Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдурофеъ Рабизода: Зан бояд ба зани дигар гузашт кунад. ВИДЕО


Абдурофеъ Рабизода, адиби тоҷик
Абдурофеъ Рабизода, адиби тоҷик

Абдурофеъ Рабизода, адиби машҳур ва муаллифи беш аз 120 китобу 43 филмнома ба синни 70-солагӣ расид. Ӯ бештари умри худро сарфи нависандагӣ кардааст.

Эҷодиёташ қариб ба чил забони мардуми дунё тарҷумаву чоп шудаанд. Филмҳояш дар кишварҳои зиёди олам ба намоиш гузошта, сазовори ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ гардидаанд.

Ӯ дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки эҷоди асар барояш оромиши рӯҳӣ мебахшад. Ин посух ба суоли мо буд, ки пурсидем, чаро навиштанро дӯст медорад.

Абдурофеъ Рабизода: Саволе, ки додед ҳамеша пешорӯйи ман аст. Аммо ба ду савол ҳаргиз посухе наёфтаам. Якумаш, барои чӣ дӯст медорам? Дувум, барои чӣ иншо мекунам, менависам ва рӯй ба адабиёт овардаам? Шояд, барои он ки то чизе нанависам оромиш пайдо намекунам. Ба худ савол мекунам, ки барои оромиши худ навиштам, вале чаро хонанда онро хонда, оромӣ пайдо мекунад? Мардум мегӯянд, ин истеъдод аст ва ҳадяи осмонӣ, вале худ то ҳол ба ин савол ҷавобе пайдо накардаам. Аммо, медонам, ки эҷод кардан ин масъулияти хеле гарон аст. Ин танҳо барои оромии худ, балкӣ барои такони мардум, барои ба роҳи дуруст ҳидоят кардани мардум зарур аст. Аслан, зиндагӣ чизест, ки гӯё медонем ва гӯё онро намедонем. Эҷод мӯъҷизаест, ки илҳоми осмонӣ онро ба вуҷуд меорад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

"Зан бояд ба зани дигар гузашт кунад"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:39:20 0:00

Радиои Озодӣ: Дуруст аст, аммо, устод, шояд дар пайи мутолеоти зиёд ишқи эҷод кардан дар шумо пайдо шуд ё ягон амри дигар?

Абдурофеъ Рабизода: Мо дар водии Вахш зиндагӣ мекардем. Падару модари ман масъули назорат ба немисҳое буданд, ки замони сталинӣ ба ин ҷо кӯч дода шуда буданд. Ин олмониҳои русшуда буданд, ки дар замони императорӣ дар кишвари Ставрополи Русия зиндагӣ мекарданд, аммо Сталин онҳоро беэътимод дониста, ба Осиёи Миёна бадарға карда буд. Модарам забони олмониро медонистанд ва бо онҳо кор мекарданд. Онҳо дар як ҳудуди муайян кор мекарданд ва онҳоро берун рафтан иҷозат намедоданд. Ин занҳои олмонӣ гирди модарам барои шунидани афсонаҳояшон зиёд менишастанд. Ин занҳоли олмонӣ аллакай забони тоҷикиро балад шуда буданд ва модарамро Афсона меномиданд. Дар ҳамон ҷо ҳам аз ҳама хонаҳои зебо манзили оилаҳои олмониҳо буд, ҳарчанд Ҳукумати шӯравӣ ба касе иҷозат намедод, ки девори хонааш як ваҷаб баландтар бошад. Падарам дар он ҷо роҳбари гурӯҳи сохтмончиҳои олмонӣ буданд. Ҳатто, вақте падарамро барои кор ба Панҷакент фиристоданд, тамоми занҳои гузари мо бегоҳиҳо дар хонаи мо ҷамъ шуда, афсонагӯиҳои модарамро гӯш медоданд. Занҳо ҳатто хамирашонро гирифта, хонаи мо меомаданд.

Радиои Озодӣ: Барои шунидани афсонаҳо?

