Як сокини ноҳияи Файзобод, ки вакили деҳаро барои овардани маъмурони Хадамоти оташнишонӣ ба манзили зисташ бо табар зада буд, бо гумони “қасди куштор” боздошт шудааст.
Рӯзи 24-уми октябр Нуриддин Камолов, сокини деҳаи Офтобруяи ҷамоати Бустони ноҳияи Файзобод ба Қурбоналӣ Давлатов, вакили ин деҳа барои ҳамроҳии маъмурони Хадамоти оташнишонии ноҳия, ки дар манзили зисти ӯ истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ бо асбобҳои худсохтро ошкор кардаанд, бо табар ҳамла кардааст. Дар пайи ҳамла вакили деҳа аз гарданаш захм бардошта, дасташ шикастааст. Ӯ ҳоло дар беморхона бистарӣ ҳаст.
Дар додситонии ноҳияи Файзобод гуфтанд, ки нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи “сӯқасди одамкушӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд ва Нуриддин Камолов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Шарофиддин Давлатов, писари вакили деҳа дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дасти шикастаи падарашро бастаанд ва нисбат ба чанд рӯз пеш вазъаш беҳтар шудааст. Ӯ гуфт, ки он рӯз падараш аз рӯи қоида маъмурони Идораи оташнишонии ноҳияро барои тафтиши манзилҳои зист ҳамроҳӣ карда буд. Ба гуфтаи ӯ, маъмурони Идораи оташнишонӣ дар хонаи ин сокини деҳа асбобҳои худсохти барқӣ пайдо кардаанд ва нисбат ба ин ҳолат санад тартиб додаанд.
“Ӯ он замон дар хонааш набудааст. Дертар меояд ва падарамро ба хонааш даъват кардааст. Меравад, ки ӯ бо табар пешвоз мегирад. Падарам гуфт, ки ҳеҷ дар ақлаш намеғунҷид, ки бо табар мезанад. Чанд табар мезанад, ки ду зарби табараш мерасад. Як зарб дар гарданаш ва зарби дигар устухони дасташро ду пора мекунад. Як нафар ӯро медорад, вагарна шояд мекушт.”,--гуфт ӯ.
Вакили деҳа дар Тоҷикистон як вазифаи ҷамъиятӣ аст. Вакилони деҳа аз буҷаи давлат маош намегиранд, вале ба ниҳодҳои давлатӣ дар иҷрои вазифаҳояшон дар маҳал кумак мерасонанд.
Наздикони Нуриддин Камолов аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд ва нагуфтанд, ки ӯ дар кадом ҳолат вакили деҳа ҳамла кардааст. Ҳанӯз ин сокини боздоштшуда адвокат барои дифоъ аз худ надорад.
Маъмулан, кормандони Хадамоти оташнишонӣ бо баҳонаи пешгирӣ аз сӯхтор дар манзилҳои зист санҷиш анҷом медиҳанд. ба онҳо ҳамзамон супориш шудааст, ки истифодаи дурусти барқ дар хонаҳоро низ тафтиш кунанд. Дар Идораи оташнишонии ноҳияи Файзобод гуфтанд, ки ин як санҷиши маъмулӣ буд, ки дар тамоми ноҳия давом дорад. Як корманди ин ниҳод гуфт, дар хонаи ин сокини ноҳия печҳои худсохт пайдо шуда буд, ки барқро ғайриқонунӣ аз меъёр зиёд истифода мебурд. Ин ҳолат ба гуфтаи ӯ, хатарнок буд, чун қоидаҳои бехатарӣ риоя нашуда буданд, ки имкони сухторро бештар мекунад. Ба гуфтаи ӯ, нисбат ба ин ҳолат санад тартиб доданд, вале ҳанӯз ҷарима нашуда буд.
Ҳоло дар Тоҷикистон аксари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифодаи дурусти барқ дар манзилҳои зист ва корхонаҳоро месанҷанд. Зоҳиран, Тоҷикистон гирифтори бӯҳрони камбуди барқ аст. Ҳарчанд, расман ҳеҷ маҳдудияте дар интиқоли нерӯи барқ эълон нашудааст, вале сокинон аз хомуш шудани барқ дар хонаҳояшон як моҳ боз шикоят доранд.