Русия дар Тоҷикистон маркази ҷалб ва омодасозии асноди муҳоҷирони корӣ ба кишварашро таъсис медиҳад. Аз ин ба баъд сокинони Тоҷикистон ҳанӯз дар Душанбе бо корфаромоёни рус қарордоди корӣ имзо карда, иҷозаи кор ва иқомат дар Русияро пайдо мекунанд.
Маскав талошҳои наверо барои танзими муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия барои кору даромад роҳандозӣ карданист. Чунин талошҳо то ҳоло низ буданд, вале барномаи нави ҳукумати Русия нишон медиҳад, ки онҳо натиҷаи кофӣ надодаанд.
Мақомоти Русия гуфтаанд, ки дар солҳои 2022 то 2025 дар Узбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон марказҳои ҷалби муҳоҷирони кориро таъсис медиҳад. Хоҳишмандон дар ин марказҳо метавонанд аз шароити муҳоҷират ба Русия огоҳ шаванд ва кордиҳандагони рус тавонанд, аз миёни онҳо афроди соҳибихтисосро интихоб намоянд. Ҷузъиёти ин барномаро муовини вазири рушди иқтисодии Русия Дмитрий Волвач дар гуфтугӯ бо хабарнигорон шарҳ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, барномаи нав шароитро барои ҳарду ҷониб беҳтар мекунад. Ин хабар дар Тоҷикистон ҷалби таваҷҷуҳ кард. Коршиносони тоҷик ба он нигоҳи мусбат доранд. Аз ҷумла, Раҳмон Ӯлмасов, яке аз донандагони равандҳои муҷират мегӯяд, аз ин ба баъд муҳоҷири кории тоҷик ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кору зиндагӣ дар Русияро дар худи Душанбе таҳия карда, аз маоши мегирифтаву шароити зиндагиаш дар он кишвар огаҳӣ пайдо мекунад.
Ба гуфтаи Раҳмон Ӯлмасов, қаблан низ муҳоҷирони кории тоҷик ин ҳама корро дар Маскав анҷом медоданд, вале бо харҷи вақту маблағи бештар ва ҳоло ин корро роҳат дар Душанбе анҷом медиҳанд. Ӯ мегӯяд, корфармоёни рус барои интиқоли ин муҳоҷирон ба минтақаи зарурии Русия мусоидат мекунанд. "Соле қабл дар Узбекистон чунин марказе ифтитоҳ шуда буд ва дар тӯли як соли ахир теъдоди муҳоҷирони кории узбек дар Русия ва маблағҳои интиқолиашон ба ватан 16 маротиба афзоиш ёфт",-афзуд Ӯлмасов.
Вале, ба иттилои ҷониби Русия, ин марказ танҳо дар Душанбе фаъолият хоҳад кард. Ин амр барои муҳоҷирони кории тоҷик аз манотиқи махсусан дурдасти Тоҷикистон мушкилотеро низ дар пай хоҳад дошт. Зеро, ин афродро зарур аст қабл аз сафар ба Русия, ба Душанбе биоянд ва барои сабти ном ва таҳияи асноди зарурӣ муддате дар пойтахти Тоҷикистон зиндагӣ кунанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Худи муҳоҷирони кории тоҷик, ки қасди сафар ба Русияро доранд аз имкони боз шудани маркази омодасозии муҳоҷирон истиқбол мекунанд. Зеро, ба гуфтаи Анвар Самадов, сокини 30-сола аз ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, зимни кафолатдиҳии сохторҳои давлатӣ мешавад ба қарордодҳои ширкати корфармо эътимод кард.
Анвар Самадов мегӯяд, соли 2015 ба як нафаре бовар карда, барои кор ба Русия рафт. Ҷониби кордеҳ ваъда дода буд, ки пули роҳкирову патентро пардохт мекунад. Аммо, дертар маълум шуд, ки ин ҳама хароҷот аз ҳисоби маоши ӯ будааст ва дар натиҷа, қариб шаш моҳ барояш бепул кор кард. "Вале, агар сохтори давлатӣ ваъда диҳад, ки ҳама хароҷотро ба зимма мегирад, мешавад ба ин бовар кард",-мегӯяд ин сокини вилояти Хатлон.
