Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон гуфтааст, ба Белорус парвоз накунад


Муҳоҷирон дар марзи Белорус ва Лаҳистон (Полша)
Муҳоҷирон дар марзи Белорус ва Лаҳистон (Полша)

Мақомоти Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, даҳ кишвар, аз ҷумла ба Тоҷикистон фишор овардаанд, ки парвозҳо ба Белорусро маҳдуд кунанд.

Ин вазъ дар пайи ба вуҷуд омадани бӯҳрони муҳоҷират ба вуқуъ пайвастааст ва Иттиҳоди Аврупо Белорусро барои ирсоли селаи муҳоҷирон ба ҳудуди кишварҳои аврупоӣ айбдор мекунад.

Иттиҳоди Аврупо рузи 9-уми ноябр гуфт, ки беш аз даҳ кишварро фишор оварданд, ки парвозҳо ба самти Белорусро маҳдуд кунанд. Дар миёни ин кишварҳо Ироқ, Урдун, Қазоқистон, Лубнон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия ва Гурҷистон ҳастанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз ба ин хабар вокуниш нишон надодаанд ва маълум нест, ки Тоҷикистон парвозҳо ба Белорусро қатъ кардааст ё не.

Ба гуфтаи мақомоти аврупоӣ, муҳоҷирон аз ҳудуди ин кишварҳо ба Белорус парвоз мекунанд ва баъдан аз он ҷо ба хоки Аврупо ворид мешаванд.

Мақомоти Лаҳистон (Полша) мегӯянд, ки шаби гузашта даҳҳо нафар аз паноҳҷӯён аз Ховари Миёнаро, ки аз ҳудуди Белорус марзи ин кишварро ғайриқонунӣ убур карданд, боздошт намуданд. Ин масъала танишҳоеро дар марзҳои шарқии Иттиҳоди Аврупо ба миён овардааст.

Дар ҳоли ҳозир садҳо нафар дар ҳавои сард дар хатти марз боқӣ мондаанд ва нерӯҳои амниятии Лаҳистон монеи вуруди онҳо ба ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ва НАТО, мешаванд.

Дар моҳҳои ахир ҳазорон паноҳанда аз Ховари Миёна, Ҷануби Осиё ва Африқо талош кардаанд, ки ба таври ғайриқонунӣ аз Белорус ба Лаҳистон, Латвия ва Литва ворид шаванд.

Иттиҳоди Аврупо режими Лукашенкоро дар барқасдона доман задани буҳрони муҳоҷират ва ташкили интиқоли ҳазорон муҳоҷири ғайриқонунӣ ба марзҳои Иттиҳоди Аврупо айбдор кард. Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, иқдоми Белорус ба хотири таҳримҳоест, ки Аврупо нисбати режими Лукашенко ҷорӣ кардааст. Белорус Лаҳистонро дар муносибати ғайриинсонӣ нисбати муҳоҷирон айбдор кард.

Ба иттилои радиои лаҳистонии RMF ҳудуди 200 нафар шоми 9-уми ноябр ва гурӯҳи дигар иборат аз 60 нафар нимашаб талош карданд, ки марзи Лаҳистонро бишкананд.

Сухангӯи пулиси минтақаи Подланские гуфт, ки мақомоти интизомӣ дар 24 соати гузашта ҳудуди 50 нафарро дар Биаловиеза боздошт карданд. Томас Крупа ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки бо ду гурӯҳи алоҳидаи муҳоҷирон даргир буданд ва бархе аз онҳо боздошт шуданд.

Ин як шаби ноором дар марзи Лаҳистон--Белорус буд. Воқеан, чанд талоши убури марзи Лаҳистон сурат гирифт",-- гуфт вазири мудофеа дар гуфтугӯи телевизионӣ рузи 10-уми ноябр. Ба гуфтаи вай, ҳамаи марзшиканҳо боздошт шудаанд. Ба иттилои вазир, дар марзи Лаҳистон бо Белорус шумораи низомиён аз 12 ҳазор то 15 ҳазор нафар афзоиш дода шуд.

Мақомоти лаҳистонӣ Минскро муттаҳам карданд, ки "ҳамлае" бар марзро ташкил кардааст ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия буҳронро созмондеҳӣ кардааст.

Нахуствазири Лаҳистон дар нишасти изтирории порлумони он кишвар гуфт, ин ҳамла, ки Лукашенко анҷом медиҳад, тарроҳи он дар Маскав аст ва нақшаи президент Путин аст".

Худи ҳамон руз порлумони Литва вазъияти фавқулоддаи якмоҳа эълон кард, то ба марзбонон иҷоза диҳад, ки барои пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирон ба кишвар аз чораҳои муносиб истифода кунанд.

Лаҳистон аллакай дар минтақаҳои ҳаммарз бо Белорус вазъияти фавқулодда эълон кард ва вакилони порлумони он кишвар бо ихтисос додани 407 миллион доллар барои бунёди девор дар марз бо Белорус мувофиқа намуданд.

Ҳукумати Лукашенко, ки аз сӯи Русия пуштибонӣ мешавад, ба доман задан ба буҳрони муҳоҷират муттаҳам мешавад.

Дар вокуниш ба ин буҳрон, раиси Комиссияи Аврупо рузи 8-уми ноябр аз кишварҳои аврупоӣ хост, то таҳримҳоро дар нисбати режими Лукашенко тамдид намоянд".

Буҳрони муҳоҷират дар марзҳои Белорус бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар пайи таҳримҳои ҳукумати Александр Лукашенко аз сӯи Аврупо ба далели саркуби эътирозгарон ба натиҷаҳои интихоботи президентии соли гузашта оғоз шуд.

Гуруҳҳои ҳуқуқи башар ҳукумати Лаҳистонро ба далели водор кардани муҳоҷирон ба бозгашт ба хоки Белорус ба нақзи созишҳои байналмилалӣ дар заминаи баррасии паноҳандагии ин афрод муттаҳам кардаанд, вале ҳукумати Лаҳистон иддао кардаанд, ки ин чораҳо қонунӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, Иттиҳоди Аврупо созишномаи осониҳои дарёфти визаро бинобар вазъияти пешомада бекор кардааст. Шурои Аврупо рузи 9-уми ноябр эълон кард, ки ин тасмим шомили мақомоти Белорус мешавад ва шаҳрвандони оддӣ шомили он намешаванд.

XS
SM
MD
LG