Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, гуфт, вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон "зери назорат аст". Вай дар ин бора рӯзи 2-юми декабр дар мусоҳиба бо шабакаи NUR-ТВ изҳори назар кард.
"Дар 3-4 рӯзи охир вазъ печида шуда, нигарониҳоро ба бор оварда буд. Рӯзи 1-уми декабр, нисфи шаб, музокироти дуҷониба дар деҳаи Куктош ба поён расид. Вазъ зери назорат аст, сарҳадҳо мустаҳкам карда шудаанд ва мо дар хидмат ҳастем," – афзудааст Тошиев.
Рӯзи якуми декабр сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара дар бораи рабуда ва латукӯб шудани як омӯзгори 59-сола дар марз бо Қирғизистон хабар доданд. Раиси деҳаи Куктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон баръакс иддао кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон як сокини ин деҳаро ҳангоми ҷустуҷӯи чорво задаанд.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон шаби 1-уми декабр гуфт, дар сарҳад "аз самти Тоҷикистон аз туфанги шикорӣ 7-8 тир холӣ карда шудааст". Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар мавриди ҳарду ҳодиса ва ҷузъиёти музокирот шарҳе надодаанд.
Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар музокирот ҳокимони ноҳияҳои наздимарзӣ ва намояндагони ниҳодҳои қудратӣ иштирок доштанд ва ба ин натиҷа расиданд, ки аз 2-юми декабр минтақаҳои марзиро муштарак ё якҷоя посбонӣ мекунанд. Феълан вазъ дар сарҳад муътадил гуфта шудааст.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз ба далели номуайян будани бахше аз сарҳад доғ ва мояи ҷанҷолу задухӯрдҳост. Низои мусаллаҳонаи моҳи апрели имсол, ки аз ду ҷониб даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт, робитаи ду кишвари болооби Осиёи Марказиро сарду печида кард. Ҳарду тараф ҳамвора якдигарро ба сар задани муноқиша ва кӯшиши ноором кардани вазъ гунаҳкор мекунанд.