Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озод Сиддиқов: “Интернетро ба манбаи кору даромад табдил додам". ВИДЕО


Озод Сиддиқов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ
Озод Сиддиқов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ

Соҳибкори тоҷики муқими Маскав Озод Сиддиқов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи шеваи кораш дар интернет ва соҳибкорӣ нақл кард

Озод Сиддиқов муассиси ширкати Mishkadigital.ru дар Русия ба ширкатҳои тиҷоративу корхонаҳои мухталиф дар пешбурди тиҷорат тавассути интернет кӯмак мекунад. Озод Сиддиқов шаш сол аст, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад, то он замон, ба гуфтааш, ба ҳайси хабарнигор дар радиоҳои “Азия-Плюс” ва “Ватан” ва баъдан ба ҳайси мутахассиси таблиғоту реклама дар ширкати “Билайн” кор кардааст.

Озод Сиддиқов дар як сӯҳбати видеоӣ аз Маскав ба саволҳои Радиои Озодӣ посух дод.

Радиои Озодӣ: Озод, чӣ хел шуд, ки соҳаи бозорёбиро интихоб кардед?

Озод Сиддиқов: Бозорёбиро ҳанӯз замони кору зиндагиам дар Тоҷикистон интихоб кардам, ин ихтисосро замони кор дар ширкати “Билайн” интихоб кардам. Вақте ба Русия кӯчидам, маркетингро бештар омӯхтам ва ҳоло ҳам корам ҳамин соҳа аст.

Радиои Озодӣ: Яъне шумо аллакай як таҳқкурсие доштед. Дар куҷо таҳсил кардаед?

Дар бозори Русия маҳсулот гарон аст, андоз баланд аст, таҳримҳо амал мекунанд ва бо ҳамин сабаб нархи маҳсулот ҳам бисёр баланд меравад. Агар соҳибкорони тоҷик ... маҳсулоти худро ба бозори Русия пешниҳод кунанд, бовар дорам, ки бо ҳар намуд соҳибкори рус рақобатпазир мешаванд.

Озод Сиддиқов: Ман ду маълумоти олӣ дорам. Якеашро дар Русия гирифтам. Ман равоншинос ҳастам ва ин касбро дар Академияи замонавии гуманитарӣ омӯхтаам. Маълумоти дуюмам - MBA - устоди мудирияти тиҷоратӣ аст, ки онро дар соҳаи бозорёбӣ дар як донишгоҳи амрикоӣ ба таври фосилавӣ азхуд кардаам.

Радиои Озодӣ: Шумо дар кори худ бо матбуот ҳам сарукор мегиред ваё фақат бо ширкату корхонаҳои тиҷоратӣ ҳамкорӣ мекунед?

Озод Сиддиқов: Асосан бо корхонаҳои тиҷоратӣ ҳамкорӣ мекунам, баробар бо ин бо корхонаҳои давлатӣ ҳам кор кардаам. Инҳо – Роскосмос, донишгоҳи давлатии мудирият, донишгоҳи ба номи Плеханов. Инҳо корхонаҳои калони давлатӣ ба шумор мераванд. Вале кори мо бештар марбут ба ширкатҳои хурдтари тиҷоратӣ аст.

Радиои Озодӣ: Кори шумо дар бахши бозорёбӣ бар асоси қоидаҳои маълуми бозор ба роҳ монда шудааст ваё кадом методҳои худро ҳам доред?

Озод Сиддиқов: Василаҳои омодаи таблиғотӣ вуҷуд дорад, ки мо бо онҳо кор мекунем. Инҳо - Facebook, Instagram, Yandex, Google, VKontakte, Tiktok, myTarget ва дигарҳо мебошанд. Мо стратегияи кори худро бо назардошти ҳамин пойгоҳҳо амалӣ мекунем. Мо ҳеҷ як василаи нави таблиғотӣ эҷод намекунем, балки бо истифода аз имкониятҳое кор мекунем, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам барномаҳои ҷустуҷӯи маводу маълумот пешниҳод мекунанд.

Кӯдакистон, арча ва таблиғот

Радиои Озодӣ: Барои шумо, ки дар як соҳаи муайяти тиҷорат дар Тоҷикистон кор кардаед, ҳамин панҷ сол кофӣ буд, ки самтгириҳои тиҷоратии худро иваз кунед? Чунки маълум аст, ки Русия хусусиятҳои дар бозор хусусиятҳои худро дорад.

