13 ҳазору 200 ҷон бохтаанд.