Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят аз “облава”. Писари Аҳтамхон ва Моҳпариро куҷо бурданд? ВИДЕО


Аҳтамхон Юсуфов ва Моҳпарӣ Амришоева аз "облава" шудани фарзандонашон шикоят доранд.
Аҳтамхон Юсуфов ва Моҳпарӣ Амришоева аз "облава" шудани фарзандонашон шикоят доранд.

Бархе аз сокинони Кӯлоб шикоят доранд, ки писаронашон аз тариқи “облава” ба саффи артиш ҷалб шудаанд.

Мақомот вуҷуди “облава” дар кишварро ҳамеша рад мекунанд.

Писари Аҳтамхон Юсуфов, як сокини нобинои шаҳри Кӯлобро ҳафтаи гузашта кормандони милиса боздошт карданд. Баъдан, маълум шуд, ки ӯро на барои содир кардани ҷиноят, балки барои ба артиш бурдан боздошт намудаанд. Бо ин вуҷуд, бо гузашти як ҳафта маълум нест, ки ӯ дар кадом шаҳр ва дар кадом қисми ҳарбӣ адои хидмат мекунад.

Ин шеваи бурдан ба артишро ҳуқуқшиносон ва сокинон ғайриқонунӣ медонанд ва ҳамеша аз он шикоят мекунанд.

Аҳтамхон Юсуфов мегӯяд, се писараш аз роҳи қонунӣ ба артиш даъват шуданд, вале бо чунин шева ба артиш бурдани писари чорумашро хеле сахт қабул кардааст. Ӯ гуфт, ин писараш ягона дастёр ва роҳнамояш буд. “Гуфтанд, ки шаш милиса боздошт карда бурданд. То имрӯз даракашро надорам”,--гуфт ӯ.

Ин мард гуфт, аз пеш машварат карда буд ва писарашро дар даъвати баҳорӣ ихтиёрӣ ба артиш мефиристод.

Аҳтамхон Юсуфов маъюби гуруҳи якум аст ва мустақилона роҳ рафта наметавонад.

Писари Аҳтамхон Юсуфов танҳо нафаре нест, ки бо ӯ чунин бархӯрд шудааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Шикоят аз сарбозшикор дар Хатлон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Моҳпарӣ Амришоева, як сокини дигари Кӯлоб чанд рӯз боз бо чашми гирён назди бинои Комиссариати ҳарбии шаҳр аст. Ӯ мегӯяд, писари ягонаашро ба хидмат бурдаанд.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ягона писар дар оиларо ба артиш ҷалб намекунанд. Пешниҳоди сандаҳои яккаписар будани фарзанди Моҳпариро ба эътибор нагирифтанд.

“Фарзанди додарамро ба фарзандхонӣ гирифта калон карда будам. Худам бефарзанд ҳастам. Рафта аз хона тирезаро кушода, даромада бачаро наёфтанд. Рӯзи дуюм рафтанд, ки бача нав аз хобаш хестаааст. Берун баромадам, ки дастшро қапида, мисли гову гусфанд, кашида-кашида мебаранд",--гуфт ӯ.

Холмурод Амиршоев, писари 20-солаи Моҳпарӣ Амиршоева ҳоло дар саффи артиш аст. Моҳпарӣ мегӯяд, даъво хоҳад кард, то ягона писарашро барагардонанд.

Афроде, ки аз “облава” шудани пайвандонашон шикоят мекунанд, зиёд аст. Худойдоди Ислом, як сокини Кӯлоб мегӯяд, бародари беморашро афроде, ки либоси мулкӣ доштанд, боздошт карданд ва ба комиссариати ҳарбии Кӯлоб оварданд. Пас аз собит шудани бемориаш ӯро раҳо кардаанд.

Дар бештари маврид, сокинон мегӯнд, кормандони милиса ҷавононро бо зур то бинои комиссариати ҳарбӣ меоранд.

Мақомот дар Кӯлоб ҳодисаҳои “облава” аз ҷониби кормандони милисаро рад мекунанд. Файзулло Нозимзода, сардори ШВКД-и Кӯлоб гуфт, ки даъвати маҷбурӣ ҳақиқат надорд. Ӯ гуфт, аз рӯи қонун онҳо ба кормандони комиссарити ҳарбӣ кӯмак мекунанд ва “облава” вуҷуд надорад.

Ҳоло нақшаи даъват ба сафи артиш дар 20 шаҳру навоҳӣ иҷро шудааст. Дар вилояти Хатлон то ин дам танҳо 54 дарсад нақшаи даъвати ҷавонон иҷро шудааст.

Даъват ба сафи артиш дар Тоҷикистон дар баҳору тирамоҳ сурат мегирад.

Дар ҳар даъват сокинон мисли Моҳпарӣ ва Аҳтамхон аз “шикор” шудани фарзандонашон шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG