Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон боло рафта, арзиши доллар андаке поин омадааст.
Наздикони муҳоҷирон аз тағйирот дар бозори арзи хориҷӣ хушҳоланд, вале иддае мегӯянд, бо гарон шудани маҳсулоти ниёзи аввал боло рафтани қурби рубл низ ба зиндагиашон таъсири чандоне надорад. Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунанд ва наздиконашон аксаран рубл мефиристанд.
Болоравии қурби рубл дар баробари асъори миллии сомонӣ аз оғози моҳи октябр шуруъ шуд. Бонкҳои Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр арзиши 1000 рублро қариб 160 сомонӣ муқаррар карданд, ки дар муқоиса ба оғози моҳ 5-6 сомонӣ бештар аст.
Мавзӯи пасту баланд шудани қурби рубл барои бештари оилаҳо дар Тоҷикистон муҳим аст. Наздиконаш аз Русия рубл мефиристанд ва бонкҳои Тоҷикистон ба онҳо бо сомонӣ медиҳанд.
Танзила Чақалова, сокини Душанбе, рӯзи 25-уми октябр барои гирифтани маблағи фиристодаи писараш ба яке аз бонкҳои кишвар рафтааст. Ӯ мегӯяд, "пештар дар ивази ҳазор рубли фиристодаи фарзандон 135-145 сомонӣ медоданд. Ҳозир нағз, ки қурб боло рафта истодааст. Аз он сӯ пул мефиристанд, зиндагӣ каме ҳам бошад, беҳтар мешавад. Қариб 1-2 сол боз қурб боло нарафта буд."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Вале на ҳама аз ин вазъ хушҳоланд. Як сокини пойтахт, ки дар назди бонк бо мо суҳбат мекард, бо асабоният гуфт, вақте нархи чанд маҳсулоти асосӣ баланд шуд, дигар аз ин болоравии қурби рубл фоидае нест: "Гӯшти мурғ 30 сомонӣ буд, 36 сомонӣ шудааст. Орд низ ҳамин хел. Кӣ контрол мекунад? Нарх парвоз мекунад. Чӣ хел зиндагӣ кунем?"
Мухтор Алимов, сокини дигари пойтахт мегӯяд, ҳар моҳ набераҳояш аз Русия то даҳ ҳазор рубл мефиристанд. Назар ба як моҳ пеш, маблағи мегирифтаи Алимов 60 сомонӣ зиёдтар шудааст. Вале худи ӯ, инро ба нархи бозор муқоиса карда, онро ночиз мехонад. "Ордро бинед нархаш чӣ қадар баланд шудааст. Дар ин хел аҳвол, баланд шудани қурб аз куҷо фоида мекунад?"
Масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон ҳанӯз нагуфтаанд, ки сабаби боло рафтани нархи рубл дар чист. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, раванди боло рафтани қурби рубли русӣ ба гарон шудани нафт дар бозори ҷаҳонӣ пайванд дорад ва зиёд тӯл намекашад.
Бахши аъзами даромади Русия аз фурӯши нафт аст ва солҳои гузашта низ бо пойину боло рафтани арзиши нафт, қурби рубл тағйир меёфт.
Фозилҷон Фатҳуллоев, шореҳи масоили иқтисодии расонаҳои "Азия-Плюс" пешбинӣ мекунад, ки эҳтимол дар рӯзҳои оянда рубл дар Тоҷикистон камчин шавад. Чун ба гуфтаи Фатҳуллоев, аз 30 октябр то 7 ноябр дар Русия "лок-даун" ё рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шудааст ва ин чиз ба пулфиристии муҳоҷирон таъсири манфӣ мерасонад.
"Иқтисоди Тоҷикистон, бахусус бозори асъор аз иқтисоди Русия ва кори муҳоҷирон вобастагии калон дорад. Аммо ҳамин гуна пасту баланд шудани асъори русӣ дар соли 2014 ҳам ба назар расидагӣ буд. Он вақт ҳам рубл давоми 2-3 моҳ мавқеи худро устувор кард ва боз бо нархи қаблии худ баргашта буд. Барои ҳамин раванди феълии болоравии қурби рубл муваққатӣ аст ва эҳтимол то моҳи декабр рубл давом мекунад. Баъд аз он эҳтимол рубл боз мавқеи пештараи худро ишғол кунад,"-афзуд ин таҳлилгар.
Русия манбаи даромади садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аст ва садҳо миллион долларе, ки муҳоҷирони тоҷик мефиристанд, манбаи зиндагии оилаҳои онҳо дар кишвар аст.
Дар ҳамин ҳол, қурби расмии доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои охир коҳиш ёфтааст. Ҳоло бонкҳои Тоҷикистон 100 долларро ба 1126 сомону 45 дирам иваз мекунанд. Дар оғози моҳ 100 доллар ба 1131 сомонӣ баробар буд.