Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Як омӯзгор "рабуда ва латукӯб шудааст"


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

Сокинони Исфара гуфтанд, ки як омӯзгори 59-сола аз деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ дар наздикии марз бо Қирғизистон рабуда ва латукӯб шудааст ва ҳоло дар бемористон бистарист. Ҳодиса рӯзи 1-уми декабр рӯй додааст. Деҳаи Сомониён дар моҳи апрели имсол яке аз минтақаҳои даргирии миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон буд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи ҳодиса хабаре надодаанд. Масъулони ноҳияи Бодканд, ҳаммарз бо Исфара, баръакс, иддао карданд, ки як сокини деҳаи Куктош аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон латукӯб шуда, дар шифохона хобидааст.

Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон шоми 1-уми декабр дар бораи тирпарронӣ дар марз бо Тоҷикистон гузориш дод.

Чанде аз сокинони Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ шоми 1-уми декабр бо Радиои Озодӣ дар тамос шуда гуфтанд, Камолиддин Собиров, муовини мудири мактаби рақами 64-и деҳа, тақрибан соати даҳи рӯзи чаҳоршанбе дар наздикии мактаб "рабуда шудааст". Онҳо дар ин кор сокинони маҳаллаи қирғизнишинро гунаҳкор мекунанд.

Набихон Набиев, мудири мактаби рақами 64-и деҳаи Сомониён, гуфт: "Аз муаллим хоҳиш карда будам, ки рафтуомади бачаҳоро назорат кунанд. Як гурӯҳ аз сокинони маҳаллаи қирғизнишин ӯро ба мошин бор карда, бурдаанд. Бегоҳӣ бо дахолати кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот раҳо карданд."

Нишонбой Собиров, писари Камолиддин Собиров, дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, "падарамро хеле азоб додаанд ва ҳоло ӯ дар беморхона бистарӣ аст."

Як духтури шифохонаи ҷамоати Чоркӯҳ тасдиқ кард, ки "руй ва зери чашми муаллим Собиров кабуд шудаанд." "Ба сабаби зарбу лат хӯрдан нафаскашиашон низ душвор шудааст. Ба қабурғаҳояшон задаанд. Ҳамчунин осори шиканҷа дар пояшон дида мешавад ва роҳ гаштанашон мушкил шудааст. Ҳоло ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара фиристодем," – шарҳ дод ӯ, вале нахост номаш зикр шавад.

Ҷониби Қирғизистон, баръакс, иддао дорад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон як сокини деҳаи Куктоши вилояти Бодкандро задаанд ва ӯ дар бемористон аст. Учқунбек Ҷӯрабоев, раиси ноҳияи Бодканд, гуфтааст, вазъи ӯ муътадил аст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз қавли Роза Усарова, раиси Куктош, навишт, ки як сокини деҳа дар поёни рӯзи чаҳоршанбе ҳангоми ҷустуҷӯи чорво аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон латукӯб шудааст. Вай гуфтааст, дар он вақт шаҳрвандони Қирғизистон як сокини Тоҷикистонро дастгир карданд ва "баъд аз гуфтушунид мубодилаи шаҳрвандон сурат гирифт."

Хадамоти марзбонии Қирғизистон шаби якуми декабр дар бораи тирандозӣ дар марз бо Тоҷикистон низ хабар дод. Хадамот гуфтааст, "шахсони номаълум аз самти Тоҷикистон аз туфанги шикорӣ 7-8 тир холӣ карданд."

Мақомоти Тоҷикистон ин хабарро шарҳ надодаанд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз ба далели номуайян будани бахше аз сарҳад доғ ва мояи ҷанҷолу задухӯрдҳост.

Низои мусаллаҳонаи моҳи апрели имсол, ки аз ду ҷониб даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт, робитаи ду кишвари болооби Осиёи Марказиро сарду печида кард. Ҳарду тараф ҳамвора якдигарро ба сар задани муноқиша ва кӯшиши ноором кардани вазъ гунаҳкор мекунанд.

XS
SM
MD
LG