Абдурофеъ Рабизода
Абдурофеъ Рабизода

Абдурофеъ Рабизода: Он вақт оилаҳо серфарзанд буданд ва пухтани нон ҳатмӣ буд ва занҳо афсонаро гӯш дода, зуд рафта чанд нонро ба танӯр мечаспониданд ва баргашта, идомаи афсонаро гӯш медоданд. Шояд, аввалин тухмаҳои фаъолиятам дар он ҷо кишта шуда буд. Мо даҳ нафар фарзанд будем ва баъд аз бемории падарам аҳволи мо бад шуд. Модарам барои тарбия боз се сағираи дигарро ҳам гирифта буданд. Дар маҷмӯъ, понздаҳ кас ва барои ҳама нон пухтан даркор буд. Дӯстонам хоҳиш карданд, ки ба ҷойи модарам ман афсона бигӯям ва ҳамин тавр оҳиста ба навиштан ҳам шурӯъ кардам. Боре барои навиштаҳоям 30-40 сӯм маблағ доданд, ки ба он ман костюму туфлӣ харидам.

Радиои Озодӣ: Агар иштибоҳ накунам дар миёни номгӯйи китоҳоятон китобе бо номи “Афсонаҳо” ҳам ҳаст...

Абдурофеъ Рабизода: Бале, ҳатто ахиран дар Москав як китобе дар бораи ман нашр шуд, ки муаллифонаш навиштаанд, сабки Абдурофеъ навовариест, ки афсонаро бо зиндагӣ омезиш медиҳад. Як китобе ҳам дорам бо номи “Афсонаи зиндагӣ”. Аз рӯйи ин асар филм ҳам гирифтаам, ки дар синамобазми “Вертикал”-и Швейтсария миёни 48 кишвари ширкаткунанда соҳиби ҷоиза шуд. Дар ҷашновари “Золотой феникс” ин филм миёни панҷ филми беҳтарини ҷаҳон намоиш дода шуд.

Радиои Озодӣ: Мафҳуме ҳаст, ки нависандаи хубу бад ва эҷодиёти хубу бад низ вуҷуд дорад. Ба назари шумо, адиби хуб метавонад асари бад ё баръакс нависандаи бад асари хубе бинависад?

Абдурофеъ Рабизода: Эҷодкори хубу бад чист? Мисол эҷодкореро ҳамарӯза дар кӯча мебинам ва ӯ шояд даҳҳо асар навишта бошад, вале ман инро намедонам. Ё Балзак дар Фаронса ҳаст, аммо ман асарҳои ӯро ба хубӣ медонам. Ҳамин тавр, Габриэл Гарсиа Маркес дар Колумбия аст, аммо ман китоби «Сад соли танҳоӣ»-и ӯро барвақт хондаам ва гӯё вай рафиқи наздикам аст. Асари хуб ҳам муаллиф ва ҳами миллати ӯро муаррифӣ мекунад. Вақте Умари Хайём мегӯем, ин танҳо Умари Хайём нест. Вай чеҳраи фарҳангии тамадуни миллати тоҷику форс аст. Ҳофизи Шерозӣ ё Ҷалолиддини Балхӣ ҳам ҳамин тавр. Нависандаи хуб ҳамонест, ки на танҳо ӯро дар кӯча шиносанд, балкӣ дар Шарқу Ғарб муаррифгарӣ фарҳанги миллаташ бошад.

Радиои Озодӣ: Дар канори навиштани асарҳо шумо ҳамчунин бо синамоофарӣ машғулед. Дар Русия адибе саршинос Василий Шукшин буд, ки аз рӯйи асари худ “Калина красная” филме наворбардорӣ кард ва худаш низ дар он нақши асосиро бозид. Сабаби ба филмноманависӣ рӯй овардани шумо дар чист?