Ба гуфтаи вай, вақте вориди Русия мешавӣ ва дақиқ намедонӣ, ки дар куҷо ва чӣ шароите кор мекунӣ, имкон дорад мавриди таваҷҷӯҳи сохторҳои интизомии Русия қарор бигирӣ. Умдатан, дар чунин ҳолат онҳо муҳоҷиронро барои муддате бо шарти ворид нашудан ба қаламрави кишвари худ ихроҷ мекунанд.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик бар ин назар аст, ки танҳо ба Русия ва Қазоқистон сафар кардани муҳоҷирони кории тоҷик бозори нерӯи корӣ дар минтақаро дар инҳисор қарор додааст. Ба гуфтаи вай, баъд аз хуруҷи бемории COVID-19 шароите пайдо шудааст, ки муҳоҷирони кории тоҷик бояд талош кунанд ба кишварҳои ғарбӣ раванд.
"Соле қабл чанд тан аз хешовандонам барои кор ба Бритониё ва Лаҳистон рафтанд ва то ҳол дар он ҷо маоши хубе ба даст меоранд. Ин раванд бояд тавсеа дода шавад. Вале мақомот дар ин замина талошҳои зарурӣ анҷом намедиҳанд. Мақомот мехоҳад танҳо худаш раванди муҳоҷиратро танзим кунад. Аммо, дар ин бозор бояд рақобат сурат бигирад. Барои ин кор бояд заминаи ҳуқуқии фаъолияти агентиҳои хусусии корҷӯён фароҳам карда шавад. Ширкатҳои хусусӣ метавонанд барои шаҳрвандони тоҷик дар кишварҳои ғайри Русияву Қазоқистон ҷойи кор ва виза барои сафар пайдо кунанд".
Дар ҳамин ҳол, ахиран Вазорати корҳои дохилии Русия дар сомонаи расми худ хабар додааст, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ду миллиону беш аз 25 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар барои дарёфти иҷозаи кор сабти ном шудаанд. Ҳамзамон гуфта шудааст, ки то ҳол беш аз якуним миллион нафар аз ин теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик сабти номи худро бекор кардаанд.
Мақомоти тоҷик иддао доранд, ки дар соли ҷорӣ танҳо ҳудуди 481 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик ба Русия сафар кардаанд. Соҳибназарон ҳамчунин аз вуҷуди ҳудуди 800 ҳазор атбои тоҷик бо шиносномаҳои Русия низ изҳори назар мекунанд.
Раҳмон Ӯлмасов, коршиноси масоили муҳоҷиратии тоҷик мегӯяд, ки таҷрибаи чандсола нишон медиҳад, ки на Тоҷикистон ва на Русия дар мавриди омори муҳоҷирони корӣ иттилои дақиқ намедиҳанд. Душанбе талош мекунад шумораи муҳоҷирони кории худро камтар нишон диҳад. Аммо Русия дар навбати худ ҳамаи воридшудаҳо ба қаламравашро муҳоҷири корӣ унвон мекунад.
Созмонҳои молии байналмиллалӣ то замони хуруҷи бемории ҳамагир иддао мекарданд, ки то 40 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро пулҳои интиқолии муҳоҷирон ташкил медиҳанд. Аммо, Ҳоҷимуҳаммад Умаров ахиран гуфта буд, ки ба далели баста будани марзҳо дар пайи ин беморӣ ин рақам то 23 дарсад коҳиш ёфтааст. "Ин нисбат ба солҳои қаблӣ хеле кам аст. Табиист, ки даромади сокинон низ кам шуд. Сабабаш маълум аст. Буҳрони иқтисодӣ, таҳримҳо дар муқобили Русия, пандемияи коронавирус ва сабабҳои дигар низ вуҷуд дорад", - шарҳ дод ӯ.