Халабони ҳомилаи афғонистонӣ, ки моҳи гузашта бо даҳҳо ҳамроҳаш аз Тоҷикистон ба Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Араб рафта буд, тифл ба дунё овардааст.
Ин халабони ҳомила бо 142 ҳамроҳаш 15-уми августи имсол аз Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карда, бештар аз се моҳ дар кишвар буд. Ҳамкоронаш борҳо аз вазъи саломатии ӯ ва тифли батнаш дар Тоҷикистон нигаронӣ карда буданд. Ин зан дар Тоҷикистон ду бор ба бемористон бурда шуда буд ва табибон вазъашро хуб арзёбӣ карданд.
Яке аз ҳамкорони ӯ рӯзи 9-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, тифл ҳафтае пеш ба дунё омад ва саломатии зану кӯдак хуб арзёбӣ мешавад. "Зани ҳамкори мо писар таваллуд кард. Мо ҳама ду ваксинаи зидди COVID-19-ро гирифтем ва мунтазири сафар ба Амрико ҳастем. Ҳанӯз санаи дақиқи сафари мо маълум нест," -- гуфт ӯ.
143 халабон ё пилоти афғонистонӣ рӯзи 10-уми ноябр Тоҷикистонро тарк карда буданд. Онҳоро мақомоти амрикоӣ ба шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Араб бурданд. Қарор аст, онҳоро аз онҷо ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бибаранд.
Онҳо рӯзи 15-уми август баъд аз ишғоли Кобул аз сӯи "Толибон", ба Тоҷикистон фирор карданд. Ним моҳ онҳо дар хобгоҳи Донишгоҳи Бохтар буданд ва баъдан дар осоишгоҳе дар канори Душанбе нигаҳдорӣ мешуданд.
Дар ин муддат борҳо шикваи онҳо шунида шудааст, ки ин ҷо дармондаанду сарнавишташон номаълум аст ва ҳамчунин наздиконашон дар Афғонистон таҳти фишори "Толибон"-анд.
Ин дар ҳолест, ки "Толибон" пештар гуфта буданд, ки дар сурати бозгашт ба онҳо хатаре таҳдид нахоҳад кард, аммо халабонҳо ба ваъдаи онҳо бовар надоранд ва дигар Афғонистонро ҷойи амн намедонанд.
Баъд аз тасарруфи Афғонистон аз сӯи “Толибон”, садҳо шаҳрванди он кишвар ба давлатҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, паноҳанда шуданд. Гуфта мешавад, даҳҳо паноҳҷӯи дигар талош доранд, ки аз роҳи заминӣ вориди Тоҷикистон шаванд, аммо комёб нагаштаанд.
Дар умум, ба иттилои мақомот, Тоҷикистон 15 ҳазор паноҳҷӯи афғонро пазируфтааст. Бисёре аз паноҳҷӯён ба монанди халабонҳо мехоҳанд, ба кишвари севум раванд, вале ба назар мерасад, ин кор барои бархе аз онҳо чандон осон нест.