Ба сабаби зиёд шудани беморон дар яке аз шифохонаҳои Киев, кати дорои манбаи оксиген дигар ба ҳама намерасад. Табибон мегӯянд, бисёре аз беморони бистарӣ дар инҷо онҳое ҳастанд, ки ваксина нагирифтаанд ва ҳоло мегӯянд, кош ваксина мегирифтанд, ки ҳолашон ин қадар бад намешуд.
Дар шифохонаи рақами 12 дар шаҳри Киев аксаран гирифторони СOVID-19-ро муолиҷа мекунанд. Онҳое, ки ваксина нагирифтаанду инҷо афтодаанд, ба хабарнигори бахши украинии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло пушаймонанд.
Табибон мегӯянд, 90 дар сади мубталоёни муҳтоҷи оксиген ваксин нагирифтаанд ва катҳои дорои манбаи оксиген ҳам ҳоло дар шифохона кофӣ нест ва ба ҳама намерасад.
Инна Тихина, табиби шифохона, гуфт: "Мо 28 кат бо манбаи оксиген дорем. Мо ҳамчунин консентраторҳо дорем, ки дар сурати зарурат истифода мекунем. Мо катҳои изофӣ овардем ва дар роҳрав гузоштем. Ин катҳо манбаи оксиген доранд ва дар сурати зарурат ба беморон медиҳем."
Фақат 20 дар сади аҳолии 44-миллион нафарии Украина ваксина гирифтаанд ва сабаб дурӯғпароканӣ дар бораи ваксина ва нобоварӣ ба мақомот будааст. Онҳое, ки ваксина нагирифтаанду пушаймон шудаанд, акнун ба мардум мегӯянд, ки аз ваксина натарсед.
Бемор Вита Казмаковска яке аз онҳост ва чунин мегӯяд: "Ҳама бояд ваксина бигиранд ва ман ҳам мегирам. Ман ҳам фикр мекардам, набояд гирам, вале зарур аст. Ҳадди ақал андаке аз беморӣ муҳофизат мекунад. Бе ваксина одам заиф мешавад. Агар илтиҳоби шуш ва COVID бигиред, бисёр сахт аст. Касе, ки бемор нашудааст, инро намефаҳмад."
Даря бисёр ҷавон аст ва ҳатто бовар надоштааст, ки беморӣ вуҷуд дорад. Ҳоло ақидааш дигар аст: "Нафасгирӣ барои ман мушкил шуд, сурфае доштам, ки панҷ рӯз давом кард. Як вақт нафасгир шудам ва барои ҳамин шифохона оварданду оксиген доданд. Умуман бовар надоштам, ки ин беморӣ вуҷуд дорад. Ба ваксина ҳам шубҳа доштам ва гирифтан ҳам намехостам. Вақте ба инҷо меафтӣ, ақидаат дигар мешавад."
Александри бемор мегӯяд, ки ҳукумат бояд ба ҳама амр диҳад, ки ваксина бигиранд: "Ҳукумат бояд мисли хориҷа мекард, ба ҳама мегуфт, ки ваксина бигиред."
Бо авҷ гирифтани беморӣ дар Украина, гаштугузору фаъолиятҳои иқтисодиро дар Киеву дигар шаҳрҳо дигарбора маҳдуд карданд. Инна Тихина, табиби шифохонаи рақами 12-и Киев мегӯяд, "ин ҳафта теъдоди беморони бистарӣ камтар шуд. Дар гузашта рӯзҳое доштем, ки тамоми катҳои шифохона аз беморон пур буд, ҳатто роҳравҳо низ. Ин дафъа, мисли пеш роҳрав аз беморон пур нашудааст. Мо метарсем, ки мешавад, вале омода ҳастем."