Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТАСС: "Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон қарор дорад"


Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон.
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон.

Хабаргузории русии ТАСС менависад, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳоло дар Тоҷикистон аст. Ин хабаргузорӣ рӯзи 1-уми ноябор бо такя ба Восиқ Кабир, намояндаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва муовини волии пешини Панҷшер Восиқ Кабир, дар ин бора иттилоъ дод.

Восиқ Кабир ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, "Аҳмад Масъуд акнун дар Тоҷикистон аст, аммо гоҳе ба Афғонистон сафар мекунад ва дар онҷо бо гурӯҳҳои муқовимат дар минтақаҳои гуногуни кишвар вомехӯрад".

Ба гуфтаи вай, Масъуд ҳоло талош дорад, ки барои мубориза бо "Толибон" ҳимояти кишварҳои мухталифро ба даст биёрад. "Масъуд дар пайи бовар кунонидани кишварҳои минтақа барои зарурати мубориза бо Толибон аст. Ӯ барои ҷалби таваҷҷуҳ ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва ҷалби ҳимоят, ба кишварҳои мухталиф сафар мекунад",-гуфтааст Восиқ Кабир.

Муовини волии пешини Панҷшер хотирнишон кардааст, ки ин ҷабҳа робитаҳои хубе бо Тоҷикистон дорад, ки "ҳамеша кӯмакҳои қобили таваҷҷуҳе ба мардуми Афғонистон дар мубориза бо Толибон ироа карда ва акнун низ ба ин кор идома медиҳад".

Пештар манбаъҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон ҳам хабар дода буданд, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, "бо як сафари кӯтоҳ ба Душанбе омад, аммо дубора ба Панҷшер бозгашт". Сафорати Афғонистон дар Душанбе ҳамвора гуфтааст, ки ӯ дар Панҷшер аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон борҳо ба ҳалли мушкили Афғонистон, аз ҷумла ташкили ҳукумати фарогир таъкид кардааст. Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе, моҳи гузашта гуфт, ҳоло Тоҷикистон ба хотири "мавқеияти дурусташ дар мавриди "Толибон" дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтааст". Аз ин нигоҳ, ба бовари ӯ, Тоҷикистон кишваре шудааст, ки аксар чеҳраҳои мухолиф бо ҳукумати "Толибон"-ро ҷазб мекунад.

"Толибон" 15-уми августи имсол Кобулро тасарруф карданд. Бо гузашти дувуним моҳ ҳеч кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.

Тоҷикистон аз аввалин кишварҳое буд, ки ошкоро эълон кард, ҳукумати ин гуруҳро ба расмият нахоҳад шинохт, то замоне ки ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон ташкил нашавад. Дар муқобил, муовини раиси ҳукумати "Толибон" 26-уми сентябр ба Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад, вагарна "ҳар кор пайомад дорад." Мақомоти Тоҷикистон дахолат дар умури Афғонистонро рад карда, гуфтаанд, ҳадафашон танҳо барқарории субот дар кишвари ҳамсоя ва ҳифзи ҳуқуқи тоҷикони он сӯйи марз аст.

XS
SM
MD
LG