Озод Сиддиқов: Розӣ ҳастам. Бале, ман замоне, ки дар Тоҷикистон будам, ба омӯзиши ин соҳа шурӯъ кардам. Ман он замон фикр мекардам, ки дуруст дарк мекунам. Вале вақте ба Русия кӯчидам, фаҳмидам, ки таҳкурсиву ихтисосе, ки ман дар ин соҳа доштам, хеле поин будааст. Баъди ин ман дарсҳои иловагӣ гирифтам, тавассути интернет бо такмили ихтисосам машғул шудам. Ва баъди якуним-ду соли ба Русия кӯчиданам ширкати худро боз кардам.

Радиои Озодӣ: Тими кормандонатон калон аст?

Озод Сиддиқов: То замони пандемия 36 коргар доштам, ҳоло шаш нафар дорам. То он давраҳо ман дар ду самт кор мекардам – дар баробари ширкати диҷитолӣ инчунин як кол-сентр ҳам доштам.

Радиои Озодӣ: Дар ин панҷ соли гузашта кадом тарҳе бисёр бомуваффақият буд?

Озод Сиддиқов: Чунин тарҳҳо хеле зиёд аст. Мо шояд 200 ё 300 чунин тарҳе доштем, ростӣ, ҳисоб накардаам. Ҳоло ман ду намуна меорам, ки яке дар мисоли тиҷорати хурд ва дигаре аз тиҷорати бузург аст. Тарҳи хурд марбут ба як кӯдакистони хурд дар шаҳри хурди Русия бо номи Нефте-Юганск аст. Аҳолиаш 100 ҳазор нафар мебошад.

Радиои Озодӣ: Яъне шумо берун аз Маскав ҳам фармоиш мегиред?

Озод Сиддиқов: Бале, мо дар тамоми Русия кор мекунем. Ин кӯдакистон як рақиби бисёр сахте дошт ва ҳама ба он ҷо фарзандонашро мебурд. Он ҷо чандин кӯдакистони хусусӣ фаъолият мекунад, вале яктоаш рақиби бисёр калоне буд. Мо ин кӯдакистонро пурра аз нав сохтем ва пешниҳодҳои бисёр олӣ таҳия кардем. Равияи таълимро аз рӯи методи Монтессорӣ ба роҳ мондем. Ман худам ҳам дар бораи Монтессорӣ хабар надоштам, вале баъдан фаҳмидам. Мо пешниҳоди хеле хубе таҳия кардем. Якеаш ин буд, ки давоми се рӯзи аввал кӯдак пурра бепул ба ин кӯдакистон меравад. Дар давоми як моҳ мо ин кӯдакистонро бо бачаҳо пур кардем. Онҳо ҳамагӣ 20 ё 30 ҳазор рубл сарф карданд, ки барои бозорёбӣ ин пули хеле ночиз аст.

Радиои Озодӣ: Ин тахминан 300 доллар аст.

Озод Сиддиқов - соҳибкори муваффақи тоҷик дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Озод Сиддиқов: Бале. Яъне мо кӯдакистонро пури кӯдак кардем. Онҳо ҳоло ҳам кор мекунанд ва муштариашон кам намешавад. Агар дар баробари рақибатон бо як бартарияти қавӣ пешқадам бошед, ҳатман муваффақ мешавед. Ин мисоли як тарҳи камарзиш аст. Вақте гап дар бораи ширкат ва пулҳои калон меравад, имконият ҳам бештар мешавад. Мехоҳам аз як кори дигарамон дар соли гузашта намуна биёрам. Мисоли дуюм аз назари таблиғоти интернетӣ бисёр ҷолиб аст, чунки аз назари имкониятҳои тиҷоратӣ он калонтар аст. Ин мисоли он аст, ки чӣ гуна аз роҳи кори муназзами ҳама аъзои тим, аз ҷумла ҳамкорони мо, мешавад ба даромадҳои бисёрмиллионӣ даст ёфт. Ин ширкат бо фурӯши арчаҳои табиии солинавӣ машғул аст. Арчаҳо дар Санкт-Петербург ба фурӯш гузошта шудаанд. Ин ширкат ба сегонаи калонтарин фурӯшандаҳои арча дохил мешавад. Барои таблиғот якуним миллион рубл ҷудо шуд. Ин буҷаро мо бояд дар фосилаи 35-40 рӯз сарф мекардем. Мо чӣ кардем? Мо як вебсайте таҳия кардем, тамоми маҳсулотро дар он ҷо ҷой кардем. Майдони реклама ё таблиғотро ҳам сохтем: Yandex, Google, Facebook, Instagram, VKontakte. Дар қадами баъдӣ барномаи вобаста ба таҳлилҳои мутақобиларо фаъол кардем. Ин барнома, агар содда карда фаҳмонем, нишон медиҳад, ки кадом маҳсулот бо кӯмаки кадом таблиғот ба фурӯш рафт. Илова ба ин, барномаи таҳлилии Yandex ва Google-ро ҳам фаъол кардем. Дар 35 рӯз мо 1600 арча фурӯхтем. Ба ҳисоби миёна, 10 ё 15 миллион рубл даромад шуд. Ин арчаҳои солинавӣ аст ва як кори мавсимӣ мебошад. Бо назардошти ин ки соли гузашта аз назари фурӯшҳои интернетӣ чандон муваффақ набуд, мо тавонистем, ки бо харҷи 1,5 миллион рубл даромади 10 миллион рублӣ ба даст орем. 90 дарсади харидорон тавассути реклама ҷалб шуданд. Яъне, вақте тими хуб кор мекунад, на фақат мо, балки дигар дастандаркорон ҳам, вақте як раиси бофаҳм аст, ки харҷи рекламаро хуб дарк мекунад, натиҷа хуб мешавад.

