Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Муаммар Қаззофӣ мехоҳад президенти Либия шавад


Сайф-ул-Ислом Қаззофӣ, фарзанди диктатори пешини Либия эълон кардааст, ки барои интихоботи президентии моҳи ояндаи ин кишвар номзад хоҳад шуд. Комиссияи интихоботи Либия рузи якшанбеи 14-уми ноябр гуфт, ки Сайф-ул-Ислом Қаззофӣ ба бинои ин комиссия омада, санадҳои худро барои номзадӣ дар интихоботи президентӣ супурдааст. Наворҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ Сайф-ул-Ислом Қаззофиро, ки либоси маҳаллӣ ба тан дорад, ҳангоми имзои санадҳо, нишон медиҳад.

Падари Сайф-ул-Ислом Қаззофӣ сарҳанг Муаммар Қаззофӣ пас аз табаддулот алайҳи Муҳаммад Идрис Санусӣ, подшоҳи вақти Либия дар соли 1969, то инқилоби мардумӣ дар соли 2011 раҳбарии ин кишварро дар даст дошт ва баъд аз сарнагунии ҳукуматаш дар ҳоле, ки фирорӣ шуда буд, ба дасти нерӯҳои инқилоб кушта шуд.

Фарзандаш Сайф-ул-Ислом Қаззофӣ низ баъд аз инқилоб фирорӣ шуд, аммо дар ноябри соли 2011 дар ҳоле, ки талош дошт аз ин кишвар берун равад, аз сӯи гуруҳи мусаллаҳе дар шимол-ғарби Либия, боздошт шуд. Ӯ дар соли 2015 аз тарафи додгоҳе дар Троблус ба иттиҳоми даст доштан дар куштори эътирозгарон ба қатл маҳкум шуд, аммо сипас афв ва дар соли 2017 озод шуд.

Сайф-ул-Ислом Қаззофӣ ҳамчунин ба иттиҳоми "ҷиноят алайҳи башарият" аз сӯи Додгоҳи байналмилалӣ зери таъқиб қарор дорад. Аммо ҳукумати Либия аз таслим кардани ӯ ба Додгоҳи байналмилалӣ худдорӣ кардааст.

Ҳануз маълум нест вай то чӣ ҳад имкони пирузӣ дар интихоботи моҳи декабрро хоҳад дошт. Аммо гуфта мешавад, ки бархе аз қабилаҳо ва мақомҳои пешини ҳукумати Либия эҳтимолан аз вай пуштибонӣ кунанд.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Либия рузи 24-уми декабр баргузор мешавад. Барои иштирок дар интихобот генерал Халифа Ҳафтар, раҳбари мухолифони Либия, Абдулҳамид Ад-Дабийбаҳ, нахуствазир ва Ақила Солеҳ Исо, раиси порлумони Либия сабти ном кардаанд.

Интихоботи зудҳангоми президентӣ умедҳо ба поёни як даҳа ҷанги дохилӣ ва вайронӣ дар ин кишвар аз замони сарнагунии ҳукумати Қаззофиро афзоиш додааст. Агарчӣ ҳануз бархе аз ҷиноҳҳо дар бораи шароит ва қонунҳои раъйдиҳӣ бо ҳам ихтилофи назар доранд.

Либия порсол саҳнаи даргириҳои сахт байни нерӯҳои ҳукумати мавриди ҳимояти СММ ва нерӯҳои генерал Халифа Ҳафтар буд. Аммо ин ду ҷиноҳ дар моҳҳои гузашта даргириҳоро қатъ карданд ва барои интихоботи қабл аз муҳлат омода шудаанд.

Либия ҳамчунин саҳнаи рақобатҳои кишварҳои хориҷӣ барои нуфуз дар ин кишвар аст. Дар ҳоле, ки Туркия аз ҳукумати мавриди ҳимояти СММ дар ин кишвар ҷонибдорӣ мекунад ва ба дархости он, нерӯҳои худро вориди Либия кардааст, Русия ҳамроҳ бо Миср, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Фаронса аз тарафдорони нерӯҳои генерал Халифа Ҳафтар ҳастанд.

XS
SM
MD
LG