Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талабот ба қарзгирӣ дар Тоҷикистон афзудааст. Коршинос: Мардум бе пасандоз монд. ВИДЕО


Яке аз бонкҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз бонкҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Талабот ба қарзгирӣ дар Тоҷикистон афзудааст, вале сокинон на барои тиҷорати миёнаву бузург ва ё сохтмони корхона, балки бештар барои рӯзгузаронӣ, хариди ашёи хона ва ё билети сафар ба муҳоҷират вом мегиранд.

Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар як соли охир пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ аз сӯи муассисаҳои молии кишвар 80 дарсад бештар шудааст. Баъзе аз иқтисоддонҳо мегӯянд, ин нишонаи бе пасандоз мондани сокинони Тоҷикистон аст.

Шерафган Шералиев, сокини шаҳри Душанбе, мехоҳад, барои харидани телефони мобилӣ аз Бонки "Алиф" қарз бигирад. "Гирифтани қарз мушкил нест. Ҳар моҳ маблағи онро кам-кам бармегардонӣ", - мегӯяд ӯ.

Қарзҳои истеъмолӣ бо таҳияи санадҳои камтар пешкаш мешавад, яъне барои ин аксаран замонате ба мисли хонаву мошин зарур нест. Вале баъзе аз сокинон баҳра ё фоизи қарзҳои бонкиро гарон медонанд. Дар айни замон намояндагони баъзе аз бонкҳо аз саривақт пардохт нашудани қарзу баҳраҳои он нигаронанд.

Дар як санаде, ки бонки олмонии Raiffeisen Вank International чаҳор сол пеш омода карда буд, гуфта мешуд, тақрибан панҷоҳ дарсади муштариён қарзи худро сари вақт пардохта натавонистаанд.

Мардум ҳарчӣ зиёдтар қарз мегиранд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Феълан бештаре аз бонкҳои Тоҷикистон хадамоти пешниҳоди қарзҳои истеъмолиро ба роҳ мондаанд. Ҷаҳонгир Забиров, як масъули бонки "Алиф", мегӯяд, мардум қарзҳоро асосан барои харидани ашёи рӯзгор, фанновариҳо ва техникаҳои маишӣ ба даст меоваранд.

Ба гуфтаи вай, соли гузашта ба сабаби паҳншавии бемории COVID-19 ва бе ҷойи кор мондани бештаре аз сокинон талабот ба чунин қарзҳо зиёд шуда буд.

"Дар муқоиса ба соли гузашта ҳоло вазъияти пандемияи коронавирус оромтар аст. Соли гузашта ҳама чиз поин рафта буд. Сокинон мушкили даромад доштанд. Фурӯшгоҳҳо баста буданд. Овардани молу маҳсулот мушкил буд. Ҳамаи ин ба қобилияти харидориии мардум таъсир гузошта буд",-афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, иқтисоддонҳои тоҷик афзоиши талаботи сокинони Тоҷикистонро ба қарзҳои истеъмолӣ мояи нигаронӣ медонанд. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, ба ин назар аст, ки ин амр бозгӯйи надоштани пасандоз дар дасти аҳолӣ мебошад.

"23 дарсади даромади умумии сокинони Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Ин нисбат ба солҳои қаблӣ хеле кам аст. Табиист, ки даромади сокинон низ кам шуд. Сабабаш маълум аст. Буҳрони иқтисодӣ, таҳримҳо дар муқобили Русия, пандемияи коронавирус ва сабабҳои дигар низ вуҷуд дорад", - шарҳ дод ӯ.

Сатҳи некӯаҳволии ҳар чаҳорумин оила дар Тоҷикистон ба пули фиристодаи муҳоҷирон аз Русия вобаста аст. Бонки Миллии Тоҷикистон эълон карда буд, ки соли гузашта муҳоҷирон 6,3 дарсад камтар пул фиристодаанд.

Бонки Марказии Русия мегӯяд, дар шаш моҳи аввали имсол зодагони Тоҷикистон аз Русия ба ватан беш аз 752 миллион доллар фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG