Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мансабдори WHO ба набудани коронавирус дар Туркманистон шубҳа кард


Шифохонае дар Ишқобод (Ашхобод), моҳи январи 2021
Шифохонае дар Ишқобод (Ашхобод), моҳи январи 2021

Як мансабдори баландпояи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) ба набудани коронавирус дар Туркманистон изҳори шубҳа кардааст.

Кетрин Смолвуд, як афсари калони умури изтирории Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, дар суҳбат бо Би-би-си рӯзи 8-уми ноябр гуфт, "аз назари илмӣ имкон надорад, ки вирус дар Туркманистон гардиш надошта бошад."

Бори аввал аст, ки як намояндаи ташкилоти вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид иддаои ҳукумати Туркманистонро дар бораи кишвари орӣ аз COVID будани он ба баҳс мекашад.

Туркманистон пойфишорӣ дорад, ки ҳеч мавриди гирифторӣ ба коронавирус дар ин кишвар сабт нашудааст. Ин дар ҳолест, ки гузоришҳо аз дохили Туркманистон баёнгари онанд, ки шифохонаҳои маҳаллӣ пур аз беморон буда, фавти эҳтимолии одамон аз коронавирус низ зиёд аст.

Кетрин Смолвуд гуфт, ҳукумати Туркманистон, ки кишварро шадидан назорат мекунад, бо ин маъруф аст, ки "давоми солҳои дароз маълумоти воқеиро пинҳон дошта, шахсонеро, ки ҳақиқатро ошкор мекунанд, саркӯб мекунад."

Айни замон, ба гуфтаи Смолвуд, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ наметавонад ҳукумати Туркманистонро ба ҷавобгарӣ кашад, чун бояд аз рӯи оинномааш амал кунад.

Ба бовари Смолвуд, ки моҳи июли соли 2020 ҳамчун раҳбари намояндагии созмон дар Туркманистон кор кардааст, беҳтар аст, бо ҳукуматҳо дар муколама буд.

Дар Туркманистон бо вуҷуди рад кардани коронавирус, чораҳои пешгирӣ аз беморӣ ҷорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG