Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ватани бобоӣ”. Бозгашти қазоқҳои Муғулистон  ба Қазоқистон. ВИДЕО


Акси гурӯҳи қазоқҳои баргашта аз Муғулистон ба Қазоқистон аз гузориши видеоии Асемгул Муҳитқизӣ ва Бахши қазоқии Радиои Озодӣ гирифта шудааст
Акси гурӯҳи қазоқҳои баргашта аз Муғулистон ба Қазоқистон аз гузориши видеоии Асемгул Муҳитқизӣ ва Бахши қазоқии Радиои Озодӣ гирифта шудааст

Вақте Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд, садҳо қазоқҳои Муғулистон бо умеди шурӯи зиндагии нав дар ватани бобоӣ ба Қазоқистон рафтанд. Аз он замон 30 сол гузашт.
30 сол пеш, вақте Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд, қазоқҳои Муғулистон қарор карданд ба ватани бобоии худ бикӯчанд. Дар миёни онҳо духтарчаи хурдсол Асемгул Муҳитқизӣ ҳам буд, ки баъдан хабарнигори Радиои Озодӣ шуд. Падари ӯ он солҳо аз шаҳри Улан-Батор, пойтахти Муғулистон ҳудудан 600 қазоқтаборро ҷамъ карда ба Қазоқистон бурд.

30 сол пеш, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсиси Қазоқистони соҳибистиқлол қазоқҳои Муғулистон ба сӯи ватани бобоии худ ҳаракат каданд. Он замон даҳҳо ҳазор оила ба Қазоқистон рафта ва оилаи Муҳитқизӣ яке аз онҳо аст.

Асемгул Муҳитқизӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд: «Давоми 30 сол аст, ки дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Нурсултон зиндагӣ мекунам. Расо 30 сол пеш ҳам ман дар пойтахт зиндагӣ мекардам, вале на пойтахти Қазоқистон, балки дар Муғулистон - шаҳри Улан-Батор. Оилаи ман аз миёни онҳое буд, ки ба Қазоқистон баргашт. Падари ман Муҳит Жақсилиқулӣ як гурӯҳи баргаштаҳоро раҳбарӣ кардааст».

Падари ӯ Муҳит Жақсилиқулӣ, ки дар Муғулистон ба ҳайси муҳандис кор кардааст, садҳо қазоқҳоро ҷамъ карда барои зиндагӣ ба Қазоқистон овард. Ӯ мегӯяд, баъзеҳо дигар қайди ҳаёт нестанд ва дигарҳо дар минтақаҳои дигари Қазоқистон пароканда шудаанд. Ӯ мегӯяд: “Вақте мо бармегаштем, артиши шӯравӣ ҳам аз Аврупои Шарқӣ омад. Он замон билети қатор набуд. Мо як бало карда пули ду вагонро дода то Наушкии Бурятия расидем. Дар ду вагон фақат 180 ҷой буд, вале мо 600 нафар будем. Дар байни мо кӯдакони навзод буданд, як зани 90-солаи рӯи ҷогаҳ ҳам доштем”.

Замони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қазоқҳо тахминан 40 дарсади ҷамъияти Қазоқистонро ташкил медоданд. Ин чиз мояи нигаронии мақомоти ҷумҳурии тозаистиқлол шуд ва онҳо аз қазоқтаборҳои кишварҳои дигар даъват карданд, ки ба “хона”-и худ баргарданд. Бисёри онҳое, ки баргаштанд, мутахассисони касбиву сокинони шаҳрҳо буданд.

Майра Муҳитқизӣ, хоҳари калонии Асемгул Муҳитқизӣ рӯзҳои аввали расидан ба Қазоқистонро чунин ба ёд овард: “Вақте мо ба деҳа расидем, онҳо моро дар як хонаи кӯҳнаи бекас ҷой карданд. Ин хона бисёр фарсуда буд. Деворҳо рехтаву шикоф шуда буданд. Метарсидем, ки шабро дар чунин хона рӯз кунем. Вақти хоб мешунидам, ки хона пури муш аст. Баъзан ҳашарот аз бом ба замин мерехт. Мо пеш аз ин ҳеҷ гоҳ чунин шароитро надида будем”.

«Ватани бобоӣ». Бозгашти қазоқҳои Муғулистон ба Қазоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:46 0:00

Падари муҳандиси онҳо дар ватани бобоӣ маҷбур шуд деҳқонӣ кунад. Модарашон Табиғат Абдирасил нонпазиро ёд гирифт. Бачаҳо ҳам азобҳои худро доштанд. Худи Асемгул Муҳитқизӣ мегӯяд: “То синфи 11-и мактаб ман ёдам ҳаст, ки намехостам касе бидонад, ки мо аз Муғулистон омадаем. Аз падарам хостам, ки дар насабам пасванди “-ова” илова кунад, то ки ман ба кӯдакони дигар монанд шавам. Баъзе дугонаҳоям вақте мешуниданд, ки ман аз Муғулистон омадаам, бо ман гап намезаданд. Онҳо маро “муғул” мегуфтанд”.

Тахминан 1 миллиону 840 ҳазор нафар аз Узбекистон, Чин, Муғулистон ва дигар ҷоҳо ба Қазоқистон баргаштанд. Гузориши соли 2006-и СММ мегӯяд, ки барномаи репатриатсия бо ҳадафи “ҳифзи ҳуввияти миллӣ” эҷод шудааст. СММ мегӯяд, дар иҷрои ин барнома мушкилоти мисли табъйиз ваё нобаробарии иҷтимоиву иқтисодӣ мушоҳида шудааст. Падари Асемгул касбу кори зиёдеро иваз карду модараш ба ҳайси ҳамшира кор кард. Вале онҳо аз душвориҳо наменоланд. Муҳит Жақсилиқулӣ дар сари дастурхон назди духтару ҳамсараш мегӯяд: “Замини бобоии мо - гаҳвораи тилоӣ - моро бо оғӯши боз истиқбол кард. Мо дар садри як корвони қазоқӣ ба ватани худ баргаштем ва ҳеҷ гоҳ пушаймон намешавем”.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG