Айни замон воридоти барқ ба Қирғизистон қатъ шудааст. Дар ин бора вазири энержии Қирғизистон Доскул Бекмирзоев рӯзи 15 ноябр хабар дод. Вай гуфт, дар кишварҳои ҳамсоя ба далели камбуди энержӣ маҳдудият ҷорӣ шудааст.
"Гуфтугӯҳо бо кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия, ҳамоно идома доранд. Дар кишварҳои дигар низ мушкилиҳо ҷо доранд. Айни замон воридоти барқ аз хориҷ қатъ шудааст, мо аз неругоҳҳои худ барқ мегирем. Вориди барқ аз Узбекистон ба далели мушкилиҳои фаннӣ қатъ шуд. Аз Туркманистон мо шуруъ аз 1 август барқ мегирифтем, аммо ба далели садама дар хатҳои барқ интиқолро қатъ кардааст", - гуфт вазир.
Вай ҳамзамон гуфт, талабот ба неруи барқ дар Қирғизистон соли ҷорӣ 5-10 дарсад афзудааст. Соли ҷорӣ Қирғизистон, ба далели кам будани сатҳи об дар обанбори Токтогул, ба амиқтарин буҳрони энержӣ рӯ ба рӯ аст.
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон гуфт, то солҳои 2024-2025 кишвараш аз буҳрони энержӣ берун ва ба хориҷ барқ содир хоҳад кард. "Бо ин ҳадаф мақомоти Қирғизистон ба сохтмони неругоҳҳои хурду миёна шуруъ кардаанд",- гуфт вай.