Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду кас аз заҳролудшавӣ дар Хатлон. Ду нафари дигар бистарӣ ҳастанд


Ду узви як оила дар ноҳияи Балҷувон аз заҳролудшавӣ ҷон бохта, ду каси дигар дар шифохонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ шудаанд. Дар миёни онҳо кӯдакон низ ҳастанд.

Заҳролудшавии чаҳор кас шаби 6 ба 7-уми ноябри имсол рӯй додааст. Ба нақли манобеъ, ба назар мерасад, онҳо аз ғизо заҳролуд шудаанд, вале тафтиш пурра ба анҷом нарасидааст.

Пизишкон гуфтанд, дар аввал сабаби бемории онҳо маълум набуд. Сипас, ба қавли Абдукарим Шокиров, сартабиби шифохонаи касалиҳои сироятии Кӯлоб, "ташхис дар Душанбе сабабашро фосфори органикӣ номид". Фосфори органикӣ доруе аст, ки бештар деҳқонҳо истифода мекунанд.

Манобеъ дар Додситонии вилояти Хатлон рӯзи 11-уми ноябр гуфтанд, сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ доранд. Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати мо дар додситонӣ, бар асари заҳролудшавӣ

  • Абдулвосит Боқизодаи 13-сола ва
  • Зафар Шарипови 33-сола фавтидаанд.

Мусоҳиби мо гуфт, ҳамсари Зафар Шарипов ва фарзандаш дар шифохонаи бемориҳои сироятии Кӯлоб бистарӣ ҳастанд: "Ба нақли аъзои хонавода, онҳо рӯзи шанбе шакароб омода кардаанд. Бегоҳ ҳолаташон бад мешавад. Баъд ба бемористон меоранд. Тафтиш ҳама чизро маълум хоҳад кард."

Дар як моҳи охир ин мавриди севуми заҳролудшавии сокинон дар минтақаи Кӯлоб аст. Моҳи октябри имсол дар ноҳияи Темурмалик бар асари заҳролудшавӣ аз хуриш ё салат чаҳор кас фавтида, чаҳордаҳ нафари дигар бистарӣ шуданд.

Чанд рӯз пеш 13 нафарро аз ноҳияи Муъминобод бо нишонаҳои заҳролудшавӣ дар бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Кӯлоб хобонданд, ки ба қавли сартабиб Абдукарим Шокиров "чаҳор нафари онҳо дар шуъбаи эҳё ҳастанд".

Сокинони Тоҷикистон бо далели гарон ва камчин шудани меваву сабзавот дар зимистон, дар фасли тобистон ин маҳсулотро дар шакли консерва захира мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, ин мавод то андозае мушкили захиракунии ғизоро ҳал мекунад, вале хатар ҳам дорад. Ба қавли духтурон, дар сурати риоя нашудани меъёрҳои тозагӣ, истифода аз маҳсулоти дорои маводи кимиёии зиёд, ғизои хушхӯр ба заҳр табдил шуда метавонад.

XS
SM
MD
LG