Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии Русия: Корфармоён бояд барои муҳоҷирон шароити мусоид фароҳам кунанд


Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия.
Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия.

Раиси Шӯрои рӯҳониёни мусулмони Русия Албир Крганов гуфтааст, муассисаҳое, ки муҳоҷиронро ба таври оммавӣ ба кор ҷалб мекунанд, бояд масъалаи ҷойи зисти онҳоро ҳал карда, барои иқоматашон шароити мусоид фароҳам оварданд. Дар ин бора Крганов дар сӯҳбат бо РИА Новости иброз дошта, аз ҷумла таъкид намудааст, ки муроҷиати сокинони деҳаи Сосенсокеро пуштибонӣ мекунад. Мардуми бумии ин минтақа баъди кӯчонидани маркази ягонаи муҳоҷират аз Пулкова ба Сахарово ба Шӯрои оид ба ҳуқуқи инсони назди президенти Русия оид ба вазъи ҷинотякорӣ шикоят бурдаанд. Крганов ишора намудааст, ки корфармоён бояд натанҳо дар фикри пулкоркунӣ аз ҳисоби муҳоҷирон бошанд, балки масъалаи шароити дурусти ҳузур ва зиндагии онҳоро дар Русия таъмин намоянд. Муфтӣ ҳамчунин аз он ёдоварӣ кардааст, ки дар Маркази савдои "Фудситӣ, раҳбарият бо вуҷуди дархости Шӯрои муфтиёти Маскав, барои муҳоҷирон ҷойи намозхонӣ ташкил накардааст.

XS
SM
MD
LG