“Дар Тоҷикистон интернет рушдкарда нест”

Радиои Озодӣ: Озод, шумо тиҷорати худро дар Русия ба роҳ мондед. Чаро ин корро дар Тоҷикистон накардед?

Дар Тоҷикистон бархе бисёр либосҳои зебо медӯзанд. Масалан, Нафиса Имронова аз ҷумлаи онҳо аст. Машварати ман ин аст, ки танҳо дар бозори Тоҷикистон тамаркуз накунанду фаротар аз он нигоҳ кунанд.

Озод Сиддиқов: Ман интизор будам, ки ин савол садо медиҳад. Он замон бозори интернети рақамӣ чандон рушдкарда набуд. Ман аз онҳое, ки дар самти рушди инернети рақами заҳмат мекашанд, бисёр миннатдор ҳастам. Чаро ман дар Тоҷикистон корамро шурӯъ накардам? Масъалаи аввал ин аст, ки дар Тоҷикистон интернет рушдкарда нест. Ҷойгоҳи интернет ҳанӯз фаровон нест. Инунин пардохтҳои интернетӣ ҳам рушд накардааст. Дар бахши фаннӣ чандин мушкил ҳаст ва ин бахш тоза дар ҳоли пайдо шудан аст. Масалан, имкони пардохтҳои интернетӣ дар Тоҷикистон ба наздикӣ пайдо шуд, то он замон ман худам ба хоҳарам пулро рафта тавассути нуқтаҳои интиқоли пулӣ мефиристодам.

Радиои Озодӣ: Аз ширкатҳо ном намебарем, вале, ба назари шумо, дар Тоҷикистон кадом тарҳҳои муваффақе ҳастанд, ки сирф бар пояи интернет кору даромади худро роҳандозӣ кардаанд?

Озод Сиддиқов: Бар пояи интернет? Масалан, ҷавоне ҳаст, ки барои муштариён дар Русия пойафзол истеҳсол мекунад. Барои Тоҷикистон нархи маҳсулоти ӯ гарон ҳисоб мешавад. Вале барои Русия нархи ин пойафзоли фармоишӣ бисёр дастрас мебошад.

Радиои Озодӣ: Ва ин ҳам дар ҳоле, ки дар Русия дастрасӣ ба беҳтарин намунаҳои пойафзоли ширкатҳои маъруф, масалан, сохти Итолиё, ҳеҷ мушкиле надорад.

Озод Сиддиқов: Соҳибкорони тоҷик бартариҳои хеле зиёд доранд. Пеш аз ҳама ин нархи арзони нирӯи корӣ аст. Дуюм, ин кори босифат аст. Вале як чиз ҳаст ва имрӯз инро бори дигар дар мисоли мусоҳибаҳоям бо чанд ҷавони тоҷик дидам. Ин нобоварӣ ба худ аст. Нобоварӣ ба ҳунари худ, ки онҳо метавонанд маҳсулоти худро дар бозорҳои дигар ба фурӯш гузоранд. Ман ҳоло дар бораи се нафари мушаххас мегӯям, ки дар сӯҳбати мо иштирок карданд. Ва ман аз онҳо пурсидам: “Моли тоҷикистониҳоро мехаранд?”.

Радиои Озодӣ: Бале, мехаранд?

