Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори дуюм аз раиси вилоят, Алишер Мирзонаботов, хостаанд, ки ба назди эътирозгарон барояд.
Садҳо нафар ду рӯз боз дар шаҳри Хоруғ ҷамъ омадаанд. Онҳо эътироз доранд, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми амалиёти ниҳодҳои қудратӣ кушта шудааст. Додситонии Бадахшон амалиётро тасдиқ кард, аммо дар баёнияи расмӣ танҳо захмӣ шудани Зиёбековро зикр намуд.
Ба қавли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар мулоқоти рӯзи 26-уми ноябр бо раиси вилояти Бадахшон, вазири энергетика Далер Ҷумъа, вакили порлумон Азиз Гиёев ва ду вакили маҳаллӣ аз ноҳияи Роштқалъа ҳузур доштанд.
Бахтовар Бахтиёров, яке аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ ва иштирокдори мулоқот, рӯзи 26-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Алишер Мирзонаботов дар ҳузури ҳама ба талабҳои мардум, хусусан барои мулоқот бо онҳо, ҷавоби рад дода, гуфтааст, "чунин салоҳиятро надорад". Раиси вилоят ва мақомоти дигар барои шарҳи масъала то ин дам дастрас нестанд.
Бахтиёров мегӯяд, рӯзи 25-уми ноябр низ бо Алишер Мирзонаботов мулоқот доштанд ва ӯ пешниҳоди бас кардани оташкушоиро ба тарафи мардум пазируфтааст. "Мирзонаботов дар назди мо ба милисаҳое, ки дар атрофи майдон буданд, занг зад ва гуфт, тиркушоӣ накунанд. Баъд аз он то кунун тиркушоӣ рух надодааст. Мо имрӯз мехоҳем, Интернет барқарор карда шуда, роҳи ҳалли мушкили пешомада ёфта шавад," – гуфт ӯ.
Наворро дар инҷо бинед:
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манобеи худ мегӯяд, раиси вилоят Алишер Мирзонаботов рӯзи панҷшанбе ба намояндагони эътирозгарон гуфтааст, дар бораи нақшаи боздошти Гулбиддин Зиёбеков хабар надошт, зеро бо сафари корӣ дар ноҳияи Мурғоб буд.
Ба навиштаи хабаргузорӣ, раиси вилоят ваъда додааст, ки дар муддати 2-3 моҳи наздик тафтиши қазия ва ҳамчунин тирпаронӣ дар майдонро анҷом хоҳанд дод. Аммо намояндагони эътирозгарон талаб кардаанд, ки таҳқиқ дар рӯзҳои наздик анҷом шуда, омилони қатли Гулбидддин Зиёбеков ва тиркушоӣ ба сӯи тазоҳургарон боздошт ва муҷозот шаванд.
Додситонии вилояти Бадахшон мегӯяд, Зиёбеков ва чанде аз ҳамроҳонаш бо гумони гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаву адовати миллӣ дар кофткоб буданд.
Дар пайи кушта шудани Гулбиддин Зиёбекови 29-сола дар ноҳияи Роштқалъа, садҳо нафар ду рӯз боз дар назди бинои ҳукумати вилояти Бадахшон ҷамъ шудаанд. То ин дам дар бораи кушта шудани ду нафари дигар гузориш расидааст. Мақомот дар бораи захмӣ шудани 5 корманди ниҳодҳои қудратӣ хабар дода, дар бораи ҳалокшудагон чизе намегӯянд.
Бахтовар Бахтиёр мегӯяд, “дар ҳоли ҳозир наздик ба чаҳор ҳазор нафар дар майдони марказии шаҳри Хоруғ ҷамъ шудаанд.” Тасдиқи дурустии ин шумора феълан ғайриимкон аст.
Бино ба наворҳое, ки рӯзи 26-уми ноябр аз Хоруғ дастраси мо шуд, дида мешавад, дар назди тазоҳургарон ду тобут гузошта шудааст. Онҳо 25-уми ноябр тобути Гулбиддин Зиёбековро бо худ ба майдон оварда буданд.