Гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар Ироқу Сурия замоне 7 миллион нафар ва 100 000 километр заминро зери назорат дошт. Баъди саркӯб дар ин сарзаминҳо дигар қодир ба ҷанги васеъмиқёс нест, вале бо бомбгузорӣ ба рехтани хуни мардуми маҳаллӣ идома медиҳад.
"Ҳалқаҳои аз ҳам ҷудои гуруҳро нодида гирифтанд"
Том Ҷозелин аз Бунёди Муҳофизати Кишварҳои Демократӣ мегӯяд, далелҳо вуҷуд доранд, ки гуруҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия ҳоло шариконашро дар Африқову Афғонистон фармонфармоӣ мекунад, ки ба гуфтаи Созмони Милал ҳоло дар тамоми вилояти Афғонистон паҳн шудаанд.
"Ба фикри ман, Амрико ангезаи ҷиҳодии ДОИШ-ро кам гирифт. Амрико муддатҳои дароз ҳалқаҳои аз ҳам ҷудои гуруҳро нодида гирифт. Азбаски раҳбарони сиёсиву низомӣ намехостанд, вақти зиёде дар ин ҷанг бошанд, барои душманро онгуна медиданд, ки худашон мехостанд."
"ДОИШ ҳамчун як созмони террористии ошӯбгар шикаст нахӯрдааст. Онҳо барои як ҷанг ва ҷиҳоди тӯлонӣ омода шудаанд," – шарҳ дод ӯ.
Раиси ҷумҳури собиқи Амрико, Барак Обама, як замон гуруҳи "Давлати исломӣ"-ро дар Сурияву Ироқ "бозигари дувумдараҷа" номид, вале баъдан ҳазорон сарбозро барои муқобила бо онҳо фиристод.
Баъдан Доналд Трамп ду дафъа хост, нерӯҳои Амрикоро аз Сурия берун кашад, вале сарбозонро ба инҷо пас фиристод, то дар ҷанг ба зидди ДОИШ ба курдҳо кумак кунанд. Бо коҳиши нерӯҳои Амрико дар Ироқу Сурия нақши эътилофи байналмилалӣ ҳам дар ҷанг бо ДОИШ кам шуд.
Таъсири каму зиёд шудани нерӯҳои амрикоӣ
Майлс Кагинс, пажӯҳишгари Шӯрои Равобити Хориҷӣ, гуфт: "Маъмурияти эътилоф бисёр коҳиш ёфт. Дар 24 моҳи гузашта нерӯҳои Амрикоро дар онҷо 66 дар сад кам карданд."
Айни замон 2500 сарбози Амрико дар Ироқ ба нерӯҳои ироқӣ ва курдӣ, ки бо номи пешмарга маъруфанд, дар тарҳрезиву иҷрои амалиётҳояшон кумак мекунанд. Тақрибан 1000 сарбози амрикоӣ дар Сурия ба Нерӯҳои Демократии он кишвар барои маҳви боқимондаҳои ДОИШ ва муҳофизати зербунёдҳои муҳим ёрӣ мерасонанд.
Майлс Кагинс, ки пажуҳишгари низомии Шӯрои Равобити Хориҷӣ аст, ба ҳайси сухангӯи Эътилофи ҷаҳонии зидди ДОИШ кор кардааст. Ӯ мегӯяд, дар он маҳалҳои Сурия, ки сарбозони Амрико ҳастанд, ДОИШ ҷойи по надорад ва ҳамлаҳои калон анҷом дода наметавонад.
"Баръакс, ҷойҳоеро, ки ҳукумат дар даст дорад, нуқоти муқовимат ва фаъолиятҳои террористии ДОИШ дар биёбони Бадия идома дорад. Ин як аломати он аст, ки ҳузури мо, кумаки ночизи мо, аз ҷумла ҳузури чандсад сарбоз натиҷаи муҳим медиҳад", -- гуфт ӯ.
Яке аз мушкилоти ташвишовари ҳалношуда пас аз шикасти ДОИШ лашкари бузурги ҷангҷӯёну оилаҳои онҳо дар зиндонҳои саршор аз маҳбусон аст. Майлс Кагинс гуфт: “ДОИШ ҳоло ба қавле хилофат дар қафас шудааст. Бештар аз 10 000 ҷангҷӯйи ДОИШ дар дасти Нерӯҳои Демократии Сурия дар шарқи кишвар зиндонӣ ҳастанд."
Дар ин зиндонҳо ҷангҷӯён аз 60 кишвар нигаҳ дошта мешаванд ва размандагони маҳаллии Сурия рӯ ба Ироқу ҷомеаи ҷаҳонӣ овардаанд, ки бархе аз онҳоро ба ватанашон баргардонанд, то ин зиндонҳо ба маҳалли нашъунамои насли нави ҷангҷӯёни ДОИШ табдил наёбанд.