Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашки шавҳар Марҳаборо аз кор дар қароргоҳи президент маҳрум кард. ВИДЕО


Марҳабо Талбакова, сокини шаҳри Кӯлоб бо фарзандонаш
Марҳабо Талбакова, сокини шаҳри Кӯлоб бо фарзандонаш

Як зани сокини Кӯлоб, ки бо чор фарзандаш зиндагии сахтеро пушти сар мекунад, ҳамрӯза суроғи маросимҳои хурсандии сокинон мегардад.

Марҳабо Талбакова, ки то чанд моҳи пеш дар қароргоҳи президент дар Кӯлоб кор мекард, дар пайи рашки шавҳараш корро аз даст дод ва дигар кори расмии мувофиқе барои худ наёфтааст. Ҳоло ӯ ба суроғи онҳое меравад, ки маросими хурсандӣ доранд ва ба онҳо ба ивзаи шустани зарфҳо пас анҷоми маърака хидмат пешниҳод мекунад.

Коре, ки феълан ӯ анҷом медиҳад, қаблан дар Кӯлоб хеле кам дида мешуд. Аз ин роҳ, Марҳабо зиндагии сахти худу чор фарзандашро ба роҳ мондааст.

Мақомоти тоҷик борҳо эълон кардаанд, ки шумораи камбизоатон дар кишвар коҳиш ёфтааст ва теъдоди камбизоатон ба камтар аз 30 дар сади аҳолӣ баробар шудааст. Пештар беш аз 60 дар сади аҳолӣ камбизоат гуфта мешуд. Аммо шароити зисти афроде мисли Марҳабо бозгӯи он аст, ки теъдоди камбизоатон, зоҳиран ҳанӯз коҳиш наёфтааст.

Марҳабо Талбакова то се моҳ пеш дар қароргоҳи президент дар шаҳри Кӯлоб кор мекард ва дар онҷо 400 сомонӣ маош мегирифт. Ин барояш пули калон буд. Аммо як рашки шавҳар ва баҳси ӯ бо як ҳамкораш Марҳаборо аз ин маош маҳрум кард.

Ӯ мегӯяд, хатое накард, танҳо ба ҳамкори маъюбаш як каф бодом чида дод ва шавҳараш инро дигар хел фаҳмид.

Тафсилоти зиндагии Марҳаборо дар видео тамошо кунед:

Марҳабо бидуни шуғли доимӣ монд, вале умед ба ояндаи некро аз даст надодааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
XS
SM
MD
LG