Озод Сиддиқов: Бале, ман мегӯям, ки ман тоҷикам ва моли маро мехаранд. Хадамоти ман ба фурӯш меравад.

Моли соҳибкорони тоҷик дар бозор рақобатпазир аст

Радиои Озодӣ: Шояд, гап дар ин нест, ки ӯ киву аз куҷо аст, балки чӣ мекунаду аз дасташ чӣ меояд?

Озод Сиддиқов: Комилан дуруст аст. Дар умум, бартариҳои соҳибкорони тоҷик хеле зиёд аст. Пеш аз ҳама ин рақобатпазирии онҳо дар бозор аст. Дар бозори Русия маҳсулот гарон аст, андоз баланд аст, таҳримҳо амал мекунанд ва бо ҳамин сабаб нархи маҳсулот ҳам бисёр баланд меравад. Агар соҳибкорони тоҷик пешрафт карда маҳсулоти худро ба бозори Русия пешниҳод кунанд, бовар дорам, ки бо ҳар намуд соҳибкори рус рақобатпазир мешаванд.

Радиои Озодӣ: Озод, шумо розӣ ҳастед, ки дар шароити кишварҳои мисли Тоҷикистон, ки бекориаш бисёр баланд асту пешниҳоди бозори корӣ маҳдуд, интернети пешрафта метавонад барои ҳалли масоили бекориву камбудиҳои иқтисодӣ мусоидат кунад?

Озод Сиддиқов: Бале, розӣ ҳастам. Барои рушди бозор бояд интернети фарогир афзоиш ёбад. Мутаассифона, замоне, ки ман дар “Билайн” кор мекардам, дастрасӣ ба интернет 25-30 фоизро ташкил медод, вале барои рушд ин дастрасӣ бояд ҳадди аққал 50-60 дарсад бошад. Сари ин масъала кор бояд кард.

Радиои Озодӣ: Бо назардошти интернети маҳдуди Тоҷикистони имрӯза, кадом бахшҳое метавонанд барои рушди кору соҳибкорӣ мусоидат кунанд? Ду идеяе дода метавонед, ки шояд ҳамин ҳоло зиндагии нафарони мушаххасро тағйир бидиҳанд?

Озод Сиддиқов: Он чи ки ман ҳоло дар бозори Русия мебинам, ин фурӯши мол дар маркет-плейс аст. Ин ҷо хароҷоти соҳбикор хеле ночиз аст, ба ғайр аз ин ки ҳамон борро ба як амбори Wildberries ё Ozon бурдан лозим аст, хароҷоти дигар лозим нест. Дар Тоҷикистон бархе бисёр либосҳои зебо медӯзанд. Масалан, Нафиса Имронова аз ҷумлаи онҳо аст. Машварати ман ин аст, ки танҳо дар бозори Тоҷикистон тамаркуз накунанду фаротар аз он нигоҳ кунанд. Яъне молашонро ба маркет-плейс ҷой карда, онро ба амбор бубаранд ва ин маҳсулот бо сифати баланд ва нархи кам хуб ба фурӯш меравад. Машварати дуюм ба омӯзиши касбу корҳое машғул шавед, ки онҳоро дур аз дафтар истода дар хона анҷом додан мумкин аст. Ман чанд коргар аз Тоҷикистон ҳам дорам. Онҳо шояд аз назари бозори Тоҷикистон пули калон ба даст меоранд, аз назари Русия даромади онҳо шоистаи бозори маҳаллӣ аст.

Радиои Озодӣ: Яъне ин ҷавонон дар Русия истода кор мекунанд?

Озод Сиддиқов: На, аз дохили Тоҷикистон. Як нафарашон зани хонашин, модари ду фарзанд аст, ки аз хона истода кор мекунаду маоши хуб ба даст меорад. Медонед, як мушкили сокинони Тоҷикистон ин аст, ки онҳо аз маблағгузорӣ ба таҳсили худ меҳаросанд. Сармоягузорӣ ба худ хеле муҳим аст ва калонтарин сарват ин дониш аст. Агар шумо ба маълумотнокии худ сармоягузорӣ кунед, ҳатман боздеҳ хоҳад дошт.

Радиои Озодӣ: Озод, шумо худро дар Русия ҳамчун як муҳоҷири муваффақ эътироф мекунед?

Озод Сиддиқов: (механдад) Бале, муҳоҷири собиқ. Ман аллакай шаҳрвандии Русияро гирифтам. Чор сол шуд, ки русиягӣ ҳастам, розӣ ҳастам.

XS
SM
MD
LG