Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар муноқишаи сокинони маҳалливу муҳоҷирон ду ҷавони тоҷик ҷон доданд


Шаҳраки Залари дар вилояти Иркутски Русия
Шаҳраки Залари дар вилояти Иркутски Русия

Дар шаҳраки Заларии вилояти Иркутск дар пайи муноқишаи муҳоҷирони тоҷик бо сокинони маҳаллӣ, ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуда, 5 каси дигар бо чароҳатҳо ва осори сӯхтагӣ ба беморхона интиқол ёфтанд. Мақомоти тафтишотии ин вилоят мегӯянд, ҷанҷол шоми 12-уми ноябр ба амал омад. Сипас сокинони маҳаллӣ вагонеро, ки дар он муҳоҷирони тоҷик зиндагӣ мекарданд, оташ заданд. Пайвандони яке аз муҳоҷирони маҷрӯҳ, ки ҳоло дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамалаварон дар нисбати зодагони Тоҷикистон ҳатто аз силоҳи травматикӣ ва пораҳои оҳан ва санг истифода кардаанд. Вагони онҳо шабона оташ зада шудааст. Ду нафаре, ки ҳалок шуданд, ҷавононе будаанд, ки аз дохили ҷойи хобашон берун шуда натавонистанд. Мусоҳиби мо гуфт, тӯли ду рӯзи гузашта касе аз наздиконро ба беморхона роҳ надоданд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо нашри изҳорот гуфт, ки аз ин қазия огоҳ мебошад ва барои пайгирӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Иркутск ҳамкорӣ доранд. Ҳамчунин кормандони сафорат ва консулгарии генералӣ дар шаҳри Новосибирск ба вилояти Иркустк фиристода шудаанд. Пулиси вилоят мегӯяд, ки беш аз 10 ширкатдори ҷанҷолро дастгир кардаанд ва ҷустӯи боқимондаҳо идома дорад. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Дар як сӯхтори дигар дар вилояти Маскав, ки тибқи фарзияи пешакӣ аз беэҳтиётӣ будааст, чор муҳоҷири тоҷик ҳалок шудааст. Ду нафари дигар дар шифохона мебошанд. Нашрияи "Московсий комсомолец" менависад, ки сӯхтор соати 10-и рӯзи 13-уми ноябр дар шаҳри Солнечногорск дар хобгоҳи сохтмоничиён ба амал омад. Масоҳати сӯхтор 200 метри мураб,аъро фаро гирифта, ба фурӯ нишондани оташ 10 мошини сӯхторхомӯшкунӣ сафарбар шудаанд. Ба эҳтимоли зиёд, сабаби сӯхтор дастгоҳи гармидиҳандае шудааст, ки коргарон дар болои он либос ва ҷӯробҳои худро барои хушк шудан гузошта буданд. Ҳоло масъалаи боз кардани парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи моддаи "расонидан ба марг аз беэҳтиётӣ" баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG