Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ба Зеленский гуфтааст, аз Киев пуштибонӣ хоҳад кард


Ҷо Байден ва Владимир Зеленский
Ҷо Байден ва Владимир Зеленский

Раиси ҷумҳури Амрико ба ҳамтои украинии худ итминон додааст, ки дар баробари ҳар ҳуҷуми Русия бар тамомияти арзии ин кишвар, аз Киев пуштибонӣ хоҳад кард.

Кохи Сафед дар эъломияе гуфт, президент Байден дар ҷараёни суҳбати телефонӣ бо Владимир Зеленский дар ин маврид ваъда додааст. Суҳбат 90 дақиқа давом дошт.

Ҷо Байден дар тамоси телефонӣ бо раҳбарони 9 кишвари НАТО дар Аврупои Шарқӣ низ дар пайванд ба ҷамъ шудани нерӯҳои Русия дар марзи Украина суҳбат кардааст.

Ба иттилои Қасри Сафед, Байден гуфтааст, агар Русия ба Украина дахолат кунад, ба зидди Маскав таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ карда, дар иваз ба Украинаву муттаҳидони НАТО кумакҳои зиёди дифоӣ хоҳад расонд.

XS
SM
MD
LG