Сухангӯи президенти Қирғизистон Эрбол Султонбоев ба вокунишҳо дар бораи суханҳои раисҷумҳур Содир Ҷабборов роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба марзи ин кишвар бо Тоҷикистон посух гуфт.
Ба гуфтаи Султонбоев, баъзе аз доираҳои манфиатдор гӯё суханҳои Содир Ҷабборовро роҷеъ ба марзи Қирғизистону Тоҷикистон таҳриф мекунанд. "Онҳо бо мақсади ангехтани низоъ миёни ду ҷониб видеоҳои сохтаеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд, ки дар онҳо матни навиштаи худашон баён шудааст. Бешак, мушкили марзӣ танҳо ба нафъи як ҷониб ҳал карда намешавад. Манфиатҳои ҳар ду ҷониб бояд ба инобат гирифта шаванд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем мушкилро аз роҳи осоишта ҳал кунем. Ҷониби Қирғизистон бовар дорад, ки мо ба як андешаи ягона омада, ҳамаро аз роҳи осоишта ҳал хоҳем кард", - изҳор доштааст сухангӯи Ҷабборов.
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, рӯзи 23-юми октябр дар нишасти матбуотӣ дар Бишкек ба масъалаи баҳси сарҳад бо Тоҷикистон дахл кард. Ӯ аз ҷумла гуфт: "Ман гуфтам, мо соли 1924 ба Шумо (Тоҷикистон) Мурғобро бо масоҳати 3 миллион гектар додем. Биёед, онро ба мо баргардонед. Онҳо розӣ нестанд."
Ҳизби демократи Тоҷикистон даъвои раиси ҷумҳурии Қирғизистонро дар мавриди гуё дар гузашта ба онҳо тааллуқ доштани ноҳияи Мурғоб бепоя донист. Ин ҳизб 26-уми октябр дар изҳороте гуфт, "аз нигоҳи сиёсӣ, ин ҳуҷум ба марзу буми Тоҷикистон аст. Зеро аз замони ташкили Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор ва ҷумҳурии мухтори ИҶШС ноҳияи Мурғоб дар қаламраваш буд."
Ноҳияи Мурғоб дар ҳудуди вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҷойгир буда, тақрибан ҳазор километр аз пойтахти кишвар масофа дорад.