Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише гуфтааст, болоравии якбораи нархи маҳсулот боиси бад шудани амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон шуд. Ба гузориши бонк, имсол зиндагии оилаҳое мушкилтар гардид, ки аз дарёфти пули муҳоҷирон маҳрум буданд. Мақомот ҳанӯз вокуниш накардаанд. Дар як соли охир нархи орду равған ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боло рафт ва нигарониву танқидҳои зиёдро ба миён овард.
"Чанд моҳ аст, ки гӯштро надидем"
Малика Хоҷакалонова бо шавҳару чаҳор фарзандаш дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Зиндагии онҳо аз ҳисоби аробакашии шавҳараш мегузарад. Дар Русия ҳам касе надоранд, ки ба онҳо пул фиристад. Хоҷакалонова мегӯяд, боло рафтани нархи маҳсулот дар бозорҳо дастархони оиларо хурдтар ва баъзе маҳсулотро аз он берун кард.
Ҳамсуҳбати мо барои намуна гуфт, ӯ ва кӯдаконаш баъди Иди Қурбон (моҳи июл) дигар гӯштро надиданд ва баъзан дар харидани ширинӣ барои кӯдакон дасткӯтоҳанд. Фаро расидани хунукӣ ташвиши ин оиларо бештар кардааст.
"Зиндагӣ имсол хеле душвортар аст. Порсол дар ин вақт ба ҳар ҳол камтар захира, масалан, ангишт ва картошка доштем. Соли гузашта мева бисёртар мехӯрдем, ҳозир хеле кам, баъзан барои кӯдакон шакар ҳам харида наметавонем", - нақл кард Хоҷакалонова.
Шахсоне, ки истеъмоли хӯрокро кам кардаанд
Фақат Малика Хоҷакалонова нест, ки мегӯяд пандемия ва болоравии нархҳо зиндагиашонро вазнинтар кардааст. Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише аз 15-уми октябр гуфтааст, сафи хонаводаҳое, ки ба хотири болоравии нарх маҷбур шуданд, дастархони худро хурдтар кунанд, афзудааст.
33 дарсади оилаҳое, ки дар як назарсанҷии Бонки Ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон иштирок кардаанд, гуфтаанд, имсол хӯрдани хӯрокро камтар карданд. Теъдоди онҳое, ки маҷбур шудаанд, сабади истеъмолиашоно хурдтар кунанд, назар ба моҳи августи соли гузашта 5 дарсад бештар шудааст.
Кам шудани қудрати хариди мардумро шавҳари Малика Бобокалонова, ки дар бозор ароба мекашад, бевосита мушоҳида мекунад. Ҳусейн Ҳакимов мегӯяд, имсол мизоҷон ба аробаи ӯ камтар маҳсулот бор мекунанд: "Пеш аз карантин вазъ каме хуб буд. Одамон барои харид зиёд меомаданд. Ҳозир камтар мехаранд ва ҳамон маҳсулоти ками харидаро худашон ба дасташон мебаранд."
Дар як соли охир нархи чандин маҳсулоти ниёзи аввал аз ҷумла орд, равған, гӯшт ба таври назаррас боло рафт. Барои намуна нархи як литр равғани офтобпараст аз 13-14 сомонӣ ба 25 сомонӣ расид. Арзиши як халта орди 50-килоӣ аз 240 сомонӣ ба 300 сомонӣ расидааст.
Бар иловаи маҳсулоти хӯрокворӣ, арзиши сӯзишворӣ ҳам ба таври камсобиқа боло рафтааси. Мақомот аксаран сабаби ин гароншавиҳоро ба омилҳои берунӣ рабт медиҳанд. Вале ин посух сокинонро қонеъ намекунад.
“Дигар наметавонам фарзандамро табобат кунам”
Афзоиши нархҳо на танҳо дастархони оилаҳоро хурд, балки дастрасии онҳоро ба дармон низ маҳдуд кардааст. Аз ҷумла, Малика Хоҷакалонова мегӯяд, инкишофи ақлии як фарзандаш сусттар аст ва бояд пайваста табобат гирад. Вале ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, бо сабаби мушкилии зиндагӣ, имсол натавонист табобати фарзандашро давом диҳад.
Ӯ афзуд: “Фарзандам дар синфи 4 мехонад, лекин дарсҳоро суст қабул мекунад, инкишофаш суст. Духтурҳо гуфтанд, бояд муолиҷа гирад. Соли гузашта хеле табобат кардам, дигар шароит нашуд. Духтурҳо гуфтанд, ки бояд донагӣ бисёр хӯрад, лекин барои ин шароит аз куҷо."
Ин сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, имсол аз мақомот фақат 500 сомонӣ кумак гирифтаанд. Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон 30 дарсади аҳолӣ ҳанӯз дар ҳоли тангдастӣ ба сар мебаранд. Дар давраи пандемияи коронавирус ва аз кор маҳрум шудани садҳо нафар дар Тоҷикистону Русия тахмин зада мешавад, ки мумкин шумори чунин оилаҳо бештар шуда бошад.
Кумаки асосии давлат ба оилаҳои камбизоат ҷуброни як қисми барқи истифодашуда мебошад.
Вале бо вуҷуди тангдастӣ ва сахтии рӯзгор оилаҳое мисли хонаводаи Малика Хоҷакалонова бо ин умед зиндагӣ мекунанд, ки "рӯзе ҳамааш хуб мешавад." “Умедамон ҳамин фарзандҳо ҳастанд. Оянда яке хуб мешавад ва онҳо ягон ҷой мехонанд. Мактаби олӣ ҳам набошад, ба ягон коллеҷ дохил шуда, соҳиби маълумот мешаванд. Ба ҳамин умед мекунем,” – гуфт Малика Хоҷакалонова.