Абдурофеъ Рабизода ҳангоми суҳбат бо Искандари Фирӯз, хабарнигори Радиои Озодӣ
Абдурофеъ Рабизода ҳангоми суҳбат бо Искандари Фирӯз, хабарнигори Радиои Озодӣ

Абдурофеъ Рабизода: Аслан, дар бораи шаҳр ман кам менавиштам, вале дар як қиссаи “Аспи охирин” талош кардам симои шаҳрнишинонро ба дурустӣ бозгӯ кунам. Ин қисса дар бораи нафаре, ки аз деҳа ба шаҳр бо аспу аробааш кӯч мебандад. Мақомот мехоҳанд ҳавлии ӯро вайрон карда, аспашро ба қассобхона супоранд. Дар ҳама ҷо одами хуб ҳам ҳаст ва ҳам одаби бад. Дар ин асар як нигоҳи наве буд. Дар маҷаллаи “Садои шарқ” ин асарро чоп накарданд.

Радиои Озодӣ: Чаро?

Абдурофеъ Рабизода: Гуфтанд, дар ин асар оҳанги зиддишӯравӣ дида мешавад. Он замон ман дар Норак кор мекардам. Дар анҷумани адибони ҷавон дар Москва аз ҳамин асари ман тавсиф шудааст, ки як нигоҳи тоза дорад ва онро беҳтарин асар донистанд.

Радиои Озодӣ: Агар иштибоҳ накунам, ин асар дар бораи пирамарде, ки ҳам аспу ҳам фойтуне дар шаҳр дорад?

Абдурофеъ Рабизода: Бале, бо номи “Дӯстонро намефурӯшанд”. Ҳамин асар сипас дар нашриёти “Молодая гвардия” бо тиражи 100 ҳазор нусха нашр шуд. Бо пешниҳоди Борис Кимёгаров аз рӯйи ин асар филм офарида шуд, ки онро 26 кишвари ҷаҳон харидорӣ карданд. Ҳарчанд, дар он солҳо филмҳои шӯравӣ дар ҷаҳон чандон бозоргир набуданд. Яъне, имкони қафогардӣ надоштам ва хоҳам-нахоҳам бояд ба кино мерафтам. Дар синамогароӣ 43 филмнома навишта, дар шаш филм таҳиягар будам.

Радиои Озодӣ: Аммо, нахостед ба мисли Василий Шукшин дар филме нақш ҳам офарида бошед?

Абдурофеъ Рабизода: Дар бархе аз филмҳо нақш бозидаам, вале, фикр мекунам, рисолати асосии ман таҳияи филмномаҳо аст.

Радиои Озодӣ: Ҳар як эҷодкор наметавонад аз маҷрои зиндагии ҷомеа берун бошад. Онҳо ҳамеша аз ҳаводиси ҷомеаи феълӣ огаҳӣ доранд. Шумо низ бохабаред, ки ахиран як зану шавҳар ба хотири азияти зани дигаре, ки беш аз ду моҳ дар ҳоли беҳушӣ аст, боздошт шудаанд. Гуфта мешавад, ки зани якум зани қонунӣ ва дувумӣ маъшуқааш будааст. Шумо дар бораи дузанагӣ ҳам асаре офаридаед. Ҳоло назари шумо дар бораи дузанӣ дар Тоҷикистон чист?

Абдурофеъ Рабизода: Вақте филми “Марди мутааллиқи ду зан”-ро офаридем, дар Тоҷикистон онро қабул накарданд. Гӯё, ки дар ҷомеаи мо ин мушкил вуҷуд надошта бошад. Аммо, ин филм дар чанд ҷашнвораи байналмиллалӣ соҳиби ҷоиза шуд. Инсоният ҳамеша дар ихтилоф зиндагӣ мекунад. Аммо, оё гузашт кардан мумкин ё не? Ҳатто адабиётшиносон ҳам навиштанд, ки ин зиндагӣ аст ва агар касе хуш наомад, намешавад бо ӯ тамоми умр ҳамроҳ буд. Дар асари мо маъшуқа мефавтад ва зани якум фарзанди ӯро нигоҳубин мекунад ва ҳатто номашро “Нишона”, яъне нишона аз зани фавтида мемонад. Фикр мекунам, дар чунин ҳолатҳо зан ҳамчун зан бояд ба зани дигар гузашт кунад. Муҳимаш зери по нашудани инсон, ҳоҳишҳояш ва эҳсосоташ аст.

