Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеварбону Рауфӣ. "Хоруғ. Ҳама як сӯ, гиряи модар як сӯ"


Шаҳри Хоруғ
Шаҳри Хоруғ

Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон

Дуруд ҳаммеҳани азизам!

Аз марги Гулбиддин Зиёбеков чаҳор рӯз гузашт. Ҳоло дигар ин ҷавонро на танҳо дӯстону пайвандонаш, балки тамоми ҳамшаҳриёнаш, тамоми Бадахшон ва тамоми ҷумҳурӣ мешиносанд.

Намедонам, Шумо бо Гулбиддин Зиёбеков чӣ гуна ошно шудед. Вале ман 25-уми ноябр рӯзи фишурдае доштам, баъди дарси донишгоҳу чанд кори хурду бузург, ки бояд то поёни рӯз анҷомашон медодам, ба хона баргаштам.

Зеварбону Рауфӣ
Зеварбону Рауфӣ

Бо исрори модарам, ки намехостанд, гурусна бихобам, яке ду луқма шом хӯрдам ва хобидам. Рӯзи 26-уми октябр чун қарор доштам, ки барои имтиҳони рӯзи душанбе ба дӯстам кумак кунам, одатамро, ки ҳар субҳ нигоҳе ба сомонаҳои хабарӣ буд, иҷро накардам. Дақиқ ёдам нест, соат чанд буд, ин муҳим ҳам нест. Муҳим паёме буд, ки яке аз дӯстонам бароям фиристод. Ин як видеои кӯтоҳ буд. Онро пахш кардам ва баданамро ларзаи сарде фаро гирифт, дар сурате ки гардиши шадиди хун суратамро сурхи сурх карда буд.

Зане бо дард навҳа мехонд. Навҳа ба забоне буд, ки ман ба хубӣ намедонистамаш, аммо барои фаҳмидани азамати дарде, ки дар он навҳа ҷой дошт, маро ниёзе ба донистани забон набуд. Буғс гулӯямро фишор дод ва ман наметавонистам худамро нигоҳ дорам. Ҳарчанд ҳанӯз намедонистам он вуҷуди зери матои сурх ҷасади фарзандест, ки ин модар солҳо ба умеду ҳавас бузург кардааст.

Аммо боз ҳам садои дардноки модар он қадар сӯзе дошт, ки намешуд ба он тоб овард. Ангор, садои додхоҳии ин модар ҳама чиро, ки қабл аз ин дар зеҳн доштам, пок кард. Дигар на метавонистам ба суолҳои дӯстам фикр кунам, на ба имтиҳони рӯзи душанбе андешам. Танҳо чизе, ки метавонистам дар борааш фикр кунам ва мехостам далелашро бидонам, кӣ будани ин зан, чӣ будани моҷаро ва сабаби ҷамъ омадани издиҳом дар навор буд.

Дар ҷустуҷӯҳо фаҳмидам, он чи дохили он матои сурх буда ҷасади Гулбиддин Зиёбеков аст. Он зане ҳам, ки мӯя мекарда, модари ӯст. Издиҳом бошад, шаҳрвандоне, ки ба нишони эътироз дар назди бинои ҳукумати вилояти Бадахшон ҷамъ омадаанд. Ҳоло хабару иттилоъот яке баъд аз дигаре дар навори шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо пайдо мешуданд. Тақрибан ҳама ҳештагҳое мисли (#prayforPamir, #westandforPamir) ва ҳештагҳои дигареро бо забони давлатӣ ва русӣ паҳн мекарданд.

Мехостам ба маҳзи ин ки аз ҳодиса бохабар шудам, чизе бинависам. Аслан ҳис мекунам он дӯстам, низ чун медонист наметавонам ба мусибати ҳаммеҳанонам бетараф бошам, он наворро бароям фиристод. Аммо намехостам он чӣ менависам, таровида аз эҳсосот бошад.

Пас, хостам қабл аз навиштани чизе ба суолоте, ки дар зеҳнам пайдо шуданд, посух ёбам ва баъд ба навиштан шуруъ кунам. “Ҷинояткор ё ҷавонмард?” яке аз суолҳое буд, ки зеҳнамро машғул медошт. Дар 48 соати ахир ҳар иттилое, ки дар бораи қазияи марги ин ҳаммеҳанамон ва тазоҳуроти мардум буд, хондам, дидам. Лек ҳанӯз ҳам натавонистам ба хеле аз суолҳоям ҷавоб бигирам. Пас ба ин натиҷа расидам, ки онҳоро бо ту, ҳаммеҳани азизам, дар миён бигзорам. Балки бо ҳам битавонем, посухе барояшон пайдо кунем.

