Як зани соҳибкор аз вилояти Суғд даъво дорад, ки чанд маъмури идораи гумрук баъди ҳабси маҳсулоташ худи ӯро латту кӯб кардаанд.
Масъулини Раёсати гумруки вилояти Суғд шикояти ин занро рад карда, баръакс худи ӯро бемори равонӣ мехонанд. Додситонии Хуҷанд ин ҷанҷолро таҳқиқ мекунад.
Амволи Қурбонхон Охоноваро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳабс карданд, ки шаш моҳ боз баста мебошад.
Ҳодиса аз куҷо сар шуд?
Ҳодиса рӯзи 10-уми октябр дар қаламрави ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дода аст. Он рӯз маъмурони идораи гумрук худрави “Мерседес Спринтер”-ро, ки биринҷ мебурд, бо гумони маҳсулоти қочоқ будан, боздошт мекунанд.
Ронандаи ин нақлиёт, Нигора Раҳимова мегӯяд, худи ҳамон рӯз маъмурон нақлиёташро ба ҷаримагоҳи идораи гумрук дар шаҳри Хуҷанд ба ҳабс мегиранд.
Баъди як ҳафтаи ҳабси нақлиёт, ронанда ҳамроҳи соҳиби бор ба Идораи гумрук мераванд, то ба санадҳо имзо монад ва нақлиётро бозпас бигиранд. Дар Идораи гумрук, ба гуфтаи Нигора Раҳимова, байни корманди ин ниҳод Н. Ш ва соҳибкорзан Қурбонхон Охонова баҳс сар зад. Раҳимова мегӯяд, ин баҳс баъдан ба муноқиша печид.
Қурбонхон Охонова, ҳоло дар беморхонаи марказии ин шаҳр бистарӣ аст ва табибон ташхиси ӯро “ларзиши майнаи сар” нишон додаанд.
Охонова чунин ҷароҳат бардоштанашро дасти кори Н.Ш, як бозраси Хадамоти Гумрук дар вилояти Суғд медонад. Кӯшиши батакрори Озодӣ барои тамос гирифтан бо ин бозрас натиҷа надод. Ҳамкорони ӯ лату кӯби соҳибкорзанро беасос медонанд.
“Бо ронандаи бори ман дар дохили идораи Раёсати Гумрук дар мавриди нархномаи биринҷ баҳс доштанд, ки ман ҳамроҳ шудам. Ту чаро ба кори мо дахолат мекунӣ гуфта, ба сарам як мушт заду кашолакунон ба долон баровард. Дигар кормандони гумрук омаданд ва моро халос карданд. Мо милисаро даъват кардем, онҳо моро ба додситонӣ бурданд. Баъд бо дархости додситон аз ташхиси тиббӣ гузаштам, ки ҷавобаш “ларзиши майнаи сар” баромад,»-гуфт Қурбонхон Охонова.
Мақомот: мол қочоқ буд
Вале масъулони Раёсати гумруки вилояти Суғд рух додани чунин ҳодисаро дар дохили идораашон рад карданд.
Як корманди Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд, ки шоҳиди ин ҳодиса будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат кормандони онҳо 3700 килограм биринҷи овардаи Охоноваро ҳабс карданд, чун он моли қочоқ буд. "Ҳоло санад тартиб дода истодаем. Вале нисбати онҳо ҳеҷ зӯроварӣ ё рафтори дағалона аз ҷониби кормандони мо сурат нагирифтааст. Он зан шаш маротиба ҷиноят содир кардааст ва дар гузашта нисбаташ борҳо парвандаҳои маъмурию ҷиноятӣ боз шудааст. Аслан ба фикри мо соҳиби аслии бор он зан нест, вале соҳиби аслии борро пинҳон карда истодааст”--гуфт ӯ.
Ба боварии кормандони идораи гумрук, зане, ки борашро бо гумони қочоқ боздошт кардаанд, бемории равонӣ дорад ва борҳо бо кормандони онҳо баҳсу муноқиша кардааст. Наздикони Қурбонхон Охонова бемор будани ӯро рад намекунанд. Онҳо мегӯянд, маҳсулоти овардаи ин соҳибкорзан моли қочоқ набуд. Худи Охонова ба Радиои Озодӣ гуфт, биринҷро аз деҳқонони Исфара харидорӣ карда, барои фурӯхтан ба Хуҷанд мебурд. Ҳамсуҳбати мо гуфт, борҳо ба масъулини гумрук пешниҳод кард, ки замини кишти биринҷро дар Исфара ба онҳо нишон дода, моли қочоқ набудани маҳсулоташонро исбот менамояд. Вале ба гуфтаи ин соҳибкор, мақомоти гумрук ин пешниҳоди ӯро қабул накарданд.
Нигора Раҳимова, ронандаи нақлиёти боркаш, ки ҳоло дар ҳабс аст дар ин бора гуфт: “Онҳо ин борро қочоқ ҳисоб мекунанд ва мегӯянд, мо онро ба таври пинҳонӣ аз Қирғизистон ворид кардаем. Охир роҳҳо маҳкам аст, аммо чигуна аз онҷо мебиёрем. Раванд камераҳоро бинанд, мо ҳам замини деҳқонҳоро нишон медиҳем”.
"Нақлиёти маро баргардонед"
Нигора Раҳимова ҳоло нигарони нақлиёташ аст. Чун ба гуфтаи ӯ, мақомот худрави ӯро пас намедиҳанд. “Мошини ман бештар аз ду ҳафта инҷониб дар ҷаримагоҳ аст. Ман борҳо хоҳиш кардам, ки баёнот гиранд ва расмиётро иҷро карда, борро мусодира кунанду нақлиёти маро бидиҳанд, вале ҳеҷ ҷавоб намедиҳанд. Ман зан ҳастам ва бояд кор кунам, зиндагиамро пеш барам”,--гуфт ӯ.
Феълан Додситонии шаҳри Хуҷанд нисбати ин ҳолат парванда боз карда, қазияро таҳқиқ дорад.
Як масъули ин ниҳод бидуни зикри номаш гуфт, тибқи санҷиши аввалияи тиббӣ осеб дидани зан аз сараш тасдиқи худро ёфтааст, вале ташхиси ниҳоии он вақт мехоҳад.
Масъалаи қочоқ дар шимоли Тоҷикистон, ки бо Қирғизистону Узбекистон ҳамсарҳад аст, аз мавзуҳои доғ ба ҳисоб меравад. Дар гузашта Баҳром Исматуллозода, сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд, гуфта буд, ки "зиёда аз 164 чапроҳае ҳаст, ки худи роҳбари давлат медонад. Ин бисёр масъалаи осебпазир аст. Хатти сарҳад бояд муайян бошад. Агар хатти сарҳад муайян шавад, нуқтаҳои сӯзишворие, ки мавҷуд аст, шояд бардошта шаванд."