Радиои Озодӣ: Агар ба мавзӯи адабиёт баргардем, ҳоло мо иттилое дар даст дорем, ки хона-музейи Садриддин Айнӣ, қаҳрамони Тоҷикистон тахриб мешавад ва мақомот пешниҳод кардаанд, ки нусхаи он дар боғи ба номи Айнӣ бунёд карда шавад. Шумо ба ин тасми чӣ назар доред?

Абдурофеъ Рабизода: Вақте ба кишварҳои дигар сафар мекунӣ, ҳатто ба кишварҳои пасошӯравӣ, мебинӣ, ки дар миёни биноҳои чиҳилқабата ҳавлиҳои пасту қадимае ҷой гирифтаанд. Ба унвони мисол, чунин вазъият дар Доғистон аст ва осорхонаи Расул Ғамзатов дар миёни биноҳои баландошёна ҳифз шудааст. Ё дар Самарқанд майдони Регистонро бозсозӣ карданд. Тасмим шуд, ки хона-музейи устод Садриддин Айнӣ дар ин шаҳр ҳифз карда шавад. Чандин мағозаҳову осорхонаҳои дигарро тахриб карданд, аммо хона-музейи устод Айнӣ боқӣ монд. Фикр мекунам, барои мо низ тавофгоҳе даркор аст, ки дар он ҷо гоҳ-гоҳе зиёиён ҷамъ омада, табодули андеша кунанд. Шояд, ба боғи Айнӣ кӯчонидани ин осорхона бадие надорад, вале устод дар ин ҳавлӣ зиндагӣ кардаанд.

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, ҳоло дар шароити хуруҷи бемории ҳамагир ва уфти иқтисодӣ зиндагии шумо ба унвони як зиёӣ ба таври маъмулӣ пеш меравад ё мушкилоте вуҷуд дорад?

Навиштаҳои Абдурофеъ Рабизода
Навиштаҳои Абдурофеъ Рабизода

Абдурофеъ Рабизода: Бубинед, ҳоло дар Тоҷикистон озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” ҷараён дорад. Барои ғолибон 60 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмӯъ бо дарназардоштӣ пирӯзӣ дар даврҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ то 200 ҳазор сомонӣ ҷоиза пешбинӣ шудааст. Лекин, ин шахс фақат шеър азёд кардааст. Ин ҳам хуб аст. Вале онҳо танҳо барои ҳифз кардани шеър ин қадар маблағ мегиранд. Дар замонҳои пешин ҳам амирон барои фароҳам кардани шароити зиндагии эҷодкорон ҷоизаҳое медоданд. Ҳатто, замоне, ки устод Айнӣ дар Самарқанд зиндагӣ мекарданд, роҳбари вақти Тоҷикистон Ӯлҷабоев барояш як мошини “Победа” тақдим карда буд. Танҳо, ба хотире, ки ин адиб ба Тоҷикистон омада, дар ин машғули эҷоди асарҳояш шавад. Зеро, вай нахуст ҳатто романи “Ғуломон”-ро ба забони узбекӣ навишта буд. Ҳоло зиндагиам танҳо бо маблағи нафақапулӣ душвор хоҳад буд. Ман ба синамогароӣ машғулам ва аз ин ҳисоб маблағи иловагӣ ба даст меорам. Фикр мекунам, замоне фаро расидааст, ки роҳбарияти кишвар ба чеҳраҳои саршинос як навъ идрорпулие муқаррар кунанд, ки онҳо тавонанд танҳо машғули эҷодиёт бошанд. Дар акси ҳол, бубинед, мутахассисони моро кишварҳои дигар бо додани маоши андаке бештар ба гирифтани шаҳрвандиашон моил месозанд. Роҳи ҳалли ин мушкил танҳо фароҳам кардани шароити сазовори зиндагии қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошад. Дар акси ҳол, зиёиён баъд аз кор ба хона баргаштан, боз машғули кори дигаре мешаванд. Яъне, вай на танҳо барои оилаи худаш, балкӣ барои миллат ҳам кор кунад.

XS
SM
MD
LG