Порлумони Португалия тарҳи қонун дар бораи "эвтаназия"-ро, ки дар Тоҷикистон баъзан "марги осон" ё "марги ихтиёрӣ" ном мебаранд, дубора қабул кард.
Вакилони Португалия ҳанӯз дар аввали имсол қонунро тасвиб карда буданд, вале президенти он кишвар имзо нагузошт ва Додгоҳи конститутсионӣ монеи иҷрояш шуд.
Ба пуштибонӣ аз тарҳ 138 вакил ройи мусбат дода, 84 кас мухолиф баромаданд ва панҷ кас бетарафиро ихтиёр карданд.
Ин дафъа ба қонун моддаи нав илова кардаанд, ки мафҳумҳои "марг бо ёрии тиб", "худкушӣ бо ёрии тиб", "эвтаназия", "бемории вазнин ё табобатнашаванда"-ро шарҳ медиҳад. Ҳоло санадро президент бояд дигарбора арзёбӣ кунад.
Порлумони Португалия соли 2018 низ ин мавзуъро баррасӣ карда буд, вале он вақт сафи мухолифони "эвтаназия" дар он кишвар зиёд буд.
Ҳоло эвтаназия дар Белгия, Испания, Люксембург, Ҳолланд, Канада ва Колумбия, инчунин, дар баъзе иёлатҳои Австралия ва Иёлоти Муттаҳида қонунӣ шудааст.