  • Чаро Гулбиддин Зиёбеков кушта шуд? Ҳатто агар ӯ мусаллаҳ буда бошад, чаро ӯро бо роҳи захмӣ кардани пой ё дасташ (ки дар сурати изтирорӣ дар кишварҳои қонунмеҳвар ва мутамаддин истифода мебаранд) боздошт накарданд?
  • Чаро як идда намояндаи ҳукумат ба худашон иҷоза медиҳанд, нафареро ҷинояткор хитоб кунанд? (ҳол он ки дар Қонуни асосии кишвар омадааст, то замоне ки гумонбар дар додгоҳ ба маҳкама кашида шуда бо дар назардошти қонун ва ҳукми додрас ҷиноятгор дониста нашавад, бегуноҳ мебошад)
  • Чаро ба дархости мардум барои тазоҳуроти қонунӣ ҷавоби рад дода шуд? (Магар ғайр аз ин аст, ки норозӣ будан бо касе, чизе, иттифоқе, ҳаққи қонунии ҳар шаҳрванд аст ва ӯ иҷоза дорад, бо шаклҳои қонуние мисли муроҷиат ба мақомоти дахлдор, гирдиҳамоӣ, роҳпаймоӣ ва роҳҳое аз ин қабл мухолифаташро баён кунад.)
  • Оё тир парондан ба самти шаҳрвандони осоишта, ки танҳо барои арзи норизоияти худ ҷамъ омадаанд, корест қонунӣ?
  • Чаро ҳеч як аз мақомоти ҳукумат аз хурдтаринашон гирифта, то он баландпояҳо, ба он модари ҷигаркабоб арзи таслият накарданд?
  • Куҷост адолату қонунмеҳварӣ, вақте як модар дар он сармои зимистонии Бадахшон ду рӯз канори ҷасади фарзандаш биистад ва як нафар аз мақомот, чӣ маҳаллӣ ва чӣ марказӣ, ба худашон заҳмат надиҳанд то назди ин модар оянд. Бигӯянд ба кадом ҷурм фарзанди ӯ, асои рӯзҳои пирии ӯ, лахти ҷигаре, ки танҳо Худо медонад, бо кадом заҳмату машаққатҳо бузургаш карда, ҷон бохт?
  • Магар ғайр аз ин аст, ки ҳамаи Тоҷикистон, Бадахшон аст ва ҳамаи Бадахшон Тоҷикистон!?
  • Пас, қарзи шаҳрвандии ҳамаамон ин нест, ки имрӯз дар канори бародарону хоҳаронамон биистем? Куҷои тақозо кардани адолат ва амалӣ кардани қонун, пайдо кардани ҷинояткорони воқеӣ, амали ғайриқонунист?
  • Чаро он қадр аз талаб кардани ҳаққамон чашмпӯшӣ кардем? Натиҷаи он сукути мост ки акнун ба маҳзи ин, ки касе аз адолату додхоҳӣ ҳарф бизанад, зуд ба даҳонаш мезананд, ки гӯё “тафриқаандозӣ мекунад, ҷангу нооромӣ мехоҳад”. Сукут кардан дар баробари мусибати як модар магар нишони иттифоқ аст? Аз ин, ки шона ба шона канори ҳам биистем оё кишвар ноором мешавад?
  • Аз кай куштани фарзанди як модар ва тир парондан ба самти одамоне, ки бародарвор дар канори ҷасади ҳаммеҳанашон барои эътироз ҷамъ омаданд, “сулҳ” шудааст?

Азизи дил, суолҳо фаровонанд, лек як чиз бештар аз ҳама азобам медиҳад. Ҳар вақт аз мушкилоти системаи ҳукумат мегӯям ё менависам, ошноён менависанд охир айби фалонист, мушкил аз ину он аст. Хулоса, ҳама баданд, лек ҷаноби олӣ хуб аст, чун аз хатои зердастонаш хабар надорад. Ҳоло ту бигӯ баъд аз ин ҳама сарусадо дар расонаҳо ман чӣ тавр бовар кунам, ки ӯ аз ин воқеа бехабар аст? Чаро дасти кам акнун раисҷумҳури кишвар ҳеч аксуламале нишон намедиҳад? Магар ӯ кафили ҷону молу амнияти мардум нест?

Ёдат ҳаст, чанде пеш барои рӯнамоӣ аз муҷассамаи модар ба Хуҷанд рафта буд? Ва барои як муҷассама ашк рехт. Шунидаам, ки қарор аст дар Кӯлобу Бохтар низ муҷассамаи модар бигзоранд. Ҳоло куҷо шуд он ҳама ҳам-ҳама ва ҳарфҳои болохонадор заданҳо дар бораи қадру эҳтироми модар?

Ҳукуматдорӣ бо адл барпост ва сиёсати хирадмандона бар пояи дод аст. Вақте шаҳрвандон ба додхоҳӣ омадаанд ва дар сафи пеш модарест, ки ҷасади фарзанди ҷавонмаргашро овардаву мӯя мекашад, бо ҳамдардӣ ва инсонгароёна посух надодан магар гуноҳ нест? Ба ҳамватане, ки барои додхоҳӣ омада, бо зӯр ва беш аз ин бо силоҳ посух додан ниҳояти бедодӣ нест?

Ман мутмаинам ҳатман роҳе барои бурунрафт аз буҳрони имрӯзи Бадахшон пайдо мешавад, гунаҳкорон ба сазои аъмолашон мерасанд ва оромиш ба ин гӯшаи Тоҷикистони азиз бармегардад. Вале ба доди мардум нарасиданҳо, вақте модаре бо ҷасади фарзандаш ва садҳо тан шаҳрванди дигар дар пушти дарҳои ҳукумат меистоданд ба ҷои додофаринӣ бо зӯргӯӣ, тирпаронию бедод ҷавоб додани мақомот фаромӯш нахоҳад шуд. Чун самимияту садоқатро зери суол мебарад. Ё ман иштибоҳ мекунам?

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
XS
SM
MD
LG