Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришгари вижаи СММ бо мақомоти тоҷик мубориза бо қочоқи инсонро баҳс мекунад


Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Шивон Маллаллӣ дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон бо мақомоти ин кишвар, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳо ва низ ҷабрдидаҳо, масъалаи мубориза бо савдо ё қочоқи инсонро баррасӣ менамояд. Сафари хонум Шивон Маллаллӣ ба Тоҷикистон рӯзҳои 8 то 15 декабр сурат мегирад.

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон рӯзи 7-уми декабр дар остонаи сафари хонум Шивон Миллалли бо нашри як баёния ба нақл аз ӯ навишт, хатарҳои қочоқи одамон, ки гурезаҳо, паноҳҷӯён, муҳоҷирони корӣ ва хонаводаҳои онҳо ба он дучор шуда метавонанд, боиси нигаронии вижа мебошад.

Тибқи ин баёния, баробарии гендерӣ, хатарҳои савдои одамон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ, инчунин ҳуқуқи кӯдакон ва мушкили савдои кӯдакон ба ҳадафи ҳама шаклҳои истисмор, аз мавзӯъҳои дигари мавриди баҳс дар ин сафар хоҳад буд.

Дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон, дар назар аст хонум Маллалли бо намояндагони мақомоти давлатӣ, намояндагони расмии СММ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ, ба вижа онҳое, ки дар самти мубориза ва кӯмак бо ҷабрдидагони қочоқ фаъолият мекунанд, мулоқот кунад. Дар поёни сафари худ ӯ рӯзи 15-уми декабр нишасти хабарӣ доир мекунад.

Натиҷаҳо ва тавсияҳои Гузоришгари вижа моҳи июни соли 2022 ба Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ пешниҳод мешаванд.

Дар гузашта бархе гузоришҳо гуфтанд, ки бо вуҷуди саъю кӯшишҳои афзояндаи ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи инсон, талошҳои кишвар дар ин замина ба меъёрҳои ҳадди аққали байналмилалӣ мутобиқ нест.

Аммо Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки мубориза бо қочоқи инсон ва решакан кардани ин зуҳурот аз авлавиятҳои кораш аст ва маҳз барои ҳамин аз соли 2005 то кунун Комиссияи байниидоравии мубориза бо хариду фурӯши одамон фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG