Сокинони маҳаллӣ дар Бадахшон мегӯянд, аксари посгоҳҳои низомие, ки се рӯзи ахир ташкил шуда буданд, бардошта шудаанд.
Ҳанӯз теъдоде аз эътирозгарон дар назди бинои ҳукумати вилоят боқӣ мондаанд, вале ба гуфтаи шоҳидон теъдодашон дар нисбат ба ду рӯзи пеш камтар шудааст. Эътирозгарон мегӯянд, ба хотири хурдани ғизо ва истироҳат муваққатан аз майдон дур шудаанд.
Эътирози сокинон дар Хоруғ се рӯз пеш ба дунболи кушта шудани як сокини Роштқалъа дар пайи амалиёти боздошти ӯ оғоз шуд. Мақомот Гулбиддин Зиёбековро гумонбар дар ҷиноят медонанд ва мегӯянд, ӯ ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон дод. Сокинон ба ин бовар надоранд ва шеваи боздоштро хилофи қонун медонанд. Ҳоло намояндагони ҳукумат бо намояндагони эътирозгарон мулоқот доранд.
Ба гуфтаи сокинон, ҳоло ду посгоҳи низомӣ аз назди беморхонаи марказии Хоруғ, як посгоҳ аз назди бозори “20-солагии истиқлолият” бардошта шуданд. Ин посгоҳҳо, ки дар онҳо мошинҳои зиреҳпуш ва низомиёни зиёд қарор доштанд, се рӯз пеш ба дунболи оғози эътирозҳо гузошта шуда буданд.
Корманди як созмони байналмилалӣ дар Бадахшон, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло сокинони маҳаллӣ хиёбонҳоро тоза мекунанд.
“Ҷое, ки шаб балонҳои резиниро оташ зада буданд, тоза шудааст. Ман ҳоло шаҳрро чарх задам. Мағозаҳо ҳам дубора корро оғоз карданд. Як гурӯҳи кам дар назди ҳукумат қарор доранд ва мунтазири натиҷаи музокирот ҳастанд. Бо онҳо гап задам, гуфтанд, ки агар музокирот ба натиҷа расад, онҳо низ майдонро тарк мекунанд”,--гуфт ӯ.
Як тан аз эътирозгарон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аксаран ба хотири истироҳат ва хурдани ғизо майдонро тарк кардаанд ва ҳоло тасмим нест, ки комилан аз майдон раванд.
Як намояндаи ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 28-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз суҳбати раиси вилоят бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ идома дорад. Ӯ гуфт, “ба анҷоми хуб умедвориҳо бештар шудаанд”.
“Мардум саҳар худашон ихтиёран кучаҳоро тоза карданд. Аксаран ба хонаҳо баргаштанд. Раис бо навбат бо онҳое, ки аз мардум намояндагӣ мекунанд, суҳбат дорад. Ман ҳисоб накардам, вале як гуруҳ дар майдон ҳастанд, лекин умедворем, ки онҳо то бегоҳ ба хонаҳояшон мераванд, чун ин масъала бо ҳамдигарфаҳмӣ ҳал мешавад”,--гуфт ӯ.
Ба гуфтаи масъулини ҳукумати ВМКБ, музокираи раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва 40 намояндаи тазоҳуркунандагон соати 14 оғоз шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин гуфтугӯ, Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва Азиз Гиёзода, вакили Маҷлиси намояндагон ҳам ширкат мекунанд. Мақомот гуфтанд, Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҳам феълан дар шаҳри Хоруғ аст.
Ширкатдорони тазоҳурот, ки рӯзи 25-уми ноябр оғоз шуд, талаб доранд, ки гунаҳкорони марги Зиёбекови 29-сола ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи шоҳидон, дар дур се рӯзи гузашта дар ин эътирозҳо то 5 ҳазор нафар аз сокинони вилоят ширкат доштанд. Ин тазоҳурот пас аз он сар зад, ки ба нақли сокинон Гулбиддин Зиёбекови 29-сола дар амалиёти мақомот кушта шудааст. Додситонии вилояти Бадахшон рӯзи 25-уми ноябр амалиёти боздошти Зиёбековро тасдиқ кард, аммо гуфт, ӯ "муқобилият нишон доду захмӣ шуд." Сокинон ба ин фарзия бовар надоранд ва иддао мекунанд, ки ӯ қасдона кушта шудааст.
Мақомот гуфтанд, панҷ корманди ниҳодҳои қудратӣ ҳам дар муноқиша захмдор шудаанд. Инчунин додситонии Бадахшон шоми 27-уми ноябр гуфт, Азиз Гиёзода, вакили Маҷлиси намояндагон баъди сангпартоӣ аз тарафи эътирозгарон захмӣ шудааст. Вале мақомот дар бораи ҳалокати сокинон ва маҷруҳ шудани онҳо дар ин рӯзҳо расман чизе нагуфтанд.