Аз фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷавонон то...
Бар асоси изҳороте, ки баъд аз анҷоми нишаст вазирони корҳои хориҷии ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 22-юми ноябр пахш шуд, вазирон асосан масъалаҳои “густариши ҳамкориҳо, фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷавонон дар минтақа, беҳтар кардани дастрасӣ ба таҳсилоти босифат барои ҳама, бахусус духтарон, соддагардонии тиҷорат, робитаҳои байни мардум, ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои обу энергетикӣ ва иқлим”-ро баррасӣ кардаанд.
Дар робита ба масъалаи ҳуқуқи инсон дар изҳорот ҳамин қадар омадааст, ки ҷонибҳо бори дигар ба муҳим будани “волоияти қонун, демократия, баробарии гендерӣ ва ҳуқуқи инсон” таъкид карданд.
Як манбаи наздик ба намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, вазирони корҳои хориҷии ИА ва Осиёи Марказӣ масъалаи поймолшавии ҳуқуқи инсонро "ҳатто баррасӣ накарданд."
Дар шароите, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ солҳои охир кишварҳои Осиёи Марказиро барои поймол кардани ҳуқуқи башар ва озодии баён танқид мекунанд, намояндагони Иттиҳоди Аврупо ҳадди ақал дар изҳороти расмӣ дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Ютта Урпилайнен, узви Комиссияи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкориҳои байнулмилалӣ ҳам баъди дидор бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар масъалаи поймолшавии ҳуқуқи башар тақрибан чизе нагуфтанд.
Тамаркузи асосии онҳо ба масъалаи Афғонистон буд. Дар хабарномае, ки дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷозеп Боррел нашр кард, чизе дар бораи баррасии масъалаи ҳуқуқи инсон нест. Дар мулоқоти паси парда масъалаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд ё не, чизе гуфтан феълан мушкил аст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Посухи норӯшани намояндагони Иттиҳоди Аврупо
Ҷозеп Боррел рӯзи 24-уми ноябр ҳангоми нишасти хабарӣ дар ин масъала посухи рӯшан надод.
Хабарнигорон батакрор аз масъули Иттиҳоди Аврупо пурсиданд, ки дар суҳбатҳояшон бо мақомоти тоҷик то куҷо масъалаи ҳуқуқи башарро дар миён гузоштааст. Ҷозеп Боррел дар ин бора гуфт, дар ҳама созишномаҳои ҳамкорӣ як бахшӣ аслӣ риояи ҳуқуқи башар аст. Боррел афзуд, ҳуқуқи башар, демократия, волоияти қонун, мубориза бо фасод ҷузъе аз салоҳияти ин Иттиҳод аст. Аммо дар нишасти хабарии намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, ин суол беҷавоб монд, ки то куҷо дар нишастҳои ахирашон бо мақомоти тоҷик ин масъаларо баррасӣ карданд.
Мо ташвишҳои худро ба шариконамон расонда, кӯшиш мекунем, ки кор кунем. Ин беҳтарин роҳи пеш рафтан аст. Албатта, шартҳои GSP+ (Системаи умумии бартариҳо барои баровардани мол ба кишварҳои аврупоӣ) ё дигар масъалаҳо ба иҷрои ӯҳдадориҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи меҳнат вобастаанд. Агар шартҳо дуруст иҷро нашаванд, ӣеҳӣуде дар созишномаҳои ҳамкорӣ рӯй нахоҳад дод. Ин рӯшан аст, " -- афзуд масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо.
Дар нишаст намояндагони Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, наметавонанд ҳама ҷузъиёти суҳбатҳояшонро пешкаши расонаҳо кунанд.
“Умед надоштем, ки онҳоро озод мекунанд, вале...”
Худдорӣ аз шарҳи бештар дар масъалаи ҳуқуқи башар дар ҳолест, ки ҳомиёни ҳуқуқ аз Ҷозеп Боррел даъват доштанд, то масъалаи ҳуқуқи инсонро бо Эмомалӣ Раҳмон дар миён гузоранд. Ҳю Вилямсон, масъули созмон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, дар баёнияе гуфт, "баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар вокунишҳои ҷаҳонӣ ба буҳрони Афғонистон нақши муҳиме мебозанд, аммо нигарониҳо аз нақзи ҳуқуқи башар дар дохили ин кишварҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад".
Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчунин аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо хостанд, то аз мақомоти тоҷик талаб кунанд, ки Зубайдуллои Розиқ ва Раҳматуллои Раҷаб, ду узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро аз ШИЗО ё ҳуҷраи ҷаримавии маҳбас берун кунанд.
Наздикони ин зиндониён мегӯянд, аз инки намояндагони ИА масъалаи хешовандони онҳоро бо мақомоти тоҷик дар миён гузоштанд ё не, хабар надоранд, вале ҳеч беҳбудие барои пайвандони онҳо дар зиндон пеш наомадааст. “Умеди ман ин буд, ки ҳамон ҳайат масъаларо мебардоштанд ва ду зиндонии сиёсиро аз утоқи ҷаримавӣ ба ҳолати маъмулии зиндон мегузаронданд. Албатта, наметавонам гуфтан, ки онҳоро озод кунанд, ҳеч вақт озод намекунанд,” -- мегӯяд Шуҳрати Раҳматулло, писари Раҳматуллои Раҷаб.
“Афғонистон масъалаи ҳуқуқи башарро дуюмдараҷа кард”
Вазъи Афғонистон аз мавзуъҳои калидии суҳбати намояндагони Иттиҳоди Аврупо бо тарафҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, будааст. Дар нишасти хабарии рӯзи 24-уми ноябр низ намояндагони ин созмон бештар сари мушкили Афғонистон суҳбат карданд. Аз ҷумла, Ютта Урпилайнен, узви Комиссияи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкориҳои байнулмилалӣ аз як тарҳи кӯмак ба Афғонистон хабар дод.
Коршиносон сабаби “хомӯшӣ”-и намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар масъалаи ҳуқуқи инсонро ба вазъи Афғонистон рабт медиҳанд. Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик мегӯяд, вазъи Афғонистон масъалаи ҳуқуқи инсонро дар Осиёи Марказӣ барои Иттиҳоди Аврупо дуюмдараҷа кардааст.
Ба таъкиди Қодиров, дар қазияи Афғонистон, Душанбе “мавқеи хос” гирифтааст ва ИА феълан намехоҳад, бо Тоҷикистон дар мухолифат истад. “Ба ин хотир мавзӯи ҳуқуқи башар ва инсон дар вохӯрии имрӯза мавзӯи асосӣ набуд ва он метавонист барои расидан ба ҳадафҳои асосӣ халал расонад. Як қоида аст, ки ба хотири расидан ба як ҳадафи болотар аз ҳадафҳои камарзиштар одатан даст мекашанд ва дар ҳолати имрӯза баррасии мавзӯи Афғонистон ҳадафи асосӣ аст”, -- шарҳ дод ӯ.
Дар чунин шароит ҳам Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик бовар надорад, ки ИА ба поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ чашм мепӯшанд. “Онҳо бовар доранд, ки агар вазъият дар Афғонистон бадтар шавад, барои тамоми вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мерасонад,” -- афзуд Муллоҷонов.
Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлол шудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ин давлатҳо ҳамкорӣ барқарор карда, миллионҳо доллар ёрӣ расондааст. Аммо масъалаи поймолшавии ҳуқуқи инсон ва озодии баён дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аксари онҳоро худкома меноманд, ҳамеша нигарониҳоеро дар Аврупо ба миён овардааст.